ДАВР МУНТАЗИР НАМЕШАВАД

Кино

Шабакаи телеграмми киноофарандагон лаҳзае ором намегирад. «Дар арафаи коркарди филми нав», «Фалон чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст»,  «Офаридани филм дар назар дошта мешавад...» ҳамаи ин гуфтаҳо маънои онро доранд, ки дар соҳа корҳо бо ҷидду ҷаҳд идома меёбанд. Ва бояд чунин бошад. Зеро мо мехоҳем ё худ не, ба назар чунин мерасад, ки кинои мо бинандаи худро барои тамошои силсилафилмҳои хориҷӣ аз даст медиҳад. Ба ҳар ҳол, ба ман чунин метобад.
Сериали хориҷиеро, ки ҳама таъриф мекарданду гӯё як серияи он аз яксаду чандин қисм иборат будааст, ба маънои он ки оё ба ин ситоишҳо меарзад, тамошо карданӣ шудам. Ҳанӯз намоиш оғоз наёфта, духтарам Мубина, ки дар синфи чаҳорум мехонад, ба наздам омада, гуфт, ки ӯ ин сериалро ҳангоми дар синфи якум хонданаш  тамошо кардааст. Ростӣ, ба ҳайрат афтодам. «Охир ин сериал барои калонсолон пешбинӣ шудааст-ку!». «Телевизор мудом кор мекунад. Ман ҳангоми дарстайёркунӣ сериалро ҳам тамошо мекардам», мегӯяд ӯ чашмонашро парронда. Ба ростӣ, дар ин сериали басо дуру дарози «таърифӣ» аслан ягон ҷузви ба ибратгирӣ шоиста нест. Дар филм ғайр аз барои манфиати худ ба дигарон панд додан, дар ин роҳ аз ягон амали қабеҳ даст накашидан, ба ҳаёти одамон зомин гардидан, хислатҳои муғамбирӣ, туҳмат, хиёнат, фиребгарӣ, душманиву адоват, манманӣ, сохтакорӣ, вайрон кардани фикри тамошобин дигар чизе набуд...
Кино натиҷаи меҳнати муштараки ҷамоаи эҷодкорон аст. Мо чун «Овоза дар маҳалла», «Ҷавонии даҳо», киноҳое, ки дар солҳои ҷанг ва даврони мушкили баъди ҷанг офарида шудаанд, аз ҷумла «Алишери Навоӣ», «Тоҳир ва Зӯҳро», «Мафтуни туям», «Тӯйҳо муборак бод», «Ёр-ёр», «Дилбари ман», «Авлиёи галатеппагӣ», «Хаёлпарасти аҷиб», «Дуэли таги чинор», «Шодиёна», «Абдуллоҷон», «Бачаҳои осмон» барин филмҳои хуб дорем. Танҳо як «Бачаи шум» сазовори эътибори зиёд мебошад. Дар ин филм кас хандида мегиряд, гириста механдад. Аз тамошои филмҳои «Ҷасорати Фарҳод», «Ту ятим нестӣ», «Себҳои соли 41» қалбатон аз ғуруру ифтихор пур мешавад. Саҳми ӯзбекистониён ба Ғалабаи бузург касеро лоқайд намегузорад.
Аз карахтии даҳсолаҳои охири кино,баъзан аз ҷангу низоъҳои зану шавҳар, баъзан хушдоману арӯс ва қудоён хаста мешавед.
Боре ҳангоми ҷунбуҷул дар ошхона ба филме, ки дар хориҷа офарида шудааст, чашмам афтод. Ин филмро, ки «Разведкаи ҳарбӣ. Фронти Шимолӣ» ном дошт, метавонед бо завқ дар як лаҳза тамошо кунед. Эътимод дорам, ки эҷодкори он, коргардони боистеъдод Юсуф Розиқов, ки боз ба Ватанамон баргаштааст, филмҳои хуб меофарад.
... Оре, солҳои охир чун «Ибрат», «101», «Илҳақ» филмҳои хубе ба тамошобинон пешкаш шуданд. Замон тақозо дорад, ки дар ин роҳ корҳо беш аз пеш ҷиддитар бошанд. Бешубҳа, офаридани кино кори осон нест. Дар ин ҷода ба эҷодкорон ҳамҷиҳатӣ, аҳлӣ, завқу шавқи эҷодиро таманно мекунем. Давр равшан собит менамояд, ки дар соҳати кинематографияи ҷаҳон барои забти завқу шавқ ва дили тамошобин чӣ гуна муборизаи шадид меравад.

Н.УСМОНОВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: