Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон чорабинӣ бахшида ба муносабати 30-солагии Рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон чорабинӣ бахшида ба муносабати 30-солагии Рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон баргузор шуд.
Иштирокдорони чорабинӣ намояндагон аз Институти байналхалқии Осиёи Марказӣ, таърихшиносон ва зиёиён буданд.
Дар чорабинӣ оиди дар солҳои истиқлолият рӯ ба тараққиёт овардани ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаҳои таълим, илму фан, маданият ва ҳифзи саломатӣ сухан рафт.
Аз рӯзҳои аввали истиқлолият ҳукумати кишвар ба рушди соҳаҳои пешқадами иқтисодиёти миллӣ эътибори ҷиддӣ дод. Дар натиҷа соҳаи саноат, нақлиёт, нафту газ ба дараҷаи назаррас рушд ёфт.
Назар ба маълумотҳо ҳоло Ӯзбекистон дар байни мамлакатҳои дунё аз рӯйи истеҳсоли автомобил ҷойи 30-юмро, дар байни ИДМ бошад, ҷойи дуюмро ишғол намудааст. Истеҳсоли солонаи автомобил зиёда аз 270 ҳазор мебошад.
Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар баромади худ таъкид кард, ки истиқлолият барои ҳар як халқ арзиши бебаҳо дорад. Истиқлолият нафақат тақсимнопазирии ҳудудии мамлакатро таъмин менамояд, балки туфайли истиқлолият асосҳои рушди мамлакат ба вуҷуд оварда мешавад. Ӯзбекистон соли 1991 истиқлолиятро ба даст овард ва дар муддати кӯтоҳ соҳиби муваффақиятҳои зиёд гашт.
Дар давоми солҳои 1991-2021 ҳаҷми содироти мамлакат ба миқдори 15,8 миллиард доллар, гардиши савдои хориҷии мамлакат ба миқдори 35,8 млрд. доллар афзуд.
Сафир дар баромадаш оиди дар давоми 30 соли гузашта рушд ёфтани соҳаи кишоварзӣ низ гуфт. Дар мамлакат баробари пахтакорӣ ғаллакорӣ, боғдорӣ низ рӯ ба тараққӣ овард. Дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи аграрӣ ҷумҳурӣ аз рӯйи содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ба даст овард.
Ҳоло дар сартосари мамлакат 117 донишгоҳу донишкада фаъолият мебарад. Дар солҳои охир зиёда аз 20 филиали муассисаҳои таълими олии Русия, ИМА, Британия, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Италия, Сингапур, Белорус ва Латвия кушода шуданд. Дар мамлакат ба рушди соҳаи ҳифзи саломатӣ низ эътибори алоҳида нигаронида мешавад: баробари сохта ба истифода супурда шудани касалхона, поликлиникаҳои хусусӣ саноати дорусозӣ низ рушд ёфт.
Ӯзбекистон бо якчанд мамлакати дунё муносибатҳои дӯстонаро дар соҳаҳои маданӣ, савдову иқтисодӣ ба роҳ монд. Яке аз чунин давлатҳо Тоҷикистон мебошад. 9-10 марти соли 2018 Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф овард. Дар давоми музокирот 27 ҳуҷҷати муҳим имзо гардид. Барои рафтуои шаҳрвандони ҳар ду мамлакат 17 нуқтаи сарҳадӣ, ки солҳои зиёд баста буданд, кушода шуд. Дар байни Тошканд ва Душанбе парвоз азнав барқарор шуд.
Баъди ташрифи имсолаи Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 35-то ҳуҷҷати дутарафа имзо шуд ва ба нақша дароварда шуд, ки гардиши мол дар байни ин ду мамлакат ба миқдори 1 миллиард доллар бароварда шавад.
Дар ниҳояи чорабинӣ таъкид гардид, ки дар соли 2021 гардиши молии Ӯзбекистон бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба 6 миллиард доллар хоҳад расид.
Н. НОДИРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».