ДАВЛАТИ ҶАВОНОНАШ ПУРИҚТИДОР – ОЯНДАДОР

Ҷавонон ва масъалаҳое, ки ба таълиму тарзи зист, фаъолияти илмиву эҷодӣ, ниёзҳои маънавию иҷтимоии онҳо вобаста аст, ҳамеша дар маркази эътибори давлат қарор гирифта ва насли ҷавон, ки имрӯзу ояндаи ҷамъияти мост, мавриди ғамхории ҳамаҷониба мебошад.

Ҷавонон ва масъалаҳое, ки ба таълиму тарзи зист, фаъолияти илмиву эҷодӣ, ниёзҳои маънавию иҷтимоии онҳо вобаста аст, ҳамеша дар маркази эътибори давлат қарор гирифта ва насли ҷавон, ки имрӯзу ояндаи ҷамъияти мост, мавриди ғамхории ҳамаҷониба мебошад.
Ҳанӯз соли 2001 бо мақсади сарҷамъсозии авлоди баркамол ва тарбияи онҳо дар рӯҳи ғояи истиқлолияти миллӣ Ҷунбиши иҷтимоии ҷавонон «Камолот» ташкил ёфта буд. Созмон тӯли солҳои зиёд дар роҳи камоли ҳарҷонибаи насли ҷавон воқеан хидмати сазовор кард. Вале фаъолияти он, айни замон, аз норасоиҳо холӣ набуд. Дар ҳалли аксар масъалаҳои ҳаётие, ки вобаста ба ҷавонон мебошанд, оҷизӣ ва каммасъулиятии ин созмон то андозае ҳис гашт.
Мувофиқи қарори Президент аз 30 июни соли 2017 аввала Ҷунбиши иҷтимоии ҷавонон «Камолот» бо унвони «Иттифоқи ҷавонон» аз нав ташкил гардид. Дар ҳуҷҷат камбудиҳое, ки «Камолот» роҳ гузошт, қайд карда шуданд. Дар яке аз баромадҳои худ роҳбари давлат, аз ҷумла, қайд кард: «Хатоҳоро бояд дуруст намоем. Мақсади асосии мо танқид кардан не, балки муаммоҳоро дар вақташ пай бурдан ва ҳаллу фасл намудан».
«Иттифоқи ҷавонон» ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ташкилёбиаш ба иҷрои корҳои муҳиме, ки вобаста ба масъалаҳои ҷавононанд, ҷиддан шурӯъ сохт. Вазифаи он ба сифати ташкилоти ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ҳамчун иҷрогари асосии сиёсати ҷавонон дар мамлакат муайян гашт. Бо вуҷуди ҳамин наҳама бовариҳоро, ки нисбаташ зоҳир шуда буданд, «Иттифоқи ҷавонон» сафед кард. Нисбати фаъолияте, ки пеш бурд, фикрҳои манфӣ низ баён карда шуданд. Алайҳи «иттиҳод» дар таркиби «Иттифоқи ҷавонон» ибораи «ҷавонони номуташаккил» пайдо гашт. Наҳама лоиҳаҳое, ки созмон пеш гузошт, дастгирӣ карда шуданд. Расо баъди як соли ташкилёбии «Иттифоқи ҷавонон» роҳи тайкардаи созмон аз ҷониби роҳбари давлат низ аз рӯи якчанд масъала мавриди танқид қарор ёфт. Аз ҷумла, ӯ зикр намуд Иттифоқи ҷавонон, ки бо мақсадҳои калон ба бунёд омад, ба масъалаи корбарии манзилнок ва сохторӣ бо насли ҷавон аз паси панҷа менигарад, муаммоҳо вобаста ба ҳаёти авлоди баркамол саривақт дида баромада намешаванд. Баъзе чорабиниҳое, ки созмон мегузаронад, ба худнамоии хушк ва дабдабабозӣ монанд буда, самараи дилхоҳ намебахшанд.
Яке аз муҳимтарин вазифаҳои рӯз дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон, барои дар ҳаёт мавқеи муносиб пайдо кардани онҳо кӯмакрасонист. Вале ин вазифаҳо, хусусан дар деҳоти дурдаст, чӣ тавр ба иҷро мерасанд? Биноҳои замонавие, ки як вақтҳо ба «Камолот» мутааллиқ буданд, тағйири ном карданд, ба хонаҳои эҷодии ҷавонон табдил ёфтанд. Аммо онҳо назар ба аввала серодамтар шуданд ё не? Воқеан, ҷавононе, ки ҳақиқатан эҷодкоранд, яъне истеъдоди модарзод доранд, баҳри рӯиоббарории мақсадҳо аз чӣ гуна имкониятҳо истифода бурда метавонанд? Барои рағбатноксозии ҷавонони қобилиятнок ва ташаббускор якчанд мукофот, аз ҷумла, барои фаъолтарин ҷавонони сол «Мукофоти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон», барои ҷавононе, ки дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии мамлакат фаъолнокӣ зоҳир менамоянд, нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» таъсис ёфтаанд. Стипендияи «Иттифоқи ҷавонон» ташкил ёфтааст, ки дар пардохти 35 фоизи маблағи шартномавии донишҷӯёни фаъол ва ҳарҷониба худро нишон додан кӯмак мерасонад. Ғайр аз ин барои дастгирии онҳое, ки мехоҳанд ғояҳои инноватсионӣ ва креативро татбиқ созанд, озмуни гранти «Лоиҳаҳои инноватсионии олимони ҷавони ҷумҳурӣ» ба роҳ гузошта шудааст.
Сарчашмаи дониш ва биниш будани китоб ба касе сир нест. Аммо дар гузаштаи начандон дур дари китобхона ва дуконҳои зиёди китоб дар қаламрави ҷумҳурӣ пӯшида, аҳолӣ, хусусан ҷавонон, аз китоб ва мутолиа дур шуданд. Бобати бозгашт ба китоб ва тарғиби китобхонӣ шахсан роҳбари давлати мо ташаббус нишон дод. Ба тарзи анъанавӣ гузаронидани озмуни ҷумҳурии «Китобхони ҷа-вон» дар ҷалби фарзандонамон ба китобхонӣ, ташаккули маданияти мутолиа, ба китоб меҳрмониҳо мусоидат намуд. Ғолибони озмун аз рӯи синнҳои гуногун ба туҳфаи Президент – автомобили «Спарк» тақдиронида мешаванд. Фарзандон дар вазъияти тантанавӣ калиди автомобилҳоро ба волидони худ месупоранд...
Падару модароне, ки ба тарбияи маънавии фарзанд ин гуна эътибор нигаронда, ӯро китобдӯст сохтаанд, ба ҳар гуна мукофот ва дастгирии моддӣ сазоворанд. Хушоянд боз он ки озмун дар ин самт ошкор ва ҳаққонӣ сурат мегирад, давраи финалиро телеканали «Ёшлар» бевосита намоиш медиҳад.
Аммо маълум, ки Ӯзбекистон мамлакати сермиллат. Таълим дар боргоҳҳои маърифат ба чанд забон дода мешавад. Ҳар халқ адабиёт, шоиру нависанда дорад, адабиётҳои бадеӣ низ ба чанд забон. Дар шартҳои озмуни «Китобхони ҷавон» ин гуна ҷонибҳои нозук низ ба эътибор гирифта шудаанд ё не?
Ба ин суол, мутаассифона, ҷавоберо, ки қонеъ созад, пайдо карда натавонистем. Бо мақсади дастгирии ташаббус, стартап, ғоя ва лоиҳаҳои ҷавонон, ба таҳсили иловагӣ фарогирии бекорҳо аз рӯи мутахассисӣ, такмили малакаҳои коршиносӣ дар онҳо дар ҳузури «Иттифоқи ҷавонон» бунёде ташкил ёфтааст бо унвони «Ҷавонон – ояндаи мо». Ҷавононе, ки лоиҳаҳои тиҷоратиашонро ба амал бароварданианд, бо кӯмаки ин бунёд метавонанд аз бонкҳои тиҷоратӣ вомҳои имтиёзнок бо ставкаи 7-фоиза гиранд. Инчунин имконияти бо лизинг гирифтани молу мулк фароҳам оварда шудааст.
Бо мақсади таъмини ҷавонон бо шуғл дар ҳудудҳо «Гузарҳои меҳнати ҷавонон» ташкил ёфтааст, ки шохобчаҳои гуногуни истеҳсолию хидматрасониро фаро гирифтааст.
Ташкил гардидани отрядҳои «Ҷавонони фидоӣ» низ воқеаи муҳим дар ҳаёти ҷавонони мо қарор ёфт. Шахсони масъул хона ба хона гашта, муаммо ва таваҷҷӯҳи ҷавононро меомӯзанд, ба ҳудуд «диагноз» мегузоранд, дар асоси хулосаҳо муаммоҳои ба ҷавонон марбутро ҳаллу фасл менамоянд.
Ба оилаҳои ҷавон бо шарти пардохти ибтидоӣ дар асоси кредитҳои имтиёзноки дарозмуддат тартиби додани «Хонаҳои ҷавонон» ҷорӣ гардидааст.
Ғайр аз ин, ҷавононе, ки бо тавсияи «Иттифоқи ҷавонон» (дар ҳузури он комиссияи махсус фаъолият мебарад) ба самтҳои педагогии муассисаҳои таълими олӣ ҳуҷҷат месупоранд, дар асоси буҷаи давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданашон мумкин.
Бо мақсади бедор сохтани шавқи ҷавонон ба соҳаи технологияҳои информатсионӣ (IT) ва тавассути салоҳияти ақлӣ офаридани ҷойҳои корӣ дар Ӯзбекистон лоиҳаи Digital Generation корбаст гардидааст. Дар доираи ин лоиҳа таълимгирии ҷавонон дар самтҳои замонавии медиа, маркетинги рақамнок, робототехника, барномарезии веб, киберспорт таъмин мегардад.
Дар арафаи Рӯзи ҷавонон (30 июн) аз рӯи дида баромадани масъала ва таклифҳои ҷавонон дар ҳудудҳо лоиҳаи «Ҳоким ва ҷавонон» татбиқ мегардад, мулоқотҳо имкон медиҳанд ҳамкорӣ миёни ҷавонон ва ҳокимони ноҳияву шаҳрҳо мустаҳкам гардад.
Маълум, ки берун аз ҷумҳурӣ низ ҷавонони мо бо таҳсил ва кор банд мебошанд. Барои он ки ҳамкорӣ ва робита бо онҳо муттасил ба роҳ монда шавад, Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии «Ҷавонони Ӯзбекистон» ташкил карда шудааст.
Дар ҳузури «Иттифоқи ҷавонон», ки бештар аз 7,7 миллион нафарро гирди худ муттаҳид намудааст, бештар аз 20 шӯро ва иттиҳодия мавҷуд буда, дар таъмини фаъолнокии аъзо дар соҳаҳои санъат, адабиёт, илму фан, таълим, бизнес ва ҳоказо хидмат менамоянд.
Бо вуҷуди ҳамин масъалаҳои ҳалталаб дар ҳаёти ҷавонон ҳанӯз бисёр. Пайдо карда натавонистани кори дилхоҳ ҳамон қисме аз фарзандони моро азият медиҳад. Бо кушода шудани роҳҳо ба хориҷ, хусусан Русия, ҷавонони сершумор аз ноҳияҳо баромада рафтанд. Роҳкиро қимат. Вале ба қарз набардоштан, дар ҷустуҷӯи кор ба чаҳор тараф пароканда шуда нарафтан илоҷ нест. Муҳоҷири меҳнатӣ қонунан ба шуғл фаро гирифта шавад ё кор ёбад, чӣ хубе. Кор наёбад ва ба сарсонӣ дучор шавад-чӣ? Шуъбаҳои ноҳиявии «Иттифоқи ҷавонон» наметавонад бо кордеҳҳо аз Русия ҳамкорӣ кунад, муҳоҷирон дар корхонаҳои аниқ дар асоси шартнома кор кунанд ва пурра ба муҳофизат гирифта шаванд, падару модари ба роҳҳои онҳо нигарон хотирҷамъ бошанд?
Масъалаи ба шуғл фарогирии ҷавононе ҳам, ки муассисаҳои таълими олиро ба итмом расондаанд, низ ташвишангез. Дар ҷамъомади умумии понздаҳуми Сенати Олий Маҷлис ин муаммо алоҳида қайд гашт. Гуфта шуд ҷавонони бекор, ки соҳибдипломанд, 16 фоизро ташкил менамоянд. Сенаторҳо қарор карданд аз рӯи ин масъала ба ҳукумат таҳқиқи парлумонӣ фиристонанд. Таъкид ёфт дар ҷумҳурӣ тартиби квалификатсионӣ ва сохтори омӯзиши эҳтиёҷ ба кадрҳои ҷавони маълумоти олинок ҳанӯз ҷорӣ карда нашудааст. Дар муайянсозии квотаи қабул ба муассисаҳои таълими олӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавон талаботи бозори меҳнатӣ ба таври кофӣ риоя карда намешавад.
Аксарияти хатмкардагони мактабҳои олӣ аз рӯи ихтисосашон кор намекунанд, гуфт узви Сенат Дилором Тошмуҳамедова. Аз ин мавқеъ, 27,9 ҳазор нафаре, ки дар «дафтари ҷавонон» номнависанд, хатмкардагони муассисаҳои таълими олӣ буда, ҳоло бекоранд. Дар сохтори ягонаи меҳнатие, ки Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии ҷумҳурӣ пеш мебарад, қайд ёфта, ки корхонаю ташкилотҳои гуногун ба 116 ҳазор кадри маълумоти олинок эҳтиёҷ доранд, вале аз мавҷудии сохтори зикршуда аксарияти ҷавонони мо бехабар.
Камии маош низ муаммои дарднок. Маоше, ки корхонаҳо муайян мекунанд, хатмкардаи ба ивази маблағи калон таҳсилкардаро қаноатманд намесозад.
Айни замон, илова кард Д.Тошмуҳамедова, барои 19172 ҷои холии корӣ то 1 миллион сӯм, барои 26754 ҷои холии корӣ то 2 миллион сӯм моҳона таклиф карда мешавад.
Ба фикр меравем беихтиёр: донишҷӯе, ки тӯли чаҳор соли таҳсил тақрибан 50 миллион сӯм сарф кард, ба ивази 1 миллион сӯм маош чӣ тавр кор карданаш мумкин?
Дар соли 2020 бештар аз 11 миллион нафар ё худ 82 фоиз дар сектори хусусӣ фаъолият бурданд. Ин тақозо мекунад байни субъектҳои соҳибкорӣ ва муассисаҳои таълими олӣ дар масъалаи фармоишот корҳои сохторӣ мустаҳкам роҳандозӣ гарданд.
Дар ҷамъомади умумии понздаҳум сенаторҳо масъалаи бошуғлфарогирии ҷавонони дар асоси шартнома таҳсилнамуда ҳанӯз муайян набудани чораҳои аниқ ва мақсаднокро барҳақ танқид намуданд. Инчунин, қайд карданд барои диплом гирифтани донишҷӯёне, ки дар асоси грант хондаанд, шартномаҳои сеҷонибаи бо иштироки корхонаю ташкилотҳо баимзорасида аксарият сохта ва қалбакианд.
Хуб мешуд барои кори дилхоҳ ёфтани ҷавононамон, ки барои гирифтани диплом чӣ қадар заҳмат ва маблағ сарф кардаанд, чораҳои мушаххас андешида шаванд. Ҷавоне, ки хонд ва диплом гирифт, бигузор як умр аз рӯи ихтисос фаъолият барад, донишу малакаи андӯхтаашро ба нафъи умум ва равнақи диёр равона созад.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: