ДАВРАИ ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ ФАРО РАСИД

Сафари Президенти мамлакат ба вилояти Фарғона, хусусан боздиди ӯ аз агрофирмаи«Фарғона анорчилик» дастандаркорони ин агрофирмаро водор намуд, ки дар бобати ривоҷ додани ин соҳаи муҳим ҷиддан машғул шаванд.

Гуфта мешавад, ин агрофирма метавонад барои инкишофи соҳаи анорпарварии вилоят ҳамчун базаи мустаҳкаму устувор хизмат кунад.
– Асосан як сол мешавад, ки ба ривоҷи соҳаи мазкур бо ҷидду ҷаҳди бештар машғул шудем. Ин бесабаб нест. Сарвари давлат як сол муқаддам дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Сурхондарё гуфта буд, ки он шаъну шавкате, ки вилояти Фарғона, махсусан ноҳияи Қува, Тошлоқ ва шаҳри Қувасой тӯли даҳсолаҳо ҷиҳати парвариши анор ба даст овардааст, дар айни ҳол чандон қаноатбахш намебошад. Бояд хоҷагиҳои анорпарварии минтақаи мазкурро муттаҳид гардонда, як агрофирмаи нави анорпарварӣ ташкил кард,– мегӯяд раҳбари агрофирмаи «Фарғона анорчилик» Мастура Сайфуддинова.–  Гумон мекунам, ки дар муддати як соли охир мо тавонистем то андозае ба ҳадафҳои худ расем ва базаи анорпарвариро дар вилоятамон барпо намоем. Аммо ҳанӯз корҳо хеле зиёданд.
Ба таъкиди Мастура Сайфуддинова дар айни ҳол дар ноҳияҳои Қува, Тошлоқ ва шаҳри Қувасой дастикам дусаду навад гектар майдон ба парвариши понздаҳ навъи анор ихтисос дода шудааст. Вай мегӯяд, то чоряки қарни ҷорӣ масоҳати майдонҳои таҳти кишту парвариши анор ба ду ҳазор гектар хоҳад расид.
Маълум шуд, ки ба ин васила ҳалли масъалаи ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аъзои як қатор хонаводаҳои ин минтақаи вилоят мадди назар гирифта шудааст. Дарвоқеъ, бар асоси гуфтаҳои Мастура Сайфиддинова дар айни ҳол аъзои беш аз яксаду панҷоҳ хонавода ё ҳудудан панҷсад нафар барои парвариши токзор ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд ва онҳо метавонанд аз ин тариқ маишати оилавиашонро таъмин кунанд.
Сол аз сол дар бархе аз минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҷумҳуриамон камбудии об эҳсос мешавад. Аз ин раванд кишту боғзори як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона низ дар канор намондааст. Барои ҳамин қайди нуктае бамаврид мебошад, ки бо ташаббуси дастандаркорони ин агрофирма  обёрии бист гектар майдони анорзор бо усули қатра ба роҳ монда шудааст. Ин усул самараи хуби худро ба бор оварда ва дар сурати афзоиши ҳосил чунин усулро дар майдонҳои дигари агрофирма тавсеа хоҳанд бахшид.
– То ҳосилхез шудани кӯчатҳоямон аъзоёни агрофирма дар қатори байни ниҳолҳо сабзавоти дилхоҳашонро парвариш карда метавонанд. Ин нуктаро зимни ташрифашон ба агрофирмаи мо Шавкат Миромонович махсус таъкид карданд. Гузашта аз ин, агар мо азнавкоркарди маҳсулотамонро дар худи агрофирма ба роҳ монем, даромади мо чанд карат афзоиш меёбад ва даромади коргаронамон зиёд мешавад,– изҳор намуд Мастура Сайфуддинова.
Бар асоси суханони раҳбари агрофирмаи «Фарғона анорчилик» дар айни ҳол онҳо  тасмим гирифтаанд, ки ба ин масъала низ ҷиддан машғул шаванд. Мастура Сайфиддинова мегӯяд, онҳо аз роҳи ворид кардани сармояҳо ва азнавкоркарди маҳсулоти агрофирма татбиқи якчанд лоиҳаро мадди назар гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ бо соҳибкорони исроилӣ вориди гуфтугузор ҳастанд. Ҳамчунин дар бобати коркарди маҳсулот  агрофирмаи онҳо ба дастгоҳу таҷҳизоти замонавии Италия ва яхдонҳои Нидерландия ниёз доранд.
– Агар гуфтушунидҳоямон муваффақиятнок анҷомад, бо ба роҳ мондани ин ҳамкорӣ ду ҳазору чорсад тонна шарбати маҳсулот, беш аз севуним ҳазор тонна анори хушсифат ва чор ҳазор тонна анори қадоқ кардагӣ тайёр хоҳем кард. Ин омилҳоеанд, ки  базаи иқтисодии агрофирмаи моро хеле мустаҳкам мекунанд ва шӯҳрати онро берун аз қаламрави кишвар низ машҳур хоҳанд намуд, – тазаккур дод Мастура Сайфуддинова. 
 Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев зимни ошноӣ бо фаъолияти агрофирмаи «Фарғона анорчилик» ҳамзамон изҳор кард, ки дар ин замина ифтитоҳи таълими бакалавриати сесола ва магистратураи яксола дар Донишгоҳи давлатии Фарғона хеле ба мақсад мувофиқ мебошад. Чунки ҳар як  кор  мутахассиси худро бояд дошта бошад. 
Албатта, агар ба ин гурӯҳҳо ҷавонони маҳаллӣ ҷалб карда шаванд ва баъди таҳсил ба сифати мутахассис маҳз дар ривоҷи анорпарварӣ саҳм гузоранд, Ӯзбекистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба яке аз марказҳои асосии анорпарварӣ табдил хоҳад ёфт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: