Имрӯз дар ҳама ҷо сухан аз боби раъйдиҳии умумихалқӣ аст.
Бисёриҳо суол медиҳанд, ки Референдум барои чӣ гузаронида мешавад, чӣ лозим омад, ки Сарқонун ё худ Конститутсияро аз нав қабул кунем ва монанди инҳо.
Ҳама шоҳиди он шуда истодаем, ки дар шаш соли охир дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишварамон табаддулоти ҷиддӣ ба амал омад. Ҳуқуқи инсон, қадру қиммати ӯ дар мадди аввал гузошта шуд. Озодии сухан ва эътиқод натанҳо дар ҳуҷҷат, балки дар амал тадбиқ гардид. Дар соҳаҳои гуногун садҳо маҳдудият аз байн бардошта шуд. Бо кишварҳои ҳамсоя муносибатҳои дӯстона, рафтуомади бемамониат аз нав барқарор карда шуд. Масъалаи пули нақд ҳалли ниҳоии худро ёфт. Оид ба ҳамин масъала як чизро хотиррасон кардан мехоҳам.
То соли 2017 маоши моҳонаи кормандони соҳаи буҷет, аз ҷумла омӯзгорон пурра аз тариқи картаҳои пластикӣ пардохта мешуд. Қариб дар ҳамаи дӯконҳо ва нуқтаҳои харидуфурӯш нархҳо ду навъ буданд, бо пули нақд дигар хел, бо «пластик» дигар хел. Масалан, агар як халта ордро бо пули нақд бар ивази сад ҳазор сӯм харед, бо «пластик» як саду бист ҳазор сӯм бояд пардохт мекардед. Бозори ҳаннотон дар авҷ буд, маблағи картаҳои пластикиро бар ивази аз худ кардани 20-25 фоизи он пули нақд карда медоданд. Яъне, агар дар картаатон як миллион сӯм маблағ дошта бошед, маҷбур мешудед, дусад ҳазор сӯми онро бо розигии худ ба ин гуна «корчаллонҳо» дода, боқимондаашро бигиред.
Имрӯз шукри онро бояд кунем, ки ҳамаи ин нобаробарию нофаҳмӣ, тазйиқу фишор, паст задани ҳуқуқи инсон ва монанди инҳо барҳам хӯрданд. Барои он ки наслҳои оянда низ озодона, бе ягон маҳдудият аз чунин ҳуқуқ баҳравар гарданд, зарурате пеш омад, ки ҳамаи инҳо дар Қонуни асосии кишварамон инъикоси худро ёбанд.
Боз як омили дигари навсозӣ ва такмили Сарқонун дар он аст, ки кишвари мо аз ҳар ҷиҳат ба як давлати бузург табдил ёфта истодааст. Имрӯз агар дар Ӯзбекистон беш аз 36 миллион аҳолӣ умр ба сар барад, мувофиқи ҳисобу китобҳои олимони соҳа аҳолии кишварамон дар соли 2040 ба 50 миллион нафар расида, зиёда аз нисфи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои таъмини ҳаёти мувофиқ ва муносиби онҳо зарур аст, иқтисодиёти пойдор, давлати бехатар, идоракунии самаранок ва муҳофизати иҷтимоӣ кафолат дода шавад.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки матни Сарқонуни навшудаистода танҳо аз ҷониби олимону мутахассисон дар утоқҳои корӣ омода карда нашудааст. Балки пеш аз ҳама дар ду марҳила фикру мулоҳиза ва таклифҳои аз ҷониби халқ пешниҳодгардида омӯхта шуда, пас аз он лоиҳаи Конститутсия таҳия карда шуд.
Конститутсияи таҷдидшудаю такмилёфта, мухтасар карда бигӯем, як дастури сарнавиштсоз барои тамоми халқу аҳолии кишвар аст. Аз ин рӯ, умед ва итминони комил дорем, ки 30-юми апрел дар раъйдиҳии умумихалқӣ ҳамаи шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, фаъолона иштирок намуда, муносибати худро баён месозанд.
Турдиқул ҲАСРАТОВ,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон,
директори мактаби таълими умумии рақами 29, ноҳияи Сариосиё.