ДАСТОВАРДҲО ВА ИСТИҚБОЛИ САНОАТИ БОФАНДАГӢ

Саноати бофандагӣ дар мамлакатамон барои ба кор таъмин намудани аҳолии эҳтиёҷманд яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор меравад.

Саноати бофандагӣ дар мамлакатамон барои ба кор таъмин намудани аҳолии эҳтиёҷманд яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор меравад. Танҳо дар чаҳор соли охир ҳашт ҳазор корхонаи нав барои ба кор таъмин намудани бештар аз 500 ҳазор нафар занону духтарон, хусусан қишри ҷавони кишвар мусоидат намудааст. Дар ин бора ҷонишини аввали раиси иттиҳодияи “Ӯзтӯқимачиликсаноат” Даврон Ваҳҳобов ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ мувофиқи стратегияи рушди ҳукумат оиди саноати бофандагӣ дар ноҳияҳои зиёд корхонаҳои бофандагӣ арзи вуҷуд намуданд. Бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 3,2 миллиард доллари амрикоӣ ба ивази 3,05 миллиард доллар маҳсулот содир гардид.
– Мамлакати мо дар давоми солҳои тӯлонӣ ба сифати маркази захираи пахта муаррифӣ мешуд. Дар айни ҳол 100 фоиз ба азнавкоркарди бештар аз 3 миллион тонна пахтаи истеҳсолкарда ноил шудем. Гузашта аз ин, барои азнавкоркарди пахта ба воридкунии нахи он аз кишварҳои ҳамҷавор шурӯъ намудем, – гуфт Даврон Ваҳобов.
Таъкид гардид, ки корхонаҳои бофандагӣ бо содир намудани сармоя ба саноати бофандагии мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон ва Қазоқистон, корхонаҳои худро таъсис доданд, ки аллакай фаъолият мекунанд. Даврон Ваҳҳобов зикр намуд, ки ба ин гуфтаҳои  ӯ ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди “Нил гранит”, “Астера текстил”  мисоли равшан шуда метавонанд.  
– Дар айни ҳол нерӯи асосиро ба он сафарбар кардаем, ки маҳсулоти гуногуни тайёр истеҳсол кунем ва ба мизоҷон содир намоем. Зимнан барои тавсеаи истеҳсоли калобаи омехта, матоъи гуногун, хусусан истеҳсоли матоъи ҷинс талош ба харҷ медиҳем, – изҳор кард ӯ.
Дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз тарафи Комиссияи Аврупо барои рағбатноккунии содирот сохтори GSP+ ҷорӣ шудааст. Дар ин замина Иттиҳодияи “Ӯзтӯқимачиликсаноат” барои ба стандартҳои аврупоӣ мутобиқ сохтани тавлиди маҳсулоти худ иҷрои як қатор корҳоро барномарезӣ мекард. Аз ҳамин ҳисоб “Ӯзтуқимачиликсаноат” аллакай дар ҳаҷми 100 миллион доллар маҳсулоташро ба Аврупо содир кардааст.
– Пайдо кардани мавқеъ дар бозори Аврупо аз мо тақозо менамояд, ки барои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани маҳсулотамон семинарҳо ва тренингҳои омӯзишӣ гузаронем. Ин боис гардид, ки Ӯзбекистон ба қатори давлатҳои истеҳсолкунандаи пахтаи органикӣ ё эко шомил шавад. Ҳоло дар 55 корхона нӯҳ намуди стандартҳои байналмилалиро ҷорӣ кардаем, – гуфт Ваҳҳобов.
“Ӯзтӯқимачиликсаноат” дар ҳамкорӣ бо Вазорати инвеститсия ва савдои хориҷӣ як ҳайати тиҷоратии иборат аз 45 нафарӣ таъсис додааст. Ин ҳайат  барои афзоиши маҳсулоти содиротӣ ва шиносоӣ бо салоҳияти саноати Аврупо ба он ҷо ташриф овардааст.
– Ин ташриф ба имзои якчанд шартнома сабаб гардид, – мегӯяд Даврон Ваҳҳобов.
Тавре ки ҷонишини якуми раиси иттиҳодияи “Ӯзтӯқимачиликсаноат” боз тавзеҳ дод, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки таваҷҷуҳи бештари онҳоро ҷалб намудааст, истиқболи саноати бофандагии мамлакат мебошад.  
– Чаро маҳз ин бозорҳоро мо бояд ишғол кунем? Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 мо ба ИМА баробари 2 миллиону 250 ҳазор доллар маҳсулот содир намудем. Ин дар ҳоле мебошад, ки ИМА бозори дорои имкониятҳои аз ин ҳам васеътар мебошад. Зеро аҳолиаш аз 332 миллион мегузарад ва эҳтиёҷ ба истеъмоли маҳсулоти саноати бофандагӣ хеле зиёд аст, – гуфт Ваҳҳобов.
Ба таъкиди ӯ дар соли сипаришаванда ба Иттиҳоди Аврупо ба ивази 135 миллиону 752 ҳазор  доллар маҳсулот содир гардидааст. Аҳолии он бештар аз 446 миллионро ташкил мекунад ва дар ин ҷо низ ба истеъмоли маҳсулоти бофандагӣ эҳтиёҷи хеле калон эҳсос мегардад.
– 23 дарсади истеъсоли ҳаҷми маҳсулоти бофандагии дунё ба Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Испания, Нидерландия рост меояд ва ин маҳсулот бештар матоъи трикотажӣ мебошад, – тазаккур дод Даврон Ваҳҳобов.
Ба гуфтаи ӯ ба давлатҳои африқоӣ дар соли 2021 ҳамагӣ дар ивази 32 миллиону 500 ҳазор доллар маҳсулот содир шудааст. Барои ҳамин ҳамаи ин бозорҳо ба моли Ӯзбекистон ниёз доранд ва ишғоли ин бозорҳо аз масъалаҳои умдае мебошад, ки ҳаллу фасли он ногузир маҳсуб меёбад.
Ҷонишини раис инчунин дар робита ба он ҳарф зад, ки барои тайёр кардани кадрҳои соҳаи мазкур Донишкадаи саноати бофандагӣ ва сабуки Тошканд бо Донишгоҳи давлатии Русия ба номи А.Н.Косигин ҳамкориҳои худро доман густардааст. Ҳоло дар асоси имзои протокол ва “Харитаи роҳ” ифтитоҳи филиали ин донишгоҳ дар Ӯзбекистон барномарезӣ шудааст.
Маълум шуд, ки то ин замон дар Ӯзбекистон Академияи мӯдҳои “Мӯди Париж ва дизайн”-и Фаронса, Донишкадаи политехникии Иваново, Донишгоҳи давлатии Костромаи Русия факултаҳои худро кушодаанд ва ҷавонон дар ин факултаҳо таҳсил мекунанд. Ба манзури рафъи ниёз ба кадрҳои равияҳои иқтисодиёт-мерчендайзинг, массмедиа, маркетинг, инноватика (соҳаи бофандагӣ) ва нанотехнология (аз рӯи соҳаҳои гуногун) ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Русия ба номи А. Н. Косигин шарти ногузир арзёбӣ гардид.
– Мо дар айни ҳол бо донишгоҳҳои Хитой, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия, Олмон ҳамкориҳоро ба роҳ мондаем. Ба наздикӣ факултаҳои ин донишгоҳҳоро дар кишвар ифтитоҳ хоҳем кард. Барои ин заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд, – мегӯяд Ваҳҳобов.
Ногуфта намонад, ки аз рӯи ҷамъбасти соли 2021 аз тарафи корхонаҳои бофандагӣ 1 миллиону 5 ҳазор тонна нахи пахта мавриди коркард қарор гирифтааст ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 31,9 триллион сӯмро фаро гирифтааст. Дар доираи барномаи маҳалликунӣ 36 лоиҳа татбиқ гардидааст ва ба арзиши 566,8 миллиард сӯмина маҳсулот тайёру ёрирасон  истеҳсол шудааст. 
Дар доираи барномаи  сармоягузорӣ аз рӯи 21 лоиҳа 232,9 миллион доллар инвеститсия, аз ҷумла 150,6 миллион доллар инвеститсияи мустақими хориҷӣ аз худ карда шуда, нақша 100 фоиз ба иҷро расидааст. Дар содироти маҳсулот Русия 32 фоиз – 950 миллион доллар, Хитой 22 фоиз – 630 миллион доллар, Қирғизистон 13 фоиз – 385 миллион доллар, Туркия 16 фоиз – 460 миллион доллар аз ҳамкорони асосӣ шумурда шудаанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: