Истиқлол чӣ неъмати бузургест.
Истиқлол чӣ неъмати бузургест. Инак, 30 сол мешавад, ки Ӯзбекистон мустақилона пеш меравад, дар арсаи байналхалқӣ мақоми хешро соҳиб аст. Алалхусус, он дари ҳама имконотро барои ҷавонон боз намуд. Ҷавонони соҳибистеъдоди мо ҳоло на танҳо дар кишвар, балки берун аз он ҳам иқтидори хешро намоён сохта, фахри халқу диёри хеш мегарданд. Фаррух Фаттоев ва Зебо Фаттоева низ аз зумраи чунин шахсиятҳо мебошанд, ки аз ҷавонӣ ба дастовардҳои илмӣ ноил гардидаанд.
Фаррух Фаттоев дар деҳаи Янгиҳаёти ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё дар оилаи зиёӣ чашм ба дунё кушодааст. Муҳити оилавӣ ба ӯ ва дигар аҳли хонадон мусоидат намуд, ки ҳама роҳи илму маърифатро пеша намоянд. Падари донишманд, омӯзгори мактаби ҳамагонии рақами 9-уми ноҳия Абдуҷаббор Фаттоев ба фарзандони худу аҳли деҳ илму маърифати казоӣ дода тавонист. Шогирдону фарзандон пайи ҳам дар озмунҳои ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз он ҷойҳои фахриро сазовор мегардиданд. Аз ин рӯ, ӯро дар сартосари ҷумҳурӣ хуб мешиносанд.
Фарзандони А. Фаттоев – Бахтиёр Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, омӯзгори фанни физика ва информатика дар мактаби рақами 9-уми ноҳия мебошад. Баҳодур ва Суҳроб хатмкардаи Донишкадаи техникии Тоҷикистон буда, яке устоди Донишкадаи меъмории Тошканд ва дуюмӣ сармуҳандиси “Гидроспетстрой”-и Тӯпаланг мебошад. Писари панҷум Шаҳбоз магистратураи Донишгоҳҳои Малайзия ва Турини Италияро хатм намуда, ҳоло сардори шуъбаи байналхалқии “Халқбанк”-и ҷумҳурӣ, Парвиз Фаттоев бошад, Донишгоҳи Технология ва ахбори Тошкандро фаро гирифт, ҳоло журналист ва муҳаррири шабакаи телевизионӣ. Духтарон – Шаҳноз муаллима ва Парвина хатмкардаи магистратураи Донишгоҳи забонҳои ҷаҳон буда, ҳоло аз забони англисӣ дар ин даргоҳ ба шогирдон сабақ медиҳад. Ҳама фарзандон мактаби миёнаро бо медали тилло хатм кардаанд.
Писари чаҳорум, яъне қаҳрамони мо Фаррух Фаттоев таҳсили ҳамагониро солҳои 1988-1998 дар мактаби рақами 9-уми ба номи Ҷалолиддини Балхии Румӣ гирифтааст. Аз хурдӣ ақлу заковати баланди ӯ намоён гардид. Ӯ ғолиби секаратаи озмуни вилоятӣ аз фанни физика мебошад.
Соли 1998 ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд. Ӯ дар чор соли таҳсил сардори гурӯҳи донишҷӯёни пуриқтидор, ки танҳо аз 7 нафар иборат буданд, фаъолият намуда, дорандаи стипендияи ба номи академик Акбар Атохоҷаев ва барандаи ҷоизаи стипендияи ба номи Абурайҳон Берунӣ (2001-2002) буд.
Соли 2002 ДДС-ро бо дипломи сурх хатм намуда, бидуни имтиҳон ба магистратураи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон қабул шудааст. Пажӯҳишоти илмиашро дар Озмоишгоҳи физикаи ядроӣ анҷом додааст.
ДМӮ-ро бо дипломи сурх хатм намуда, ба ҳайси ходими хурди илмӣ дар Озмоишгоҳи физикаи ядроӣ фаъолият мекунад. Дар ин муддат ба шаҳри Пунаи Ҳиндустон сафари илмӣ анҷом медиҳад ва бо донишмандони Ҳиндустон мубодилаи афкор менамояд.
Соли 2005 дар қатори чор нафар донишҷӯи кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби Маркази байналмилалии физикаи назарии ба номи Абдусалом, ки воқеъ дар шаҳри Триести Итолиёст, бо стипендияи дусола мукофотонида мешавад.
Соли 2007 барандаи стипендияи докторӣ аз Донишгоҳи иёлати Флорида мегардад ва ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар мекунад. Таи чаҳор сол дар Донишгоҳи Флорида пажӯҳишоти илмӣ мекунад ва панҷ мақолаи илмӣ менависад.
Пас аз анҷоми шартнома Фаттоевро ба Донишгоҳи Индиана ба кор даъват мекунанд. Ӯ ҳамчун мутахассиси физикаи ядроӣ дар бештар аз 30 анҷумани илмӣ баромад мекунад.
Ба қарибӣ олим боз ба як дастоварди дигари илмӣ ноил гардид. Ӯ моҳи майи соли ҷорӣ дар маҷаллаи илмии байналхалқии Modern Physics Letters A (MPLA) – “Modern Physics Letters” World Scientific чун аввалинҳо эътироф гардида, дар қатори “Доварони соҳибэҳтиром” ворид гардид. Дар ин маҷалла мақолаҳои зиёд дар мавзӯъҳои гравитатсия, космология, физикаи ядроӣ, инчунин оиди зарраҳо ва майдонҳо мақола ва тадқиқотҳои ӯ эълон гардидааст.
Ҳамсари Фаррух Зебо низ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии ДДС, ДДТ ва Донишгоҳи Индиана буда, фаъолияти кории худро ҳамчун ёрдамчии прокурори ноҳияи Квинси Ню-Йорк давом медиҳад.
Олим ПАНҶИЗОДА,
вилояти СУРХОНДАРЁ.