Дар суханронии Президент Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 72-юмини Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид нуктаи «манфиатҳои инсон барои мо аз ҳама олист», зикр гардидааст.
Вақтҳои охир ба тарзи солими зиндагӣ ва беҳдошти саломатии мардуми мо аз ҷониби давлат эътибори хоса дода мешавад. Чунончи, соли гузашта Президент чандин маротиба бо олимону кормандони соҳаи тиб мулоқот ва суҳбатҳо дошт, бисёр фармону қарорҳо қабул шуданд.
Ин ҳама доктори илми биология, профессор Санъат Муҳаммадиевро водор сохтааст, ки дастури услубии «Паразитология ва касалиҳои инвазионӣ»-ро иншо кунад.
Паразитология илми маҷмӯӣ буда, паразитҳо – муфтхӯрҳоеро, ки боиси ҳар гуна бемориҳо мешаванд ва роҳҳои мубориза бо онҳоро меомӯзад.
Дар Ӯзбекистон тадқиқот ва омӯзиши паразитҳо бори нахуст дар қарни ХIХ аз ҷониби олими соҳа А. П. Федченко амалӣ шудааст. А. П. Федченко тарзи инкишофи бемории инвазионии риштаро, ки дар қаламрави аморати Бухоро интишор ёфта буд, омӯхт.
Устод Садриддин Айнӣ дар асараш «Ёддоштҳо» аз бемории ришта чӣ гуна азият кашидани мардумро тасвир кардааст. Дар мубориза алайҳи бемории ришта хидмати профессор Л.М.Исаев низ бузург аст. Натиҷаи кору фаъолият ва тадқиқоти чунин олимон буд, ки дар Осиёи Марказӣ бемории ришта маҳв гардид. Ҳоло Пажӯҳишгоҳи паразитологияи тиббии Ӯзбекистон номи Исаевро дорад. Дар клиникаи паразитологияи тиббии Ӯзбекистон лавҳаи ёдгории ӯ гузошта шудааст.
Абӯалӣ ибни Сино дар бораи бемории ришта маълумоти пурра додааст. Дар дастури олим Санъат Муҳаммадиев аз осори алломаҳои бузурги мо доир ба касалиҳои инвазионӣ иқтибосҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Олим ҳангоми иншои асар ба бозёфтҳои илмии ниёгони бузурги мо такя карда, ба онҳо истинод овардааст.
Фасли 1-уми китоб «Паразитологияи назарӣ» унвон дошта, дар бораи фан, таърихи он, инкишофи илми паразитология дар Ӯзбекистон маълумот медиҳад.
Таснифи нави олами ҳайвонотро олимони амрикоӣ пешниҳод кардаанд, дар рисола паразитҳо дар асоси гуфтаҳои онҳо тасниф шудаанд.
Дар дастур доир ба вазъияти экологии муҳити зист сухан меравад, таъкид карда мешавад, ки он барои пайдошавии бемориҳои инвазионӣ созгор буда метавонад. Усулҳои муборизаи биологӣ бар зидди паразитҳо, пешгирии бемориҳо зикр гардидаанд.
Фасли 2-юми дастур «Паразитологияи амалӣ» ном гирифта, дар он аз хусуси паразитҳо (муфтхӯрон), беморшавии одамон сухан меравад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки агар аз кӯдакӣ ба покизагӣ, қоидаҳои санитариву гигиенӣ риоят шавад, натиҷаи хуб мебахшад.
Фасли 3-юми рисола «Гелменталогия» ном дорад ва дар он масъалаҳои умумии патогенез баррасӣ шудаанд.
Фасли 4-уми дастур «Арахнология» унвон дорад. Дар он ҳамчунин саволҳои тест доир ба фанни паразитология тартиб дода шудаанд. Маълумот дар бораи ҳашарот дар боби «Энтемология» ҷой гирифтааст.
Муаллиф дастурро, ки басо муфид ва судманд мебошад, бо хулоса, тестҳо, фарҳанги истилоҳоти паразитология ва рӯйхати адабиёти истифодагардида анҷом додааст.
Шавкат РАЗЗОҚОВ, номзади илми тиб, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи паразитологияи Самарқанд ба номи Л. М. Исаев.