ДАСТОВАРДҲОИ ЖУРНАЛИСТИ САЙЁР

Журналистика шахсони тасодуфиро дар соҳаи кор намепазирад.

Журналистика   шахсони тасодуфиро дар соҳаи кор намепазирад. Журналистика таҷассуми  амалии маслаку мақсад, эҳсосоти амиқи  эҷод ва садоқат ба касб  аст. Дар мактаби журналистикаи тоҷики Ӯзбекистон қаламбадастоне кор мекунанд, ки собиқаи касбиашон  қариб ба ним аср  расида, таҷрибаашон арзишманду қобили омӯзишу тадқиқ аст. Мирасрор Аҳроров айнан аз зумраи он хабарнигорон  ба шумор меравад, ки дар ҳар  макону дар ҳама замон  бори гарони журналистиро сарбаланадана   бар дӯш бардошта меояд. 
Замони интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ кори баъзе ҳамкасбони моро осон кард. Онҳо ғуломи манбаъҳои тайёри интернет шуда, ба қавле, танбал гаштанд, аз хонаи корӣ   набаромада, ҳар чӣ мехонанд, ҳамонро менависанд, ки боиси таассуф аст. Аз ин лиҳоз, навиштаҳои онҳо рӯҳ, таҳлили серҷанбаи ҳаётӣ надоранд. Аммо, Мирасрор  ин усули “замонавӣ”-ро ҳаргиз қабули истифода накардааст. Ӯ сайёр аст, вай ҳамеша дар роҳ аст... Агар субҳидам дар Фарғона бошад, рӯзи дигар ӯро дар Қароқалпоқистон ё Бухоро дармеёбед.
Гоҳҳо берун аз марзи Ӯзбекистон – Тоҷикистон, Эрон, дигар кишварҳо паёмҳо мерасонад. 
Хулоса, вай фақат раҳовардашро менависад,  суҳбатҳои “зинда” ба мардуми оддӣ,  соҳибони касбу кори гуногун, гузоришот аз чорабиниҳои муҳими дорои аҳамияти байналмилалӣ ва монанди инҳо хоси  “лаборатория”-и эҷодии ӯст. 
Бояд гуфт, ки расман ба ин соҳа пас аз хатми шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1978 дохил шудааст, гарчанде дар овони мактабхонӣ хабару мақолаҳояш аз кӯҳпояи Сӯх дар рӯзномаҳои Риштону Фарғона бисёр чоп шуда буданд. Боз як далел: Мирасрори Фарғонӣ   дар ҳамаи риштаҳои журналистика: радио ва телевизион, рӯзнома ва нашриёт, интернет маҳорату дониши худро санҷида,  таҷрибаашро ба шогирдонаш низ омӯзондааст. 
Собиқаи кораш дар журналистикаи байналмилалӣ   ҳам  кам нест: радиои “Озодӣ”, “ВВС”, садову симои хусусии “Орзу”-и Афғонистон, хабаргузории “Фарснюс”-и Эрон ва ғайра. 
Имрӯз дар баробари фаъолият дар “Овози тоҷик” ҳамчун мухбири рӯзнома ва ҳафтавор ва сайти  Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон – “Фараж” дар Ӯзбекистон домани корашро боз ҳам  густариш додааст, аз таҳавуллоту  ҷараёни ислоҳот дар мамлакатамон тамоми  тоҷикистониёну ҷаҳониёнро аз тариқи саҳифаҳои ин ҳафтавор ва сайти он воқиф карда меояд.  Як назар меафканем ба навиштаҳояш дар сайти “Фараж”  (farazh.tj )  зери сарлавҳаи “Ӯзбекистон: озодии баён эҳсоси масъулиятро тақозо мекунад”.
Ӯ  дар хулосаи баёни раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Танзила Норбоева мегӯяд: “...бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ ва шабакаҳои интернетӣ бо пахши ахбори беасос ва бардурӯғ дар миёни ҷомеаи Ӯзбекистон нигарониҳоро ба бор овардаанд. Барои ҳамин талоши ҳукумати ин кишвар ба он равона шудааст, ки пеши роҳи чунин раванд ба таври мусолиматомез ва бо дарки маънӣ гирифта шавад, то ки мафкураи мардум, хусусан ҷавонони ин кишвар аз чунин хабарҳои дурӯғу беасос заҳролуд нагардад”.  Мавзӯи муҳим аст? Оре, хеле муҳим! “Фараж” номи гиёҳи талхест, ки шифобахш аст. Гоҳҳо суханони “талхи” Мирасрор низ ба дарди мардум шифо мебахшад.
– Ман бо касби интихобкардаи худ ҳамеша ифтихор дорам. Журналистика барои ман мазмуни ҳаёт аст, зеро ҳамеша бо мардум ҳастам, дарду ҳолашонро мепурсаму мешунаваму ба дигарон мерасонам, – мегӯяд ӯ.
Фаъолияти кории хабарнигор Мирасрори Фарғонӣ   байти пандомези Абуабдуллоҳи Рӯдакиро  ба ёд меоварад:
Бирав, зи таҷрибаи 
рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи 
ҳаводис туро ба 
кор ояд.
27-уми июн дар Ӯзбекистон Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ пуршукӯҳ  ҷашн гирифта шуд. Журналистони собиқадору соҳибистеъдоди кишвар ба  унвону ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар радифи ин гуна чорабиниҳо  натиҷаи  озмуни “Журналисти беҳтарини сол” эълон шуд.  Дар қатори   қариб 30 нафар журналисти кишвар ва хориҷӣ    Мирасрор Аҳроров низ  пирӯзиро дар ин озмуни бонуфуз ба даст овард. Ҳамкасбам — журналисти сайёрро бо ин дастовардаш муборакбод мегӯем!

Шоқаҳҳор САЛИМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: