ДАВОМИ АНЪАНА

Афсари мустафъӣ Шодмон Азизов саргарми мутолиаи китоб аз ҳаёти саркардаи афсонавӣ Георгий Жуков буд, ки тақ-тақи дарвоза шуд.

Афсари мустафъӣ Шодмон Азизов саргарми мутолиаи китоб аз ҳаёти саркардаи афсонавӣ Георгий Жуков буд, ки тақ-тақи дарвоза шуд. Вай сари кӯча баромад. Ду нафар ходимони шуъбаи оид ба корҳои дифои ҳокимияти ноҳияи Самарқанд ба ӯ Ташаккурномаи сарфармондеҳи яке аз қисмҳои ҳарбии вилояти Тошкандро, ки ба писараш Шуҳратҷон буд, супурданд.
– Ана ин туҳфаи хотиравӣ аз идораи мо,– гӯён телевизори гаронбаҳоро низ ҳадя карданд.
Соҳибхона ба расми тоҷикон амал карда, онҳоро ба хона таклиф намуд, аммо меҳмонон узр гуфта, хайру хуш карданд.
Шодмон Азизов боз китобро ба даст гирифт, лекин чашмонаш рӯйи сатрҳо медавиданду хотираҳои айёми ҷавонӣ пеши назараш ҷилвагар мешуданд.
Он солҳо вай дар синфи 8-уми мактаби миёнаи рақами 16-уми деҳаи Ӯрташайх таҳсил мегирифт. Роҳбари таълими ибтидоии ҳарбии мактаб, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон  Идӣ Казаков ба толибилмон эълон кард, ки пагоҳ, рӯзи якшанбе экскурсия ба омӯзишгоҳи ҳарбии автомобилӣ – фармондеҳии олии Самарқанд ташкил карда мешавад. Тамошо бепул, нақлиёт соати 8-и пагоҳӣ аз назди майдони варзиш ҳаракат мекунад.
Шодмон ба он ҷо аз аввалинҳо шуда ҳозир гардид. Дере нагузашта автобус аз ҳавасмандон пур шуд. Дар ҷойи кушоду васеи омӯзишгоҳ техникаи ҳарбӣ гузошта буданд, ҳар кас метавонист озод автомати ҳақиқӣ ва туфангро ба даст гирад ё ки ба курсии тӯп нишаста мили онро  давр занонад. Дохили чархболу танк гаштан ҳам аҷиб буд. Дар ошхонаи курсантҳо бо хӯрок зиёфат доданд, ки ин хотирнишин буд.
Бегоҳӣ Шодмон тафсилоти сафарро ба падараш – устоди мактаби миёнаи рақами 34-уми деҳаи Чоршанбе қисса кард ва афзуд, ки вай ҳатман ҳарбӣ мешавад.
– Орзуро айб нест, – гуфт Раббим Азизов.
— Шахсан ман розӣ, лекин бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Барои ҳимоягари Ватан шудан ҳам ҷисмонан, ҳам руҳан пурқувват будан лозим. Ба ту зарур аст, ки бо варзиш машғул шавӣ, забони русиро омӯзӣ.
Шодмон бо маслиҳати қиблагоҳ бо самбо машғул шуд, асарҳои Толстой, Чехов, Шолохов, Аркадий Гайдар ва дигаронро пайваста мутолиа намуд. 
Ӯ соли 1983 номаи камолро гирифту бо дуои волидайн ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи ҳарбии автомобилии қӯмондони олии Самарқанд супурд. Тайёрии ҷисмонӣ ва дониши кофӣ дошт, бинобар ин аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт. Дар омӯзишгоҳ тартиби қатъии ҳарбӣ буд, ки на ҳама ба таҳсилу аз асрори фармондиҳӣ огоҳ шудан тоқат карда метавонист. Бисёриҳо хонданро тарк карданд. Дар аввал Шодмон низ душворӣ кашид. Зеро соати шаш аз хоб хеста то соати 10-и шаб пайваста хондану машқ кардан осон набуд. Вай баъди чор сол ба гирифтани диплом ва рутбаи лейтенантӣ муваффақ шуд. Бо роҳхат ба яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шаҳри Чирчиқ ба кор омад. Дар муддати кӯтоҳ аз вазифаи командири взвод то дараҷаи ҷонишини командири қисм расид.
Соли 1986 ӯро ба шаҳри Тирмиз фиристоданд, ки ба сарбозони ҷавони маҳаллӣ, ки аксарият тоҷик буданду барои дифоъ аз инқилоби саври Афғонистон сафарбар мешуданд, сабақ диҳад. Шодмон Азизов аз он дар ҳайрат буд, ки аскарҳои маҳаллӣ дар муддати ду моҳ чиро хоҳанд омӯхт? Вай ин фикри худро бо «калон»-ҳо гуфта дар бало монд.
– Мо шуморо барои дарс додан даъват намудем, – гуфтанд вакилони Маскаву Тошканд, – агар маслиҳат лозим шавад, муроҷиат мекунем.
Вай аз чунин ранг гирифтани масъала ҳайрон монд. Зеро дар Афғонистон бисёр сарбозони камтаҷриба ҳалок мешуданд. 
Шодмон Азизов ихтиёран ариза навишт, ки ба Кобул роҳхат диҳанд. Аммо фармондеҳи округи ҳарбии Туркистон ӯро ба Самарқанд – ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ баргардонданро салоҳ донист.
Вай ба тақдир тан дод ва то ба нафақа баромадан дар омӯзишгоҳи ҳарбии автомобилии қӯмондонии олии Самарқанд бо корҳои таълиму тарбия машғул шуд. Ба истеъфо баромаду мардуми одамшиноси зодгоҳаш хислатҳои пурдониву дурандешии ӯро ба инобат гирифта, соли 2013 раиси маҳаллаи Ӯрташайх интихоб карданд. Ӯ ин вазифаро ду муҳлат бо масъулият адо намуд. Маҳз бо саъю кӯшиши вай бисёр корҳои ободонӣ амалӣ гардида, таъминот бо нерӯи барқ, оби ошомиданӣ ва газ беҳтар гардид. Атрофи қабристон бо девор иҳота шуда, кӯчаҳо аз таъмири хушсифат баромаданд. Тӯю маъракаҳо камхарҷу мувофиқи талаби замон шуданд. Аз ҳама муҳимаш, бо ҳамсари меҳрубонаш Соҷида Ғаниева се нафар фарзандро таълиму тарбия дод. Ҳоло писари калонӣ дар таркиби Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон дар рутбаи майор хизмат мекунад. Духтаронаш Гулмира ва Шаҳноза аз паси модар рафта, посбони саломатӣ шуданд. 
Полковник Шодмон Азизов барои хизматҳои шоён дар соҳаи ҳифзи Ватан ва нигаҳдории осоиштагии халқ бо як қатор мукофотҳои давлатӣ сарфароз шудааст.
Алҳол қаҳрамони лавҳаи мо – ҷонфидои халқу Ватан ду сана – Рӯзи ҳимоягарони кишвари азиз ва мавлуди хешро ҷашн мегирад. 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: