Соҳиби ин дастони мӯъҷизаофарро беш аз бист сол боз мешиносам.
Маҳсулоти сафолине, ки бо дастони Тоҳирҷон Ҳайдаров ҷилои нав касб кардаанд, миниатюраҳое, ки вай барои асарҳои гуногун офаридааст, баёнгари он мебошанд, ки вай ба ин шуғл аз таҳти дил муносибат мекунад ва онро дӯст медорад.
– Ман аз шогирдони мактаби кулолгарии Риштон ҳастам. Барои тайёр кардани ҳар як маҳсулот кӯшиш мекунам, ки аз тасвирҳои наву тоза истифода кунам. Баъзан усулҳои ғайрианъанавиеро ба кор мебарам, ки дар мактаби кулолгарии Риштон мислашро надидаанд, – мегӯяд Тоҳирҷон Ҳайдаров.
Дарвоқеъ, нақшу тасвирҳое, ки ин ҳунарманд тавассути мӯйқалам ба маҳсулоти сафолин интиқол медиҳад, сазовори таҳсин аст. Ҳар як намунаи маҳсулоти ӯ ва тасвирҳои дар он аксгардида хусусиятҳои хоси худро доранд. Вай дар баробари кулолгари номӣ байни мардум ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ҳамчун рассоми нозуктабъ ва боистеъдод низ хеле маъруфият пайдо кардааст.
– Боре ба сарам чунин фикр омад, ки барои асарҳои ҷовидонаи Мир Алишери Навоӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобур миниатюраҳо кашам. Ин кори содда нест ва бояд офаридаҳоям фазои ҳамон давру замонро дар худ инъикос намоянд. Нақшҳои он хеле нафис бояд кашида шаванд, барои ҳамин оҳиста ба ин кор шурӯъ намудам, – ёдовар мешавад ин ҳунарманди риштонӣ. — Борҳо ва гаштаву баргашта мусаввараҳои рангаеро, ки мазмуну мундариҷа ва муҳтавои осори адибон, китобҳои таърихӣ ва ҳодисаҳоро равшану возеҳ намоён менамуд, бодиққат аз назар гузаронидам, нозукиҳои онро омӯхтам. Сонӣ ҷуръат кардаму ба ин кор даст задам ва, фикр мекунам, ки то андозае муваффақ шудам.
Бар асоси суханони Тоҳирҷон маҳсули кори ӯро мутахассисони зиёди дохиливу хориҷӣ баҳои баланд додаанд. Аз ин вай бештар рӯҳбаланд гардидаву дар офариниши тарзу усулҳои наву тоза илҳоми тоза гирифтааст.
– Соли 2010 дар ҷараёни ҷамъомади навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, намоишгоҳи маҳсулоти худро ташкил намудам. Аз намунаҳои маҳсулот ба ҳайатҳо тӯҳфа намудам ва боиси арзи сипоси онҳо гардидам. Ин намоишгоҳ барои ман хеле муваффақияти калон овард ва шӯҳратамро афзуд, – мегӯяд хушҳолона Тоҳирҷон.
Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастовардҳояш ӯро бо ордени «Дӯстлик» мушарраф гардонид. Пӯшида нест, ки ҷоизаву мукофотҳо ба шахс танҳо рӯҳу тавон ато мекунанд, дили касро ба кору вазифа ё ҳунарашон гармтар месозанд. Бар ин асос вай тасмим гирифт, ки бештар талош кунад, то ки қуллаҳои баландтари ҳунари кулолгарӣ ва санъати рассомиву миниатюриро фатҳ намояд.
– Ин нишони давлатӣ дар замири ман таконеро ба вуҷуд овард. Қарор кардам, ки домани фаъолиятамро боз ҳам тавсеъа бахшам ва барои худ ва шогирдонам бинои устохонаи ҳунармандӣ ва барои намоишгоҳи маҳсулоти тайёркардаамон як осорхонаи хос бунёд кунам. Дар ин маврид ҳокимияти ноҳия ба ман дасти кӯмак дароз намуд. Дар шафати роҳи калони Фарғона – Қӯқанд, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони шаҳраки Бешкапа, соҳиби даҳ сотих замин шудам ва нақшаамро амалӣ сохтам, – изҳор намуд Тоҳирҷон Ҳайдаров.
Тавре ки ҳамсуҳбати мо боз ишора кард, ин нахустин осорхонаи хусусӣ дар ҷумҳурии мо мебошад, ки маросими ифтитоҳи он 26 августи соли 2017 баргузор гардидааст. Дар ин ҷо китобхона– маркази тарғиби илму маърифат низ ташкил карда шудааст. Гуфта мешавад, адибон зимни боздид аз он шумораи китобҳои онро бо тақдими китобҳои нави худ афзун мегардонанд. Дар ин муассисаи ҳунармандӣ Тоҳирҷон Ҳайдаров ба тарбияи чиҳил нафар шогирдон низ машғул аст. Онҳо аз устоди худ нозукиҳои кулолгарӣ ва рассомиро меомӯзанд. Ин намунаи беҳтарини мактаби «Устод-шогирд» дар вилояти Фарғона мебошад. Тоҳирҷон Ҳайдаров мегӯяд, ҷавонон бояд ҳунарҳои барои халқу ватан зарурӣ ва нафъоварро ёд гиранд, касбу малакаашонро такмил диҳанд, обрӯ ва нуфузи мамлакатамонро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намоянд.
– Маҳсулоти кулолгарии Риштон, миниатюраҳои онҳо дараҷаи баланди санъати миллии мо ҳастанд, ки мислашро дар ҷойҳои дигар пайдо кардан мушкил аст. Дар кишварҳои зиёди Аврупову Амрико ба маърази тамошо гузошта шудани зарфҳои сафолини ҳунармандони риштонӣ баёнгари он мебошад, ки баъди касби истиқлоли Ӯзбекистон дари тамоми имкониятҳо ба рӯи соҳибкорони мо васеъ боз гардид. Дар намоишгоҳҳои Корея, Ветнам ва Чин шасту панҷ намуди маҳсулоти офаридаи мо ба намоиш гузошта шудаанд. Навад дарсади маҳсулотамон ба хориҷи кишвар содир мегардад, – бо қаноатмандӣ иброз дошт Тоҳирҷон Ҳайдаров.
Узви вобастаи Академияи бадеии Ӯзбекистон Тоҳирҷон Ҳайдаров аз ҳавзаи интихоботии рақами 43-юми Бӯстон депутати Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Фарғона интихоб шудааст. Дар баробари ҳунармандиву рассомӣ, ҳамчунин дар корҳои ҷамъиятӣ низ хеле фаъолнокӣ нишон медиҳад.
– Шумо омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 34-уми шаҳри Тошкандро бо ихтисоси мошинисти тепловоз хатм кардаед. Оё мувофиқи ин касб дар ягон ҷо кор кардаед? – мепурсам аз Тоҳирҷон.
– Се сол дар депои шаҳри Тошканд машғули ин кор шудам. Аммо дилам ҳамеша ба ҳунари кулоливу рассомӣ кашол буд. Сонӣ ба Риштон баргаштам ва ҳафт сол дар китобхонаи марказии ноҳия ба сифати рассом кор кардам. Аввалин сурату ҳаҷвҳоям дар рӯзномаи «Риштон ҳақиқати» ва баъд дар нашрияҳои марказӣ интишор ёфтанд. Баъд аз он ба санъати кулолгарӣ рӯй овардам, – мегӯяд Тоҳирҷон Ҳайдаров.
Вай тавзеҳ дод, ки писаронаш Элбек ва Темурбек низ пайрави ӯянд. Соли 2016 дар фестивали «Насли маънавияташ баланд», ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Элбек сазовори ҷои аввал гирдид. Темурбек дар шаҳри Навоӣ бо ширкат дар озмуни «Талабагони соҳибкор» яке аз ҷойҳои ифтихориро ишғол кард.
Тоҳирҷон Ҳайдаров мегӯяд, ки ба асарҳои Низомии Ганҷавӣ, Муҳаммад Иқбол, Ҳёте, Чехов, Горкий ва адибони маъруфи дигар миниатюраҳо офаридааст. Ӯ ният дорад, ки дар маҳсулоти сафолин шаҷараҳои хонигариҳои Қӯқанд, Хева ва Бухороро акс намуда, дар як гӯшаи осорхона ҷой диҳад. Дар айни ҳол саҳни осорхонаи ӯро бозёфтҳои зиёд низ оро медиҳанд, ки давраҳои гуногуни таърихиро бозтоб менамоянд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.