ДАВЛАТИ ИҶТИМОӢ —ТАМОЮЛИ МУҲИМИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Маълум аст, ки Конститутсия як ҳуҷҷати стратегӣ буда, соҳибихтиёрии ҳар як кишвар, манфиатҳои шаҳрвандон, мавқеъ ва тарзи ҳаёти онҳоро дар ҷомеа муайян мекунад, ки дар рушди давлатдории миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Аз таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳон маълум мешавад, ки Конститутсия ҳар қадар мукаммал таҳия шуда бошад ҳам, ҳуҷҷати шахшуда намебошад. Баръакс, ин ҳуҷҷати органикиест, ки пайваста бо мурури замон такмил меёбад. Қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳони соҳиби Сарқонун ба Конститутсияҳо ислоҳотҳо, илова ва тағйиротҳои гуногун дохил карда шудаанд, ки ин хусусияти асосии конститутсияҳои муосир мебошад. 
Масалан, агар ба таърихи Франсия, ки дар тараққиёти конститутсионӣ роҳи дуру дарозеро тай кардааст, назар кунем, мебинем, ки дар соли 1789, яъне баъд аз Инқилоби бузурги Франсия зиёда аз 20 конститутсия қабул карда шудааст. Охирин Конститутсия дар ин кишвар соли 1958 қабул шуда ва дар тӯли тақрибан 65 соли охир ба он тағйироту иловаҳо дохил карда шудааст.
Ин тағйироти конститутсионии кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, бо талабот ва рӯйдодҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлату ҷомеа ё пешгирии бӯҳронҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мушкилоти экологӣ ва муаммоҳои муҳити зист, рушди «сабз», ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва ҳукумати электронӣ, бунёди иқтисодиёти рақамнок, рушди инноватсионӣ ва илмию технологӣ, таъмини масъалаҳои ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсон, хусусан, ҳуқуқи наслҳои оянда пай дар пай вобаста аст. 
Дар ин замина, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйирот ворид кардан талаби давр аст. Зеро, ислоҳоти конститутсионӣ шарти зарурии рушди минбаъдаи мо буда, муҳимтарин вазифаҳои вобаста ба навсозии амиқи кишварамон ва таҳкими минбаъдаи истиқлолияти миллии мо онро зарурати объективӣ мегардонад.
Яке аз тағйироте, ки ба Конститутсияи мо пешниҳод карда мешавад, мустаҳкам намудани тамоюли «давлати иҷтимоӣ» ҳамчун меъёри конститутсионӣ мебошад. Пас, пеш аз ҳама, чунин савол додан табиист, ки давлати иҷтимоӣ чист, хусусиятҳои он чист, чаро ин тамоюл бояд дар конститутсияи мамлакат мустаҳкам карда мешавад, таҷрибаи хориҷӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?.
Давлати иҷтимоӣ – ин чунин модели давлатест, ки дар он сиёсати ноил шудан ба сифат ва сатҳи зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванд, рафъи нобаробарии иҷтимоӣ дар ҷомеа, кумак расонидан ба ниёзмандон пеш гирифта мешавад.
Хулоса, давлат бояд ба ғамхории шаҳрвандони худ бо камоли масъулият муносибат кунад. Зеро, давлати иҷтимоӣ давлатест, ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ба дараҷаи некӯаҳволии шаҳрвандон кафолат медиҳад. Дар чунин давлат сохтори таъминоти иҷтимоии ҳар як узви ниёзманди ҷамъият беистисно ҳал карда мешавад, давлат масъулияти дараҷаи муайяни некӯаҳволии шаҳрвандонро ба зимма мегирад. 
Агар дар ин бобат ба таҷрибаи давлатҳои хориҷа муроҷиат кунем, мебинем, ки дар сохторҳои байналхалқии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ давлати иҷтимоӣ ба ду тарз, яъне бавосита ва бевосита ифода меёбад. Тамоюли «давлати иҷтимоӣ» дар санади конститутсиявии Бритониё, Конститутсияи Итолиё, тавассути мафҳумҳо ба мисли «давлати таъминкунандаи фаровонӣ» ё «давлати таъминкунандаи фаровонӣ ва ободӣ» мустаҳкам карда шудааст. Дар намуди бевосита мафҳуми «давлати ҷамъиятӣ» дар моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз соли 1949 ифода ёфтааст. Аз ин рӯ, Олмон «давлати федеративии демократӣ ва иҷтимоӣ» эълон шудааст. Инчунин, тамоюли «республикаи тақсимнашаванда, дунявӣ, сотсиалӣ ва демократӣ» дар Конститутсияи Франсия соли 1958, тамоюли «давлати иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва демократӣ» дар Конститутсияи Испания дар соли 1978  инъикос ёфтааст.
Бояд гуфт, ки мафҳуми «давлати иҷтимоӣ» ҳанӯз дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон инъикос наёфтааст, вале моҳияти сиёсати оммавию инсонпарваронаи Президенти мамлакатамон ба ин тамоюл комилан мувофиқат мекунад. Зеро, дар заминаи ислоҳотҳо, ки дар мамлакатамон ба амал бароварда мешавад, омили инсон ниҳон аст.
Инчунин, ҳоло 50 фоизи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба соҳаи иҷтимоӣ равона карда шудааст. Дар баробари ин мо мебинем, ки тамоюли барномавӣ дар асоси ғояҳои асосӣ, ки «давлат бояд ба мардум хидмат кунад», «қадри инсон аз ҳама волост», «таъмини ризоияти мардум – вазифаи ҳар як хидматчии давлат» қарор гирифтааст. 
Имрӯз дар ҳаётамон сохтори ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз қабили «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» дорем, ки бо пайдоиши ин мафҳумҳо ҳамаи мо шоҳиди тағйироти куллӣ дар ҳаёти оилаҳои ниёзманд, камбизоат, оилаҳои ба кумак мӯҳтоҷ, занону духтарон ва ҷавонон ҳастем. Бе муболиға гуфтан мумкин аст, ки ин боз як зуҳуроти равшани он аст, ки давлати мо ба ҳаёти шаҳрвандони худ, имрӯзу фардои онҳо бепарво нест.
Аз ин рӯ, дар Сарқонун, ки тамоюли «давлати иҷтимоӣ»-ро нав мекунад, пешниҳоди муҳр задан як андешаи мантиқиест, ки аз як тараф ба таҷрибаи конститутсионии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва аз тарафи дигар ба сиёсати иҷтимоиёт нигаронидашуда, оммавӣ ва инсонпарварона комилан мувофиқ аст. 

Қодир ҶӮРАЕВ, 
депутати палатаи Қонунгузории 
Олий Маҷлис.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: