(Дар ҳошияи китоби “Инсони комил ва ахлоқи ҳамида”-и Наҷмиддин Рашидов)
Бе тарбияте ниҳоли наврас,
Ҳаргиз самари накӯ наорад.
Аз хок намедамад гиёҳе,
То дона дар он касе накорад.
Чаро мо суханамонро аз ин шеър, ки муаллиф китобашро бо он ба охир расонидааст, оғоз кардем. Чаро ки ҳадафи асосии муаллиф дар навиштани ин китоб асосан ҳамин аст. Ӯ мехоҳад, ки шогирдонро ҳамчун падари меҳрубон ва устоди нуктадон таълиму тарбия кунад.
Рисолаи Наҷмиддин Рашидов “Инсони комил ва ахлоқи ҳамида” (Тошканд: “Тафаккур авлоди”, 2022) ба дастам расиду дарҳол ба мутолиааш оғоз кардам. Баъд аз мутолиаи китоб лозим донистам, ки ҳар як ҷавон ва донишҷӯйи имрӯза бояд аз он бархурдор бошад. Азбаски камина ба донишҷӯёни филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз аз фанни адабиёти тасаввуф дарс мегӯям, имрӯзҳо китоби мазкурро ҳамчун дастури таълиму тарбия ба дарсҳо гирифта медароям ва порчаҳоеро аз китоб ба донишҷӯён хонда фикри онҳоро оиди масъалаи чӣ тавр ба камолот расиданро мегирам. Ба ростӣ, аз бозе, ки ин китоб ҳамроҳи ман асту дар дарсҳои тасаввуф ҳамчун як дастури таълиму тарбия аз он истифода мебарам, дарсҳоямон шавқовару баҳсноктар мегардад.
Одати ҳамагон аст, ки чун китоби наве дастрасамон гардад, аввал ба мундариҷааш чашм медавонем. Аз мундариҷаи китоб маълум аст, ки хонданӣ аст ё не.
Муаллиф ба мафҳуми “Инсони комил” шарҳҳои нисбатан содаву оммафаҳм оварда, нуктаи муҳимеро таъкид мекунад, ки моро аз иштибоҳи шинохти инсонҳои комил бозмедорад.
Муаллиф ба ибораи инсони комил шарҳу тафсир дода, фикрҳои худро бо мисраъҳои шоирони бузурги форсу тоҷик, хусусан, асари “Инсони комил”-и Шайх Азизиддин Насафӣ тақвият ва исбот бахшидааст.
Рисола ҳаҷман хурд бошад ҳам, дар он маъноҳои бузург ҷойгир шудааст. Дар он масъалаи аз ҳама муҳими ҷамъияти инсон гап меравад. Муаллиф аз фикрҳои пурпечутоби худ ба хулосае омада таъкид мекунад: “Дунёи имрӯза бо ҳамаи хубию бадиҳояш исботи он аст, ки тарбияти ҷавонон дар ҷамъият бояд дар мадди аввал бошад. Дониши маърифатии одамон, махсусан насли наврас, маданият, илм, ғурури мил-лӣ, дин дар ҷамъият бояд мавқеи аз ҳама боло дошта бошанд ва, умуман, бояд ин муаммо ба сатҳи давлатӣ бардошта шуда, ҳал карда шавад ва аз масъалаҳои иқтисодӣ болотар ҷой дошта бошад”.
Ниҳоят, ин суханони охири китоб нафақат ман, балки ҳар як хонандаи ин китобро ба андеша кардан даъват мекунад. “Инсони дорои хулқи ҳамида албатта фарзанди лоиқу фахри ватанаш мегардад. Фарзандони мо мӯҳтоҷи тарбияанд. Бояд онҳоро дар хона, дар мактаби миёна ва олӣ ва умуман дар ҷамъият аз таълиму тарбия дур насозем ва ба сӯйи камолот ҳидоят намоем. Ба ин хотир бояд аз усулҳои дарс, намоиши филмҳо, суҳбатҳо бо инсонҳои шинохтаву фарҳеҳта ва ғайра истифода кунем.
Инсон бояд дар қалбаш инқилобе кунад. Ба худ пас гашта, аз ҳавову ҳавасҳо покиза шуда, нафсашро пок сохта, кибр, нотавонӣ, чашмгуруснагӣ ва сифатҳои манфиро маҳв намуда, орзу намояд, ки аз саодати тараққиёти маърифаташ роҳате ба даст орад. Дар ин роҳ аз инсонҳои комил, осори пурқиматаш ибрат омӯзад. Донаҳои тухми комилӣ дар ҳар қалб ҷой дораду беҳаракат аст. Онро бояд бедор намуда, парвариш намуд. Фақат дар ҳамин ҳолат дона месабзад ва инсон рӯ ба ҳақиқати асил меорад”. (Аз падари бузургвори муаллифи китоб, ки ӯ онро дар охири китобаш овардааст).
Камина ҳамчун як нафар аз мухлисони шеъри нобу мақола ва рисолаҳои Наҷмиддин Рашидов таманно дорам, ки дар баҳри илму ирфон мисли ғаввоси моҳир ҳарчи жарфтар раваду дар қаър дурру марҷони нав ба навро пешкаши аҳли илму адаб намояд.
Ҷамшед ҶУМЪАҚУЛОВ,
устоди кафедраи филологияи тоҷик
ва забонҳои
Шарқи ДД Тирмиз.