Мо давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд месозем.
Биноан, дар соҳаҳои гуногун қонунҳои Ӯзбекистон ба тасвиб мерасанд. Вале дониши ҳуқуқии хидматгузорони давлатӣ, дар маҷмӯъ аҳолӣ, дар кадом сатҳ аст? Оё онҳо ҳаққу ҳуқуқи худро медонанд? Барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ бояд чӣ корҳоро анҷом дод?
Чанде қабл дар нишасти матбуотие, ки дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки ходимони ма-съули Вазорати адлия доир ба мавзӯи “Расондани асноди қонунҳои батасвибрасида ба қишри васеи аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ” баргузор шуд, дар ин хусус ва дигар масоили марбут ба ҳаққу ҳуқуқи аҳолӣ сухан ба миён омад.
Ходимони масъули вазорати мазкур изҳор доштанд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ тӯли соли сипаригардида хеле корҳо ба субут расиданд.
Бино ба маълумоти пешниҳоднамудаи онҳо соли сипаригардида аз ҷониби вазорат таҳти шиори “Интихобот – 2021: ба ояндаи худ овоз бидеҳ” бино ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳу-қуқии аҳолӣ доир ба қонунгузории интихобот чораҳои тарғиботӣ гузаронда шудаанд.
Бо иштироки 2 миллион нафар ҷавонон дар сартосари ҷумҳурӣ баргузории семинар-тренинг доир ба мавзӯи “Ватан дар тақдири ман” аз чорбиниҳои муфид буд.
Ҳамчунин, баромадкунандагон изҳор доштанд, ки ба мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ дар шабакаҳои Интернет порталҳои ҳуқуқии “Kurslar. Huquqiyportal.uz” ва «Yurxizmat.uz» роҳандозӣ шудаанд. Баргузории аксияи ҳуқуқии “Кӯмак ба фермерон” низ хотирмон буд. Бино ба асноди қонунгузории барои давлату ҷамъият муҳим, ки дар тӯли ҳафта ба тасвиб мерасанд, таҳти рукни “Навгониҳои қонунгузорӣ” ба се забон омода гардидани видеороликҳо аз чорабиниҳои саривақтӣ буданд.
Дар соли сипаригардида аз қабили “Маҷмӯи асноди қонунӣ доир ба интихобот”, “Сад суолу сад посух”, “Энсиклопедияи ҳуқуқӣ барои ҷавонон”, “Энсиклопедияи ҳуқуқӣ барои бачаҳо”, “Энсиклопедияи ҳуқуқӣ барои оила” чанд китобу дастур доир ба баланд бардоштани донишу маданияти ҳу-қуқии аҳолӣ рӯйи чопро диданд...
Бале, нишастҳои матбуотӣ доир ба ин ё он мавзӯъ баргузор мешаванд, ходимони вазорату идораҳо аз рӯйи вазифа бино ба корҳои анҷомдодаашон ҳисобот медиҳанд. Вале дар асл мебинед, ки донишу маданияти ҳуқуқии мансабдорони давлатӣ ва аҳолӣ на он қадар ба талаб ҷавоб медиҳад, шаффофият дар кору фаъолияти ҳамаи идораву корхонаҳои давлатӣ ба назар намерасад, ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ дар гирифтани маълумоти зарурӣ, ки бояд фаврӣ ба дасти чоп расанд, ба мушкилиҳо мувоҷеҳ мешаванд...
Дар поёни нишаст ба саволҳои ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ, ки ба мушкилоти мавҷуда низ дахл доштанд, масъулони соҳа дар доираи қонунгузорӣ ҷавоб доданд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.