Турсуной СОДИҚОВА
Дуои якум
«Аз худаш пур шавад, серфарзанд шавад», чунин аст дуои нахустин, ки ба навзод гуфта мешавад. Хоҳиши банда аз Офаридгор аввало фарзанд аст, фарзанд риштаест, ки туро ба ҳаёт мепайвандад. Ӯ идомадиҳандаи ҷисм, ҷон, рангу бӯй ва номи ту мебошад. Баробари чашмат ба кӯдакат афтидан, дар дили ту ишқ, меҳру шафқат пайдо мешавад. Ҳама рангу бӯй, таъму маза ва лаззати ҳаётро аз ӯ мегирӣ. Чун паррандае, ки ғизои даҳонашро ба чӯҷааш медиҳад, аз баҳри нафс ва манфиати худ баромада, барои ҳастиятро ба ҳамин як порча гӯшт бахшидан тайёр ҳастӣ. Писарам, бубин шарофати фарзандро!
Ба туфайли кӯдак ту ба меҳр, парасторӣ, азият кашидану ғамхорӣ барин амалҳои бузург соҳиб мешавӣ, номи падарӣ туро ба бузургӣ, саробонӣ ба сулолаи нав раҳнамун месозад.
Дар Қуръони карим омадааст: «Ҳама чиз ба орзуву ният вобаста аст». Писарам, ният низ ибодат аст. Баробари ният кардан дар ту меҳр, шафқат дар вуҷуди ту медурахшад, ки ин нур ту ва кӯдакатро ба иҷрои амалҳои нек ҳидоят мекунад. Ният ва дуои падару модар мумкин аст роҳи тақдири кӯдакатро нишон дода бошад. Ба кӯҳҳо нигоҳ карда аз Офаридгор хоҳони он бош, ки кӯдакат ба воя расида, мисли кӯҳ бовиқор ва ориятнок шавад. Ӯро ба ҷодаҳои хуб ва зебои ҳаёт раҳнамун соз. Инсонҳои некро зиёрат кун, ба фарзандат номи онҳоро гузор, фотиҳаи онҳоро гир. Ба аспҳо нигоҳ карда, писаракам чавандоз шавад, ба фазоҳо чашм дӯхта духтаракам мисли моҳ пурра шавад, гӯй. Аз атроф инсонҳои хубро ҷустуҷӯ кун, то фарзандат дар қатори онҳо бошад. Дарахти сафедор шинон, то иморат созӣ. Писарам, фарзандатро инсони хуб, доно, тавоно тарбия намо, чунки ӯ идомадиҳандаи ҳаёт, дунёи нави ту мебошад.
Фарзанд – як қисми ҳаёт
Баробари ба дунё омадани фарзанд аз Офаридгор пурс, ки туро муносиби номи падарӣ гардонад, ҳуқуқи маънавии падариро диҳад. Фарзандат низ дар тимсоли ту падари ҳақиқиро ёбад. Навзод як қисми нави дунёи куҳан, ту бошӣ — соҳиби он. Агар ин амалро ба хубӣ иҷро кунӣ, ҳамин қисми дунё гул-гул мешукуфад ва мардум аз ту розӣ мешавад. Агар вазифаи падариро иҷро карда натавонӣ, фарзандат ба ҷамъият чун бемор ворид мегардад. Ба туфайли тарбияи нодуруст як порчаи дунё зарар мебинад ва зараркунандаи он ту мебошӣ.
Дуруштӣ, бо овози баланд гап задан хоси мардҳо аст. Бояд донӣ, ки ба бача «Ҳа, ин ҳоло кӯдак, чиро мефаҳмад?» гуфтан нашояд, чунки ӯ низ соҳиби таҳлил, тафаккур ва идрок аст. Эътибор дода бошӣ, кӯдак ба ҳама даст дароз карда намеравад, ба касе, ки хушаш омадааст, табассум мекунад, механдад. Эътирози худро ба атроф ба воситаи гиряву инҷиқиҳояш баён месозад. Дар ҳама гуна ҳолат худро ба тартиб андохта ба кӯдак муносибати хуб бояд кард.
Писарам, худат гӯй, кай вазъиятҳое шудааст. ки ту бо сабаби озурдагӣ намехоҳӣ ба хона дароӣ? Ҳамон вақте ки падару модарат ба аспи ҷаҳл савор шуда, якдигарро носазо гуфта туро низ танбеҳ додаанд. Ҳамин тавр не? Ҳамон ҳолатҳоро ба ёд оварда, ба фарзандат эҳтиёткорона муносибат кун. Дар хотир дор, бачае, ки аз волидайнаш муносибати хуб надида ба воя мерасад, ӯ ба одами ҷоҳил, бемеҳр табдил меёбад, ки аз ин тоифа фақат бадбахтӣ паҳн мегардад. Мардеро, ки худро идора карда наметавонаду ба сари ҳамсараш мушт мебардорад, бо суханҳои қабеҳ ӯро озор медиҳад, дурустакак назорат кун. Аҳволи аз дасти ӯ озордидагонро бин ва як лаҳза ба ҷойи ӯ худатро гузор ва тасаввур кун, ки фарзандат ин манзараи нохушро дида истодааст. Писарам, агар дар ҳузури фарзандат як маротиба ба чунин нохушӣ роҳ диҳӣ, бидон, ки насиҳати ту ба ӯ нафъе надорад. Ӯ дар дил ба суханҳои ту механдад, туро ҳурмат намекунад. Аз чашмонаш дарк мекунӣ, ки мегӯяд: «Худат чӣ?» Агар бачаи худатро тарбия додан натавонӣ, он гоҳ ту кистӣ?
Тарҷумаи С. БЕКНАЗАРОВА.