ДАСТУРУЛАМАЛИ МУФИД

Интишори китоби доктори илмҳои филологӣ, муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик Ҷумъақул Ҳамроев – “Таърихи адабиёти муосири тоҷик” дастуруламали муфидест доир ба омӯзиши давраҳои адабиёти маорифпарварӣ ва баъдазинқилобии тоҷик.

Интишори китоби доктори илмҳои филологӣ, муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик Ҷумъақул Ҳамроев – “Таърихи адабиёти муосири тоҷик” дастуруламали муфидест доир ба омӯзиши давраҳои адабиёти маорифпарварӣ ва баъдазинқилобии тоҷик. Зеро муаллиф бо диду назари тоза аз дидгоҳи сирф танқидӣ нисбати эҷодиёти намояндагони ин давр ва марҳилаҳои эҷодиашон изҳори ақида  намуда, арзиши адабии онҳоро холис арзёбӣ кардааст. Китоби мазкур аз тарафи донишҷӯёну муаллимони забон ва адабиёти тоҷики Тоҷикистон хуш қабул карда шуда, чун асари пурарзиш дар ҷодаи нақди адабӣ эътироф шудааст.
Афсӯс, бо вуҷуди маводи мукаммали омӯзиши адабиёти навини тоҷик будани китоб, на ҳамаи мо муаллимон онро дар даст дорему аз манбаъҳои мӯътамади он дар рафти дарс истифода мебарем. Дар мадди назар будани китоб имконият медиҳад, ки ба эҷодиёти ҳар адиби ҷойдошта аз назари танқидӣ нигариста, бурду бохти онҳоро холисона чун моли асили адабиёт баррасӣ намоем.
Муаллиф дар муқаддимаи китоб бо ҳисси сахтгирӣ, метавон гуфт бераҳмона, нисбати саҳлнигории нақди адабии солҳои рукуд сухан ронда мегӯяд: “Таъсири ҳамин равиш буд, ки осори адабии сирфан беарзиши замонӣ аз навсозиҳои сохтори сотсиалистӣ чун намунаи баргузидаи ҳунар тавсиф шуда, осори бисёре аз шахсиятҳои эҷодкор, ки воқеан асарҳояшон арзиши бадеӣ ва маънавӣ доштанд, аз назарҳо дур мемонданд. Ин гуна чеҳраҳо аз ёдҳо рафта ва ё қурбони дасисаҳои сиёсии хушомадгӯён мешуданд”.
Бо ин ҳушдориҳо мунаққид таъкид мекунад, ки замони наву диди таҳқиқи нави эҷодӣ ба майдон омад, мо ба осори адибон на аз рӯйи мақому мартабаю обрӯю нуфуз, балки аз рӯйи арзиши адабию навпардозиашон баҳо диҳем.
Мунаққиди жарфбин меафзояд, ки ҳатто доири паҳлӯҳои ноаёни омӯзиши эҷодиёти Айнӣ низ, ки пешвои адабиёти навин аст, назари тозаи танқид дошта бошем. Эҷодиёти чил нафар адибоне, ки ба китоб ворид гаштаанд, бо ҳама паҳлӯҳояш бо назари танқидӣ омӯхта шуда, ба хонанда ҷавҳари онҳо пешкаш гардидааст.
Дар китоб нисбати эҷодиёти ҳар адиби ҷойдошта фикру диди тозаи ҳанӯз ба хонанда ноаён ба назар мерасад. Хусусан, мунаққид аз рӯзгори шахсиятҳои мураккаби адабиёт Абдурауфи Фитрат ва охирин муқаллиди Бедил, шоири шӯридадил Нақибхони Туғрал бодард ҳарф зада, ҳанӯз ба таври бояду шояд омӯхта нашудани паҳлӯҳои ноаёни эҷодиёти онҳоро таъкид намудааст. Дар рафти мутолиаи китоб ба ҳайрат меафтед, ки муаллиф чӣ тавр ин қадар ҳикоя, повесту романҳоро хонда образҳояшонро дақиқ таҳлил карда бошад.
Хусусан, таҳлилу таҳқиқи мунаққид ба асарҳои мансуби “насри андеша” ҷиддӣ буда, асосан таваҷҷӯҳ ба олами рӯҳии қаҳрамонон дорад ва бо ин восита мақсади нависандаро ба хонанда кушода медиҳад.
Барои мисол, бигирем, образи мураккабтарини адабиёти навин – Рашод аз повести “Санг дар бағал ба тӯфон”-и Саттор Турсунро. Қаҳрамони асосии асар чӯпони оддӣ Рашод, аммо олами ботиниаш пурғалаёну беқарор. Ҳатто рақиби чандинсолаи худ Раҳими Акбарро, ки гаҳворабахши ӯ – Насринро ба зӯрӣ ба занӣ мегирад, мекушад, вале нависанда Рашодро қаҳрамони манфӣ қаламдод намекунад. Баръакс, ӯро чун одами раҳмдил ба қалам медиҳад. Ҳатто чунон раҳмдил, ки ба ҳоли сагонаш дилаш месӯзад. Хусусан, ба Малла, ки чанд рӯз боз бемор асту чизе намехӯрад. Нависанда тағйироти руҳияти Рашод ва зарбаҳои зиндагиро нозук тасвир намудааст. 
Ё бигирем, образҳои осори нависандаи ҷавонмарг Сайф Раҳимзодро. Ӯ чун ситораи дурахшони адабиёт яке дурахшиду тез хомӯш шуд. Дар ин хусус адабиётшиноси нуктасанҷ Ҷумъақул Ҳамроев бамаврид қайд намудааст:
“Аксари қаҳрамонони ҳикояву повестҳои Сайф Раҳим шахсони аз тазодҳои зиндагӣ рӯҳан коставу хаста гашта, олами ботиниашон пурасрору ҳассос баён гардидааст. Нависанда бо маҳорати хоси эҷодӣ ба хонанда ҳушдор медиҳад, ки норасогиҳои иҷтимоии ҷамъият ва муҳити носозгори зиндагӣ онҳоро ба яъсу ноумедӣ афтондааст”. 
Мунаққид услуби хоси нигориш ва образофарии нависандаро таҳлилу таҳқиқ намуда, дар насри андеша ҳатто ӯро қутбкушо медонад. Устод он адибонеро, ки асарҳояшон мавқеи адабӣ надоштанду аз ҷиҳати ғояву мазмун суст буда, танҳо зеби ҷевон буданд, боҳадаф ва асноди  раднашаванда бо хотири огоҳии хонанда бо назари танқидӣ ҳаллу фасл намудааст.
Мақсади банда аз ин навишта он аст, ки мувофиқи дархосту усулҳои нави таълим  дар омӯзиши адабиёт, ки асоси одамияту маънавият ҳаст, назари тоза дошта бошем.
Асоси дарсҳоямонро на кай таваллуд шудану фавтидани адибон ва номгӯйи асарҳои онҳо, балки моҳият ва гавҳари эҷодиёти онҳо ташкил диҳад. Барои бо ин руҳия ташкил додани дарсҳои адабиёт  метавон гуфт  имрӯз барои мо — тоҷику тоҷикзабонони Ӯзбекистон, маводи ягонаи мукаммал  китоби “Таърихи адабиёти муосири тоҷик” мебошад.
Чунин ба назар мерасад, ки Аллома Иқбол ин байтро дар хусуси устод Ҷумъақул Ҳамроев гуфта бошад:
Зиндагӣ аз садафи хеш 
гуҳар сохтан аст,
Бар дили шӯъла фурӯ 
рафтану нагудохтан аст.

Салом АТОЕВ,
омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 5-уми ноҳияи Бойсун.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: