Дар портали баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ лоиҳаи Фармони Сарвари давлат "Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026" эълон гардид.
Дар доираи ноил шудан ба ҳадафи коҳиш додани сатҳи бекорӣ тадбирҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
фароҳам овардани имконияти аз ҳисоби давлат барои ҳар як шаҳрванд омӯзонидани касби мушаххас;
ду баробар зиёд гардондани миқёси таълими касбӣ, ба касб омӯзондани як миллион нафар шаҳрвандони бекор ва то ба 30 фоиз расондани иштироки муассисаҳои таълими ғайридавлатӣ;
ба ихтиёри Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ додани масъалаҳои мунтазам дар ҳаҷми пурра шуғл варзидан бо таҳсилоти касбӣ;
ду баробар зиёд кардани миқёси таълими касбу ҳунар, таълими касбии ҳамагӣ 1 миллион нафар шаҳрвандони бекор.
Коркарди низоми ёрии давлатӣ барои азхуд кардани камаш як касб ба хатмкунандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ, ки хоҳиши азхуд кардани касбро изҳор кардаанд, пешбинӣ шудааст.