ДАСТОВАРДҲОИ ФАБРИКА

Як автобуси сафеди «Исузу»-и пур аз занону духтарон аз паҳлуямон гузашту дар канори роҳ қарор гирифт.

 Аз автобус 8-10 нафар шоду хандон фуромаданд. Онҳо пиёда шуда ба ду сӯйи чорраҳа рафтанӣ буданд, ки пурсидем:
– Бисёр шодед, аз тӯй ё консерт омадед?
– Не, мо аз кор омадем, – ҷавоб дод якеи онҳо.
– Дар ин бевақтӣ аз кадом кор?
– Аз «Чуст текстил», – зуд ҷавоб гардонд дуюмӣ.
Ин фабрика нав буд, аксарият ҳанӯз онро намедонистанд. Шод гардидем аз он, ки 50-60 нафар бонувони варзикӣ дорои касбу ҳунар шудаанд. Хостем дар бораи «Chust textile» маводе омода намоем.
Аз байн чанд вақт гузашту ба фабрика рафтем. Бино ба нақли ходимон, корхона 15 сол пеш аз Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Барион»-и шаҳри Чуст коргоҳи иҷоравӣ гирифта, бо 50 нафар коргар чун сехи истеҳсоли маснуоти трикотаж ба кор сар кардааст. Баъди 3 сол он боз васеътар шуда, ба як корхонаи бузург табдил ёфт. 5 сол қабл, дар он ғайр аз истеҳсол, ҳамчунин рангдиҳии маснуот ба роҳ монда ва 500 ҷойи корӣ бунёд карда шуд. Ҳудуди васеи «Барион» ба ихтиёри корхона пурра гузашт.
Имрӯзҳо «Chust textile» дар Чуст ва берун аз он маълуму машҳур мебошад. Беш аз 1300 нафар бонувон аз ноҳияи ҳамсояи Поп, аз ҷумла шумораи зиёди қабл дар «Дафтари оҳанин» будагон меҳнат мекунанд. Хӯроки гарм ба онҳо бепул дода мешавад.
– Барои равуои коргарзанон 11 автобус хидмат мекунад, – бо хушнудӣ илова намуд таъсискунандаю роҳбари корхона Дилшод Исматуллоев.
Мутахассисони кордону пешбари турк ба ҷавонон роҳу усулҳои бофтану рангкунии маснуотро омӯзонда истодаанд. Бо кӯмаку ҳамкории онҳо 30 хел маҳсулот истеҳсол мегардад. Ба зиёда аз 10 давлат, аз ҷумла ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Украина, Белорусия, Чехияю Фаронса маҳсули меҳнати ҷамоа содир мегардад. Имсол ҳаҷми содирот ба 20 миллион доллар расонда мешавад.
Дар паҳлӯи даромадгоҳи қисми дар шаҳрбудаи корхона сурат-лавҳаи паҳнои аҳли ҷамоа ҷойгир буданд. Дар мобайн Президенти аз сифати маснуоти трикотажӣ мамнун, аксҳои ҷараёни кори сехҳо, тантанаю чорабиниҳои бошукӯҳ, ҳатто тӯйҳои арӯсии кормандони ҷавон ва монанди инҳо ба назар мерасанд. Аз ин мебарояд, ки «Chust textile» дар сари дастоварду муваффақиятҳои нав аст ва ояндаи дурахшон дорад.

Ш.МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: