Президент Шавкат Мирзиёев 3 май ба Маркази вазъиятӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф овард.
Маҷмааи мазкур ба идоракунии қувваҳо ва воситаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси технологияҳои иттилоотӣ тахассус дорад. Бинои замонавӣ бо 18 сервери дорои 554 терабайт хотира, экрани васеи назоратӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидааст.
Марказ ба таври худкор маълумотро аз низоми "102", камераҳои назорти видеоӣ, интернет ва дигар манбаъҳо ҷамъоварӣ ва коркард мекунад. Вайронкуниро аз рӯи нишони давлатии воситаи нақлиёт ё симои шахс зуд муайян намуда, кофтуков ташкил карда мешавад. Система бо истифода аз зеҳни сунъӣ кор мекунад, омили инсонӣ дар кори он ҳадди аққал аст. Ба шарофати ин марказ барои таъмини амнияти ҷамъият дар саросари кишвар хидмат мекунад.
Президент шароити марказро аз назар гузаронда, бо кори система шинос шуд. Вай ба зарурати муттаҳид кардани маълумоти тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти изтирорӣ таъкид кард.
— Ин кори калон аст. Аммо фарогирӣ ва суръатро зиёд кардан лозим аст. Кай одамон худро бехатар ва озод ҳис мекунанд? Кай сайёҳон зиёд мешаванд? Вақте ки ҷиноят нест, агар одам ба бехатарӣ боварӣ дошта бошад, вақте ки ҳама чиз — аз тартибот то тозагии кӯча ҳал мешавад. Барои ин бояд маълумоти тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муттаҳид карда шавад. Бояд ҷаҳонбинии кормандони ҳар як идора, ки дар ин ҳамкорӣ иштирок мекунад, тағйир дода шавад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Аҳамияти омода намудани кадрҳо барои кор бо система дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз рӯи технологияҳои иттилоотӣ, ташкили фаъолияти таҳлилгарон бо технологияҳои муосир дар шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳия ва шаҳр таъкид гардид. Вазифа гузошта шуд, ки дар системаи корҳои дохилӣ чунин хидматҳои онлайнӣ, аз қабили навбати электронӣ, муроҷиати фосилавӣ, ки омили инсониро истисно мекунанд, васеъ роҳандозӣ карда шаванд.
Супориш дода шуд, ки низоми электронии таҳлили мушкилоти иҷтимоӣ дар маҳаллаҳо, банақшагирӣ ва назорати фаъолияти ҳаррӯзаи нозирони профилактика офарида шаванд.
Дар ин ҷо низоме, ки дар вилояти Самарқанд дар доираи барномаи "Сайёҳии бехавф" ҷорӣ шудааст, намоиш дода шуд.
Сарвари давлат инчунин намунаҳои техникаҳои замонавӣ ва сару либоси нави хидматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилиро аз назар гузаронд.