«ДАСТУР-УЛ-МУЛУК» – НАМУНАИ ЗЕБОИ НАСРИ АСРИ XVII

«Дастур-ул-мулук» яке аз беҳтарин асарҳои Хоҷа Самандари Тирмизӣ аст.

Ин асар аз рӯйи гуфти худи муаллиф бо хоҳиши ҷавонмарде ё дӯсти адиб дар байни солҳои 1695-1696 навишта шудааст.
Хоҷа Самандар, ба қавли Малеҳо, як зиндагии дарвешона доштааст. Ин зиндагии дарвешонаю либоси фақирона, сахтиҳои зиндагӣ ӯро ҳамчун марди пухтае ба камол расонидаанд.
Дар ин бора Малеҳо дар тазкираи «Музаккир-ул-асҳоб» чунин меорад: «Муддате парешон буд. Кулоҳи намадӣ дар сару жандаи сафед дар бар, каманди ваҳдат дар камар буду худро аз ҳама дар канор мегирифт. Кишварҳои ғарбу шарқро тай карда, сарду гармии рӯзгорро дида, талху ширинии айёмро чашидааст».
Бисёр лаҳзаҳои ҳаёти адиб дар асараш ифода гардидаанд. Оиди соли таваллуд ё вафоти Хоҷа Самандар маълумоти аниқ нест. Дар «Дастур-ул-мулук» қайд шудааст, ки Хоҷа Самандар муддати зиёде дар Насаф (Қаршӣ) умр ба сар мебарад. Ӯро ду бор ба вазифаи раисӣ таъин мекунанд. Шоир зиндагии оромона надоштааст.
Боре Авазхоҷа ном шахсе фитна меангезад ва ӯро ба воситаи дӯстонаш мехоҳад бадном кунад. Кор ба дараҷае мерасад, ки дӯстони Самандархоҷа ҳам ба иғвои онҳо бовар карда, аз ӯ рӯ мегардонанд. Самандархоҷа дар наср ва номанигорӣ (иншо) ба дараҷаи устодӣ мерасад.
Дар таълифи асар бошад, ӯ ба Саъдии Шерозӣ пайравӣ кардааст. Дар «Дастур-ул-мулук» меоварад: «Ин абҷадхони соддагӯй (Хоҷа Самандар) даст ба домони сайёҳон зад, аз гуфтаҳои бузургон чизе, ки дарюза карда буд, дар абёти мувофиқ гирд овард ва номи онро «Дастур-ул-мулук» ниҳод».
Ҳамин тариқа, Хоҷа Самандар таълифоти панду ахлоқии гузаштагонро омӯхтаву истифода намуда, дар пайравиашон асаре меофарад, ки аз ҷиҳати сохт ва обуранги бадеии худ аз пешиниён тафовут дорад.
Хоҷа Самандар дар таълифоташ аз ашъори гузаштагон барои таъкиду тасдиқи гуфтаҳояш иқтибос меорад, вале дар бисёр маврид номи муаллифони онҳоро зикр намекунад.
«Дастур-ул-мулук» аз 22 боб иборат аст. Аз боби аввал то бобҳои бист, бисту дуюм мазмуни панду ахлоқӣ доранд. Боби аз ҳама калонтарин боби бисту якум аст, ки дар он воқеаҳои таърихии замони нависанда ба қалам омадаанд, ки худ гоҳо чун шоҳиди онон ҳарф мезанад.
Дар асар нависанда ба масъалаҳои адолат, шуҷоат, аҳволи мулозимон, мағрур нашудан, ҳасад набурдан, сабру таҳаммул кардан ва ғайра аҳамияти махсус додааст. Адиб то боби бисту якум ҳар як гуфтаи худро бо ибораи «азизи ман» шурӯъ намуда, пас аз баёни фикр (пораҳо) бо байте ё қитъаи шеърие онро ҷамъбаст намудааст. Боби бисту якум аз баъзе мушоҳидаҳои муаллиф бо ибораҳои «яке аз воқеаҳои рӯзгор ин ки» ё «яке аз воқеаҳое ин ки» оғоз меёбанд. Ин асари Хоҷа Самандар аҳамияти калони панду ахлоқӣ ва таърихӣ дорад. «Дастур-ул-мулук» намунаи зебои забони адабии мо дар асри XVII ба ҳисоб меравад. Асар бо обуранги зиёди бадеӣ, тасвирҳои воқеӣ сурат мегирад.
«Дастур-ул-мулук» саросар бо насри мусаҷҷаъ таълиф гардидааст. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки мазмуни бисёр пораҳо, воқеаҳоро бо ҷумлаву ибораҳои мусаҷҷаъ ва муқаффо ифода намояд: «Ин ҳама афсуни рангин дар дили сангини ӯ кор накард. Надонист, ки қимати ӯ аз заҳри афъӣ зиёнкортар асту чизе додани ӯ аз талхии ҷон додан душвортар».
«Азизи ман, гули ин ҷаҳон рафиқи хор асту қарини хумор. Ганҷаш ба ранҷ пайваставу айшаш ба ғам барбаста, нӯши меҳраш ба неши заҳр асту асари тарёкаш ба зарари заҳр».
Хулоса, ҳаёт ва мероси адабии Хоҷа Самандари Тирмизӣ, махсусан, паҳлӯҳои сермаҳсули назму насри ӯ шоистаи омӯзиш аст.

Иброҳим АБДУЛЛОЕВ,
Кибриё АКБАРОВА,

ноҳияи Сариосиё.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: