ДАСТПАРВАРИ ЭЛДОР РЯЗАНОВ

Ба рӯзи таваллуди яке аз чеҳраҳои намоёни синамои ӯзбек Темурмалик Юнусов низ 80 сол пур мешавад.

Вай дар асл зодаи Андиҷон. Дар Тошканд фаъолияти эҷодӣ ба роҳ гузоштааст. Душанбе низ барояш шаҳри бисёр азиз аст. Баробари забони модарӣ тоҷикиро дӯст медорад. Ба тоҷикон бисёр ҳамнону намак шудааст. Дар равнақи “Тоҷикфилм”, қадри тавон, ҳисса гузоштааст.
Вай соли 1965 Институти театрӣ-рассомии Тошкандро хатм намуд. Барои кор ба Тоҷикистон роҳхат доданд. Ин ҳамон даврае буд, ки яке аз шоҳасарҳои “Тоҷикфилм” – “Ҳасани аробакаш” ба экран мебаромад.
Ду сол дар пойтахти тоҷикон кор кард. Чӣ тавр мехост ҳамнафас бо синамогарони он ҷо фаъолияташро идома бахшад. Вале як мактуб ба номи роҳбари онвақтаи студияи кино сабаб шуд ноилоҷ Душанберо тарк намояд.
Кӣ навишта буд он номаро? Падараш. Падар, бинобар тақозои шароити оилавӣ, илтимос мекард писарашро ба Тошканд фиристанд. Мактуб қонеъ гардонда шуд.
Темурмалик ба даргоҳи донишкадае рӯй овард, ки дар он таҳсил намуда буд. Вай дар ин ҷо то соли 1971 ҳамчун омӯзгор фаъолият бурд. Шогирдони зиёде, ки баровард, ба театр ва киностудияҳои гуногун роҳхат гирифтанд, оянда қисме аз онҳо мисли худаш ба дараҷаи устодӣ расиданд.
Баробари нақшофарӣ дар филмҳо ба режиссёрӣ таваҷҷуҳ дошт, аз беҳтарин коргардонҳои давр таҷриба омӯхт.  Лаёқати коргардониашро ба эътибор гирифта, ӯро ба киностудияи “Ӯзбекфилм” таклиф намуданд. Чун режиссёр дар ин даргоҳ то соли 1979 кор кард.
Вале роҳбарони студия на ҳамеша ба вай эътибор менигаронданд. Кадрҳои мисли Темурмалик лаёқатнок башумор, дар як сол чанд филм ба сурат бардошта мешуд, вале қаҳрамони лавҳаи моро лозим меомад дурудароз навбат пояд. Мегуфтанд сабр кун, филм медиҳем, вале филмҳо асосан ба онҳое мерасиданд, ки аз “санъати муомила” бо роҳбарон бештар бархурдоранд.
Ба қадри худ месӯхт. Як дил кард ба Маскав равад, хонад. Вале синнаш ба ҷое расида ва ӯ кайҳо оиладору падари чанд фарзанд. Дар Тошканд истодан, расидани “насиба”-ро нигарон мондан низ тоқатфарсо тофт ба назараш. Ҳар чӣ бодо бод, гуфту ба Маскав роҳ пеш гирифт. Ба курси олии режиссёрӣ ва киносенариянависӣ ҳуҷҷат супурд. Аз имтиҳони устодони сахтгир сарбаланд гузашт. Вале қабул шуд ё не, маълум набуд. Гуфтанд ба Тошканд баргард, коратро давом деҳ, лозим шавад ҷеғ мезанем.
Ба ҷои кори пештара омад, фаъолияташро давом дод, вале ҳушу хаёлаш ба Маскав. Чаро хабаре нест? Наход орзуҳояш сароб гарданд?
Дарбони студияро ҳам, ки одатан хабару мактубҳо ба вай мерасиданд, безобита мекард. Дарбон гуфт: “Агар қабул мешудӣ, албатта, хабар медоданд. Модоме хомӯшист, умедатро кан”.
Вале умед кандан осон намекӯчид. Ба душвории шароити оилавӣ нигоҳ накарда, чӣ қадар мехост курси олии режиссёриро хатм намояд. Ниҳоят, телеграмма расид аз Маскав: “Биё”.
Аз хурсандӣ ба худ намеғунҷид. Дарҳол студияро аз навигарӣ хабардор сохт ва ариза навишт, ки бинобар хонданравиаш сабукдӯш намоянд.
Ҳамин тавр, ду соли ҳаёти Т. Юнусов дар яке аз даргоҳҳои номвари ба санъати кино алоқаманд гузашт. Самаранок буд ҳар соати умраш дар Маскав. Дар устохонаи Элдор Рязанов нозукиҳои санъати коргардонӣ омӯхт. Ҳамагӣ дар атрофи сад сӯм стипендия медоданд, ки барои як нафар базӯр мерасид. Ҳол он ки вай оиладор, фарзандҳо се нафар. Ҳамин тавр бошад ҳам баракаташро диҳад мегуфту бардошт мекард, ба худ ифтихор менамуд устодаш яке аз коргардонҳои ба назар намоёни давр, ки хусусан филмҳои мазҳакавиаш экранҳои дунёро забт кардаанд. Элдор Рязанов шогирдони истеъдоднокро ҳамеша зери қанот мегирифт, дар ҳар ҳолат дастгирӣ менамуд. Маҳз бо ҳидояти ӯ Темурмалик муваффақ шуд дар мелодрамаи “Вокзал барои ду нафар” нақш бозад. Чиҳил сол бештар аст ин филм дар оинаи ҷаҳони Ӯзбекистон низ батакрор намоиш меёбад. Т. Юнусов нақши харбузафурӯшро бозидааст.
Баъди адои таҳсил Т. Юнусов ба Тошканд омада, чун коргардон дар ҷои кори пештарааш  фаъолияташро идома бахшид. Чанд филми бадеӣ ба сурат гирифт. Аз байни онҳо, хусусан, “Бачаҳо аз Танга” (нақши асосиро Достон Убайдуллоев бозидааст) ва “Авлиёи галатеппагӣ” (дар нақшҳои марказӣ Ҳамза Умаров, Ҳусан Шарифов ва Сайрам Исоева) барои мо шинос. Филмҳои ҳуҷҷатии чун коргардон офаридааш низ қобили таваҷҷуҳ. “Суруди фаромӯшнашуда” ва “Бозиҳои форишӣ” бештар таваҷҷуҳи умумро ба худ кашиданд.
Солҳои 1986-1991 Т. Юнусов ба студияи 5-уми таҷрибавӣ сарпарастӣ намуд. Дар солҳои 1996-2001 роҳбари “Ӯзбеккино” ва раиси Иттиҳоди кинематографистони Ӯзбекистон буд. Студияи “Водифилм”-ро низ чанд муддат сару бар гашт.
Фаъолияти эҷодии зикршуда хеле барвақт ҳамчун актёр оғоз ёфта ва чандон нақши бисёр набозида бошад ҳам бо образҳои ҷолиб дар хотири тамошобинҳо монд. Вай ба олами кино бо нақши Раҳмат аз картинаи “Панҷ нафар аз Фарғона” ворид шудааст. Дар “Ин ҷавони бошараф”, “Бахти дигарон”, “Панҷ нафар бегона”,  “Роҳҳои пуроташ”  ва “Ватан” барин картина ва филмҳои бисёрқисмата нақшҳои гуногун бозидааст. Дар “Рӯзҳои гузашта”-и Абдулло Қодирӣ (коргардон Йӯлдош Аъзамов) образи ҷавонии Худоёрхонро басо хотирмон офарид.
Ӯ ду бор хонадор шудааст. Вай бо се фарзанд аз рафиқаи аввалаи ҳаётиаш ҷудо шуд, вале зану шавҳар ончунон “бамуросо” никоҳи худро бекор карданд, ки касон ҳайрон монданд. Баъди суд ҳамроҳ ба хона омаданд. Темурмалик гуфт: “Биё, бори охир дар ресторан таоми шом мехӯрем”. Рафиқаи акнун “собиқ” рад накард. Асное паҳлуи миз суҳбаткунон менишастанд, довари ақди никоҳашонро бекоркарда пайдо шуда монд. Ба чашмони худ бовар накард: “Ҳамин тавр ҳам мешавад?”
Т. Юнусов аз зани дуюмаш як духтар дорад. Ба соярӯшаниҳо нигоҳ накарда, ӯ аз тақдир ва ҳаёти оилавиаш мамнун. Чун актёр ва коргардон низ хушбахт ҳис мекунад худро, ки дар синамо аз худ чизе гузошт. Бо чӣ қадар бузургмардони олами санъат аз як ҳаво нафас кашид. Меҳнаташ бо медали “Шуҳрат” ва ордени “Меҳнат шуҳрати” қадр гардид.
Душанбе, айни вақт, бо хотираҳои хуш дар қалби Темурмалик монд. Сабақи эҷодӣ дар мактаби Борис Кимёгаров, Маҳмуд Тоҳирӣ, Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева, Гурминҷ Завқибеков, Маҳмуд Воҳидов барин ҳунарварони нотакрор дар ҳамчун актёр ва коргардон тавфиқ ёфтани вай нақши муҳим бозид. 

 М. ШОДИЕВ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: