ДАВЛАТИ ПИРӢ

Истиқоматкунандаи маҳаллаи Саккокии ноҳияи Учтепаи пойтахт Зиёвуддинбобо Асомов 100-сола шуд.

Ба муборакбодсозӣ рафта, дар хонадони ӯ файзу таровати дигар ҳис кардем.
Фарзанд, набераю абера, қарибону пайвандон гирд омадаанд. Таҳти роҳбарии ҳокими ноҳияи Учтепа Ф.Абдуллоев раиси шуъбаи ноҳиявии бунёди «Нуроний» З.Асадов, раиси бунёди ҷамоатии хайрияи «Маҳалла» Ғ.Шамсиев, раиси шӯрои бунёди «Нуроний»-и шаҳри Тошканд Р.Калонов, намояндагони Иттифоқи ҷавонони ноҳия бо туҳфаҳо ба хонадони соҳибҷашн рафтанд. Бахту саодат, даму соатҳои хуши аъзои оиларо дида, дил мехоҳад шодмониҳо баҳам бинад. Дар ҳамин гуна синни муборак ҳам ҳар омадаро бо чеҳраи кушод истиқбол ва хайрамақдам мегӯяд Зиёвуддинбобо.
– Аз дилатон чӣ мегузарад, бобо? – табассумомез мепурсем. Мегӯяд:
– Аз он ки ба ин гуна рӯзҳои мунаввар ва доруламон расонд, ба Офаридгор шукрона меорам. Ба роҳбари давлат, бинобар эътибори муҳим ба солхӯрдагон, ташаккури беҳад. Ба давлати мо чашм нарасад. Дастархонамон ҳамеша пурнозу неъмат, диёрамон осуда, дар ҳама хонадонҳо осоиштагӣ ва хуррамӣ ҳукмрон бод.
З.Асомов соли 1920 дар Тошканд ба дунё омад. Солҳои 1935-1938 омӯзишгоҳи педагогии пойтахтро ба итмом расонд ва дар курси маҳви бесаводии маҳаллаи Қизилкӯпрук чун муаллим фаъолият намуд.
Дар солҳои душвори Ҷанги дуюми ҷаҳон, айни замон, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардид. Баъди пирӯзӣ дар барқарорсозии хоҷагии халқ ҳисса гузошт. Барои хидматҳои шоён вай бо медалҳои «Барои хизмати фидокорона дар ақибгоҳ», «30-солагии Ғалаба аз болои фашизм», «Собиқадори меҳнат», ҳамчунин нишонҳои ба муносибати 50-солагӣ ва 70-солагии Ғалаба  мукофотонида шудааст.
Имрӯзҳо садҳо нафар шогирдони З.Асомов дар соҳаҳои гуногун меҳнат мекунанд. Бобо бо ҳамсари худ Раҳимаая 5 писар ва 4 духтарро ба воя расонд, ки ҳама соҳиби маълумоти олианд. Духтараш Дилбарая ҳоло дар синни 74, писараш Ҳоҷимурод дар синни 72 буда, онҳо низ роҳҳои пасту баланди зиндагиро тай намудаанд.
Аснои шинос шудан ба роҳи ҳаётии Зиёвуддинбобо, ки соҳиби 22 набера, 46 абера ва 5 чабера мебошад, чӣ будани бардошт ва матонати инсониро дигарбора ҳис менамоед. На ҳар кас ба санҷишҳои рӯзгор тоб оварда ва бо шукру қаноат душвориҳоро паси сар месозад.
Зиёвуддинбобо дар ҳамин синну сол ҳам ҳамеша бо аҳли маҳалла ҳамнафас. Дуо мекунад меҳру оқибат дар байни мардум, хусусан, аҳли хонадон, байни хешу пайвандон кам нагардад.
Мегӯянд, дуои пирон иҷобат мегардад. Онҳо ба маънои ҳақиқӣ файзи хонадон, зинати рӯзгоранд. Умрашон зиёда бод, давлати пирӣ ба ҳар кас насиб кунад.

Д. ГУЛЧЕҲРА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: