«ДАВИДАНИ ГӮСОЛА ТО КАҲДОН»

як гурӯҳ роҳзанҳо боздошт ва ба ҳабс маҳкум шуданд

Чанд муддат як гурӯҳ тороҷгарон фаъолиятҳои худро дар роҳи Андиҷон – Тошканд – Андиҷон идома медоданд. Аъзои ин гурӯҳ бар асоси амалиёти кормандони умури дохилӣ боздошт ва ба маҳкама кашида шуданд. Додгоҳи корҳои ҷиноии шаҳри Марғелон бо баргузории мурофиаҳои суд ёздаҳ аъзои ин гурӯҳро ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард.  
Гуфта мешавад, ки ҳар як узви гурӯҳ вазифаи аниқеро бар дӯш дошт. Дар байни онҳо як нафар собиқ нозири роҳ ва ду нафар кормандони собиқи идораи андоз низ шомил будаанд. Ин гурӯҳ мошинҳоеро ҳадафи тороҷгарӣ қарор додаанд, ки аз як манзил ба манзили дигар пули нақд ва моли қиматбаҳоро мебурданд.
Аз ҷумла, сокини шаҳри Қаросӯи вилояти Андиҷон Дониёр Юлдошев  қаблан  мӯҳлати ҷазоро дар зиндон сипарӣ кардааст, вале ба ҷои он ки ислоҳ шавад ва роҳи дурустро интихоб кунад, дубора даст ба ҷинояткорӣ задааст. Вай бо шахсоне, ки мехостанд бо тороҷ кардани мошинҳо ва соҳибони онҳо сарват ғундоранд, забон як карда, ба ҷинояткорӣ машғул шудааст. 
Вай шахсони алоҳидаро, ки дар даст маблағи калон ва чизҳои қимматбаҳо доранд, маълум карда, ҳамчунин мошинҳои барандаи онҳоро дар роҳи «Андиҷон – Тошканд – Андиҷон дақиқ намуда, вақт ва самти ҳаракати онҳоро ба аъзоёни дигари гурӯҳ хабар медодааст.  Баъд роҳу усулҳои ба даст овардани ин боигариҳои моддиро барномарезӣ мекардаанд.
Дар ҷараёни мурофиаи суд як қатор ҷиноятҳои онҳо маълум шуд. Яке аз амалиёти тороҷгарии Дониёр Юлдошев ва шарикони ӯ аз ҳамин иборат будааст, ки бояд соҳиби мошини «Лассетӣ»-и кашонандаи пули зиёдро дар роҳи Тошканд – Андиҷон ба тороҷ баранд. Ронандаи мошин сокини ноҳияи Қӯрғонтеппаи вилояти Андиҷон Д.Маматӯраев буда, мехостааст тавассути мошини шахсиаш ин маблағро бо худ ба Андиҷон бубарад. 
Ҳамчунин дар мурофиа ҷиноятҳои дигари ӯву ҳамтабақҳояш ошкор карда шудаанд. Д. Юлдошев боре бо Л.Исомиддинов ном ҳамроҳаш, ки қаблан барои ҷиноятҳои қабеҳ ба маҳкама кашида шудааст ва муддати ҷазоро сипарӣ кардааст, амалӣ сохтани нақшаҳои тороҷгаронаи худро дар миён мегузорад. Вай хабар медиҳад, ки 20 майи соли 2018 дар роҳи Тошканд – Қарасӯ М.Исмоилов ном ронанда шабонгоҳ бо мошини «Ласеттӣ» пули зиёд мефиристад. Дигаронаш ин нақшаро ба субут расонидаанд.
Аз ҷиноятҳои дигаре, ки Дониёр Юлдошев даст дорад, ҳамин аст, ки вай маркаи мошин ва рақами онро ба ҳамтабақҳояш хабар медодааст ва онҳо нақшаи ӯро ҷиҳати ба тороҷ расонидани пул ё молу мавод  ба иҷро мерасонидаанд. Яке аз чунин ҷиноятҳои гурӯҳи тороҷгарон дар роҳи калони Андиҷон – Тошканд аз ҳамин иборат мебошад: хабар мерасад, ки дар мошини «Ласеттӣ»-и Д.Маматӯраев ном шахсе ғайр аз мусофирон пули зиёд низ мавҷуд аст. 
Узви гурӯҳи ҷиноӣ Р.Ҳакимов бо бародараш Б.Ҳакимов, ҳамчунин шарикони ҷиноӣ Ф.Бектошев, Ҷ.Аҳмадҷонов, Ҷ.Тоҷимаҳамматов, Қ.Латипов барои иҷрои нақшаи Дониёр Юлдошев ба рӯй ниқоб кашида, дар ин роҳ мунтазири мошини Д.Маматӯраев мешаванд. Вақте ки мошин наздик мешавад, онро бозмедоранд ва  ногаҳонӣ ҳуҷум карда, оинаҳояшро бо таёқчаҳои резинӣ зада мешикананд. Баъд ба ронанда ва саворонаш таҳдид мекунанд, ки аз мошин фароянд. 
Ҷинояткорон мошинро ба самте ронда нопадид мешаванд. Баъд дар қаламрави ноҳияи Олтиариқ, дар роҳи калони Учуй – Қизилтеппаи ин ноҳия мошинро нигоҳ дошта, дар ҷустуҷӯи пул мешаванд. Аммо пулро пайдо намекунанд ва мошинро дар ҳамон ҷо гузошта, ба воситаи мошини дигар аз ҷои ҳодиса нопадид мешаванд. 
Ҳодисаи дигаре, ки ба тороҷгарӣ машғул будани Л. Исомиддиновро бо ҳамфикрони дигари ғаразнокаш Ф. Юлдошев ва Ш.Собиров фош намуд, мошини тамғаи «Ласеттӣ»-ро боздошта, молу маводи қиматбаҳои ронандаи он М.Исмоиловро ба тороҷ бурдани онҳо буд. Ба мошини «Ласеттӣ» рақами давлатии  «МАЗ-504 В»-ро часпонида, ҳангоми гурехтан аз ҷои ҳодиса онҳоро кормандони идораҳои интизомии ноҳияи Бӯзи вилояти Андиҷон бозмедоранд.
Зимни мурофиаи суд дар бораи ҷиноятҳои содирнамудаи ин гурӯҳи калони  ҷиноӣ якчанд сабти навор низ ба намоиш гузошта шуд, ки бевосита аъмоли ҷинояткоронро фош ва тасдиқ менамоянд. Дар мурофиаҳои суд таҳти раёсати судяи шаҳри Марғелон М.Иброҳимов ҳамаи далелҳои ба муқобили аъзои гурӯҳи ҷинояткорон овардашуда тасдиқ шуданд. 
Дар ниҳояти кор судя ҳукми худро эълон кард. Тибқи он ҷинояткор Дониёр Юлдошев барои  ҷиноятҳояш ба ёздаҳ соли ҳабс маҳкум гардид. Аъзои боқимондаи ин гурӯҳ низ ба муддатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Ҳақ ба ҳақдораш расид. Аммо нуктаи дигар боиси ҳайрат мебошад. Модоме ки ин гурӯҳи ҷинояткор ба чунин аъмол даст задааст, чаро чораҳои фаврии интизомӣ андешида нашудаанд. Чаро дар кишвари ба истилоҳ боамну субот ин ҳодисаҳо боиси ба тарсу ваҳм гирифтор шудани одамони зиёд, аз пулу мол ҷудо гардидани соҳибони он шудаанд?

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: