ДАВРАИ ДИГАРГУНИҲОИ БУЗУРГ

Ба гуфтани он одат кардаем, ки бисту ҳашт сол барои таърих муддати кӯтоҳ аст, дар асл муддати кам нест.

Мегӯянд, «Бачае, ки оянда дорад, аз аввал маълум аст».
Тӯли беш аз чоряк аср дар ҷамъият таҳаввулоти зиёд рух дод. Дар солҳои аввали истиқлолият дар сиёсат ва низоми кор принсипҳои муайян нақши муҳим бозиданд. Иқтисодиёти мамлакат, лашкар, сарҳад, механизми идора, маҳалгароӣ, маскавпарастӣ, ГКЧП... Дар ибтидо давраи душвору пуртаҳлука буд. Роҳбар дар зарурат муросокор, вале чун вақташ ояд бояд қатъӣ амал  намояд. Охир дар миён халқ ва тақдири ӯ қарор дорад!
Дар чунин як замони мушкил истиқлолият ҳифз карда шуд, ба узвияти СММ ва дигар созмонҳо пазируфта шудем, ҳуқуқи байналхалқӣ барқарор гардид. Чун дар баъзе ҷумҳуриҳои хурд дар мо ҷанги шаҳрвандӣ рӯй надод, ба мухолифат роҳ дода нашуд. Табиист, ки касе розӣ буд, касе норозӣ. Муҳимаш, осудагӣ нигоҳ дошта шуд. Осудагӣ омили ривоҷёбист. 
Вақте аз комёбии давраи гузашта ёд мекунем, қабл аз ҳама ҳифзи осудагӣ пеши назар меояд. Ба фикрам, ин ҷиҳатро ҳама дастгирӣ мекунанд.
Ҳамчунин ошкор гардид, ки дар солҳои рушди баъдӣ мушкилиҳои зиёде ба миён омаданд. Дигаргуниҳои куллӣ ва ислоҳоти васеъмиқёси имрӯза ба аз миён бардоштани мушкилиҳои ғуншуда нигаронида шудаанд. Дар фосилаи гузашта  мамлакате нисбат ба мо бештар ривоҷ ёфта буд, аммо имкони гуфтан набуд: матбуот пӯшида буд, шабакаи иҷтимоӣ вуҷуд надошт. Аз халқ касе намепурсид, ки «ту аз рӯзгорат розӣ ҳастӣ, ё на?». Ҳам акнун дониста истодаем, ки мушкилиҳои иҷтимоӣ, ноҳақиҳо, фишоровариҳои махсус ба нафароне, ки ба чашм бад менамоянд, беадолатиҳо, ба коррупсия дода шудани роҳбарони самтҳои муайян – калонҳои ҳокимият, соҳаҳои бехатарию ҳуқуқ як қисми боми иқтисодиёти мамлакатро фурӯ нишонда будааст.
Яке порахӯр, дигаре миқдори зиёди пулро «шуста», ба бонки давлати хориҷӣ гузарондааст ё хазинаро ғорат карда, аз мамлакат фирор кардааст... Ин ҳолати солим нест. Ин кору кирдори нафаронест, ки такя кардан ба роҳбари якумро ба худ раво надидаанд, аз рӯйи адолат кор бурданро нахостаанд, ба Ӯзбекистоне, ки «ояндааш бузург» номида мешуд, туф кардаанд, танҳо манфиати шахсиро фикр кардаанд.
Хӯш, акнун худ бигӯед, онҳо ба кӣ содиқ буданд: ба роҳбар ё кишвар? Ба ҳар ду хиёнатро раво дидаанд.
Миқдори ин маблағҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ хонда, ангушти ҳайрат мегазам, гоҳо меандешам, ки ҳамаи маблағҳои дуздидашуда ба хазинаи давлат баргардонда мешуданд, магарам дар Ӯзбекистон қишри камбизоати аҳолӣ намемонд, ҷойҳои нообод обод мегардиданд, чӣ қадар роҳҳои хароб асфалтпӯш мешуданд.
Дар се соли охир ба рӯйи халқ дари созгорию фаровониҳо боз гардид. Аз ҳама муҳимаш ба рӯйи журналистон дари рӯшодгӯӣ кушода шуд. Ин таҳаввулоти ҷиддист. Аз факту далел ва фикрҳое, ки тавассути Интернет баён мешаванд, худи Президент  хулоса мебарорад. Ин нишонаи чист?
Журналист, қаламкаш, блогер дарди дили халқро менависад-дия. Президент аз мушкил хабар ёфта, чораандешӣ кунад хуб-ку. Дар чоряк асри қабл даҳони журналисту нависанда баста буд. Мисли бачаҳои кӯдакистон ба ҷуз «Ура- ура, ба Президентамон раҳмат» чизи дигар намегуфт.
Марҳамат, акнун фикр кун, таҳлил намо, хулоса барор. Аммо хулосаат холис бошад, фиреб надеҳ, одамонро ба кӯчаи сарбаста набар. Мисли пешина ба забон хоида дарди худро фурӯ бурдан ё пардапӯш карда сухан гуфтан ҳоҷат нест.
Ҳоло аҳли қалам на танҳо мушкили иҷтимоиро ба миён мегузорад, балки барои ҳаллу фасли он саҳм мегузорад. Ин, баробари озодӣ додан, ба масъулияти журналист меафзояд.
Чанде қабл, бо баҳонаи саёҳат, даҳ рӯз дар Туркия будам. Одатан шавқманди саёҳат ба хориҷи кишвар нестам, вале баробари рафтан ба ҳолати равонии одамон мутаваҷҷеҳ шудам. Дар чеҳраи касе осори воҳима нест, эҳсос намекунед, ки аз фардои худ дар хавотиранд. Сатҳи маданият хеле баланд, аз дӯкон гӯгирде харед ҳам сипосгузор мешаванд. Шаҳрсозӣ хеле рушд кардааст. Мисолан, дар ягон ҷойи Анталия ба тирбандии мошинҳо рӯ ба рӯ наомадам, ҳангоми даргирии чароғи сурх гузаштани пиёдаҳо ё дар миёни роҳ чоҳе надидам. Ба аломатҳое, ки истоданро манъ менамоянд, хеле кам дучор шудам, ронандаҳо қонуншиканӣ намекунанд, шахсони дар тахтапушташон навиштаҷоти «polic» доштаро танҳо дар аэропорт дидам.
Орзу кардам, ки кош лутфи мо низ ба якдигар арзонӣ мешуд.
Шояд ошхона, дукон ва меҳмонхонаи марказӣ қимат бошанд, аммо ошхонаҳои мавзеъҳои канорӣ низ бе мизоҷ нестанд, хоссатан, бегоҳиҳо чашматон ба нафароне меафтад, ки бо кайфияти хуш сурудеро замзамакунон нишастаанд. Дар масҷид садои азон баланд гардад, мардум баъди намозгузорӣ ба корашон идома медиҳанд. Хотири одамон ҷамъ, аз ҳаёт розӣ.
Шояд нафароне низ ҳастанд, ки аз тамом шудани пул, бекор мондан, вайрон шудани хонаашон, қатъ гардидани кори идора дар ташвишанд. Аммо ман ба ин гуна одамон дучор нашудам.
Басе мехостам, ки рӯзгори ӯзбекистониён низ бетарсу ҳарос ва осуда бошад.
Дигаргуниҳои куллӣ ва ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, ба кас умед мебахшанд. Ҳаракати пайгирона дар ҳама ҷабҳаҳо эҳсос мегардад, ягон соҳа аз назар дур нест. Нақшаю лоиҳаҳо ба ояндаи дурахшон нигаронида шудаанд. Аз ҳама муҳимаш, дар дили одамон ба фардо боварӣ пайдо шуд. Саъю ҳаракатҳое, ки бо назардошти ризоияти халқ анҷом дода мешаванд, Худо хоҳад, самараи дилхоҳ медиҳанд.

Собир ӮНАР,
нависанда, 
барандаи Ҷоизаи давлатӣ. (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: