ДАСТОВАРДҲОИ МОҲИРА САЗОВОРИ ТАҲСИН АСТ

Истеъдод, саъю кӯшиш, шавқу ҳаваси Моҳира нисбат ба расмкашӣ касро ба ҳайрат мегузорад.

 Ӯ омезиш, сирру асрор ва нозукиҳои рангро хуб дарк карда метавонад. Вақте ки аз кашидаҳои ӯ – кӯҳҳои баланду пурвиқор, кабудизорҳои ҳамвору васеъ ва аспҳои бодпо дидан мекунед, бовариатон намеояд, ки ин ба қалами ҳамин духтараки мактабхон мансуб аст.

Моҳира Маматкаримова дар озмун-азназаргузарониҳои ноҳиявиву шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъол иштирок мекунад. Аз ҷумла, соли 2017 дар озмуни «Камалак юлдузлари» иштирок карда, ҷойи аввалро ишғол намуд.
Дар озмуни рассомони ҷавони ҷаҳон, ки дар Испания баргузор шуд, бо ду асараш иштирок кард ва бо дипломи ифтихории дараҷаи якум сазовор дониста шуд.
Суратҳои зебои Моҳира аз муносиби номи худ будани ӯ далолат медиҳад. Ба қарибӣ рассоми ҷавон  ба муваффақияти навбатӣ ноил гашт. Моҳира роҳхатро ба фестивали VI-и байналхалқии «Политра мира», ки дар Санкт-Петербург баргузор шуд, ба даст овард. Моҳира дар он иштирок карда, ҷойи сеюмро аз байни мусаввирони ҷавон, ки аз 100 мамлакати дунё ширкат варзиданд, ишғол кард. Дар фестивал суратҳои хушманзараи ӯ диққати рассомони русиягиро ба худ ҷалб кард. Аз ҷумла, рассоми хидматнишондода, академики Академияи бадеӣ, узви ҳақиқии Академияи фанҳои табиии Русия Никас Сафронов дар бораи ин духтараки боистеъдод чунин гуфт:
– Шумораи иштирокдорон ба фестивали байналхалқии «Салют талантов» аз Ӯзбекистон сол то сол зиёд мегардад. Намунаҳои эҷодии яке аз онҳо Моҳира Маматкаримова ба мо хеле писанд омад. Агар Моҳира саъю кӯшишро аз даст надиҳад, муваффақияти зиёдро ба даст меорад. Ба ӯ лозим меояд, ки ба маслиҳати устодон амал карда, меҳнат кунад. Умед аст, ки ояндаи дурахшон ӯро интизор аст.
Моҳира Маматкаримова бо намунаҳои эҷодии худ дар намоишгоҳҳои Олмон, Испания, Фаронса, Русия, Белорусия иштирок кардааст.
Ҳоло вай дар синфи 11-уми мактаби таълими умумии рақами 22-юми ноҳияи Қибрай таҳсил мегирад, дар баробари ин дар мактаби санъат ва мусиқии шаҳри Чирчиқ  аз устоди моҳир Сардор Қӯрғонов асрори рассомиро меомӯзад. 
Вақте ки падараш вафот кард, Моҳира 6 сола буд. Модараш барои бахту камоли фарзандон шабу рӯз меҳнат кард. 
– Ба дастовардҳои ман ҳиссаи модарам зиёд аст. Саъю кӯшиш ва роҳнамоии модарам намебуд, ман ба ягон муваффақият ноил намегаштам, – мегӯяд Моҳира.
– Ду духтар ва ду писарамро ҳам падар ва ҳам модар шуда, ба воя расондам. Меҳнати ман бесамар нарафт. Ман бо фарзандонам ифтихор мекунам, – мегӯяд модари рассомдухтар Наргиза Маматкаримова. – Дигар фарзандонам ба мусиқӣ шавқи зиёд доранд, онҳо дар мактаби санъат ва мусиқии Қибрай аз устодон навохтани дутор, бас, рубобро меомӯзанд. Ҳамаи фарзандонам бо варзиш ҳамнафасанд. Боварӣ дорам, рӯзе меҳнати онҳо маҳсули худро медиҳад. 

Н. ЗОЙИРОВ.
Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: