ДАВРАИ НАВ ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО

27 октябр ба мамлакатамон Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ташриф овард.

28 октябр меҳмони олимартаба аз боғи «Янги Ӯзбекистон» боздид намуд ва ба пояи Муҷассамаи истиқлолият гулчанбар гузошт. 
Дар қароргоҳи «Кӯксарой» Шарл Мишелро Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт. Суратгирии якҷоя ба вуқӯъ пайваст. 
Пас аз он мулоқотҳо дар дараҷаи олӣ шурӯъ гардиданд. 
Дар суҳбат масъалаҳои муҳими минбаъд вусъат додани ҳамкории доманфарох баррасӣ гардида, табодули афкор доир ба мавзӯъҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ба амал омад. 
Дар бораи идома додани кори якҷоя оид ба вусъат додани ҳамкории  амалӣ бо мақсади ҳамдастӣ ба татбиқи барномаи бозсозиҳои демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакатамон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои инноватсия, иқтисодиёти «сабз», рақамисозӣ аҳду паймон ба вуҷуд омад. 
Ғайр аз ин, масъалаи таҳияи «харитаи роҳ» оид ба татбиқи пешниҳодот ва ташаббусҳое, ки Ӯзбекистон дар ҷараёни ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – ИА» пешбарӣ намуд, ҳамоҳанг карда шуд. 
Бинобар натиҷаҳои мулоқот Президент Шавкат Мирзиёев ва Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел барои матбуот изҳороти муштарак қабул карданд.
28 октябри соли 2022 дар шаҳри Тошканд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел баргузор гардид. 
Зимни мулоқот, ки дар муҳити дӯстона ва гарм гузашт, Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Шарл Мишел собит намуданд, ки дар солҳои охир муносибати байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо ба дараҷаи сифатан нав баромад ва хусусияти фарогир касб намуд. 
Ҷонибҳо аз кӯшиши Иттиҳоди Аврупо ба мустаҳкам намудани алоқаҳо ва ҳамкории минтақавӣ бо Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ истиқбол намуданд. 
Дар бораи пиёда намудани кӯшишоти муштарак бо мақсади ба муносибати байни Ӯзбекистон ва ИА бахшидани таҳрики нав ва минбаъд амиқ сохтани онҳо тавофуқ ба вуҷуд омад. 
Фаъолияти сермаҳсули механизмҳои муштараки эҷодшудаи ҳамкории дуҷониба ва байниминтақавӣ мусбат арзёбӣ гардид. Омодагӣ ба кӯшиши муштарак бо мақсади минбаъд баланд бардоштани самаранокии истифодаи потенсиал ва имконоти онҳо изҳор гардид.
Ҷонибҳо тасдиқи Мувофиқаро дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ истиқбол намуданд, ки дар муносибати байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо саҳифаи нав боз намуда, ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар заминаи масъалаҳои гуногуни васеъ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, бехатарӣ ва ҷанбаи инсонӣ мусоидат менамоянд. 
Президентҳо изҳори умед намуданд, ки ин ҳуҷҷати калидӣ ба зудӣ имзо ва ратификатсия хоҳад гардид. 
Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки дар корҳои байналхалқӣ ва муносибати дуҷониба ҷиддан Оинномаи СММ ва меъёрҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналхалқиро муроот менамоянд, ҳамкориро дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, ҳусни тафоҳум ва боназардошти манфиати ҷонибҳо риоя мекунанд. 
Ҷониби Аврупо дастгирии ҷиддии сиёсати ислоҳотро, ки дар доираи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав татбиқ мегардад, собит намуд ва изҳори умед кард, ки онҳо босубот ва бебозгашт мегарданд. 
Президентҳо гуфтугӯйи муфид ва ҳамкории фаъолро дар соҳаи ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун олӣ арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо ҷиддан азм дорад, ки минбаъд низ барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни  Ӯзбекистон ва ИА дар ин самт ҳамкорӣ намоянд. 
Роҳбари Шӯрои Аврупо бо қаноатмандӣ эътибори рӯзафзуни роҳбарияти Ӯзбекистонро ба масъалаҳои таъмини баробарии ҷинсӣ, дастгирии ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон таъкид кард ва омодагии ИА-ро ба идома додани ҳамкории ҳамаҷониба дар татбиқи лоиҳа ва барномаҳои ин ҷанбаҳо бовар кунонд. Иттиҳоди Аврупо аҳамияти эҳтироми пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро таъкид кард. 
Эътибори афзалиятнок ба масъалаҳои ҷалби сармояҳои бевосита, технологияи навтарин, таҷрибаи пешқадам ва стандартҳои баланди ширкатҳои ИА ба Ӯзбекистон нигаронда шуд. 
Президентҳо рушди муттасили ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо ва сармоя истиқбол намуданд. Дар ин самт моҳи апрели соли гузашта ба Ӯзбекистон додани мақоми мамлакати бенефисиари низоми «GSP+» иқдоми муҳим шумурда шуд, ки ин барои дастрасиро ба гузоштани номгӯйи васеи маҳсулоти Ӯзбекистон ба мамлакатҳои ИА бидуни гумрук боз намуд. 
Ҷонибҳо ногузирии қабули кӯшишоти муштарак бо мақсади тезондани татбиқи Стратегияи ИА оид ба Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин баргузор намудани Анҷумани «ИА – Осиёи Марказӣ» оид ба равобити ҳамдигар 18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд: «Дарвозаҳои ҷаҳонӣ» барои рушди устувор» истиқбол намуданд. 
Ҷониби Ӯзбекистон зимни анҷуман қабул намудани «харитаи роҳ» оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориро барои пешниҳод намудан омодааст.
Ба сифати омили низомнок барои вусъат додани савдои тарафайн ба вуҷуд овардани даҳлезҳои суботноки нақлиётӣ, аз он ҷумла инкишофи Хати мултимодали фарокасбиӣ муқаррар карда шуд. 
Президентҳо аҳамияти вусъат бахшидани иқтидорҳои бандарҳо, афзудани паркҳои паром ва роҳи оҳан, ҳамоҳангсозии  тартиби гумрук, татбиқи низоми рақамисозӣ барои коркарди бор ва убури сарҳадро таъкид намуданд. Татбиқи чунин лоиҳаҳо комилан ба мақсад ва вазифаҳои ташаббусҳои «Дарвозаҳои ҷаҳонӣ»-и ИА мувофиқ аст. 
Ҷониби Ӯзбекистон аҳамияти сохтмони роҳи оҳани «Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар»-ро таъкид намуд, ки ба амиқсозии равобит мусоидат менамояд. 
Ҷониби Ӯзбекистон омодагии худро барои ба вуҷуд овардани шароити ногузир ба ҷалби сармояи бевоситаи хориҷӣ, аз он ҷумла аз ширкатҳои ИА, изҳор намуд. 
Ҷонибҳо тасдиқ ва шурӯъи татбиқи Барномаи ҳамкории бисёрсолаи индикативии молиявиву техникии ИА-ро барои солҳои 2021-2027 барои Ӯзбекистон истиқбол намуданд. 
Онҳо аҳамияти истифодаи ҳамкории муфиди тарафайни молики аҳамияти бузурги   ҳамкориро дар соҳаҳои рақамисозӣ, иқтисодиёти «сабз» ва самарабахшии энергетикӣ ва истифодаи об, аз он ҷумла бо роҳи татбиқи таҷрибаи пешқадами аврупоӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳаҳоро таъкид намуданд. 
Ба Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои Ӯзбекистон оид ба  масъалаҳои обу экология, аз он ҷумла дар бобати таъсиси Фонди бисёршарикии трасти СММ оид ба бехатарии инсон барои минтақаи ҳавзаи Арал миннатдорӣ баён гардид. Ҷонибҳо дар бобати аҳамияти идома додани фаъолияти он ҳамфикр ҳастанд.
Аҳамияти амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои таълим ва илм, аз он ҷумла бо истифода аз потенсиали барномаҳои «Erasmus+» ва «Horizon Europe» таъкид ёфт. Ҷонибҳо татбиқи нахустин лоиҳаи минтақавии таълими касбии «DARYA»-ро истиқбол намуданд.
Ҷониби Ӯзбекистон дар Ӯзбекистон баргузор намудани нахустин Анҷумани «ИА – Осиёи Марказӣ»-ро оид ба сайёҳӣ соли 2023 пешниҳод намуд. 
Масъалаҳои муҳими мавзӯи минтақавӣ ва байналхалқӣ муҳокима гардид.
Аҳамияти идома додани кӯшишоти муштарак доир ба мустаҳкам намудани равобит, таъмини бехатарӣ ва суботнокӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид гардид. 
Ба ин маъно, ногузирии роҳ надодани Афғонистон ба манбаи таҳдидҳои минтақавӣ ва бехатарии байналхалқӣ таъкид шуд. 
Ба сифати нигаронии аввал бартарафсозии фарорасии даҳшати гуманитарӣ дар давраи зимистон, аз он ҷумла мадади инсонпарварӣ ба халқи Афғонистон, таъкид гардид. 
Ҷониби Ӯзбекистон махсусан ташаббуси худро дар бораи таъсиси Гурӯҳи  байналхалқӣ оид ба баргузории мулоқотҳо бо ҳукумати муваққатии Афғонистон бо мақсади тавофуқи ҳарчи зудтари алгоритми иҷрои ӯҳдадориҳои тарафайни ҷонибҳо таъкид кард. 
Ҷонибҳо дар бобати ногузирии ҷараёни фарогири сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла ҳуқуқи занон дар Афғонистон, барои дастёбӣ ва суботнокии дарозмуддат ҳамфикр ҳастанд. 
Дар охир президентҳо бори дигар моилиро ба мустаҳкам намудани шаффофият ва гуфтугӯйи муфид ва шарикии байни Ӯзбекистон ва ИА, инчунин ҳамдастӣ ба минбаъд вусъат додани ҳамкории минтақавӣ ва равобит дар асоси принсипҳои некҳамсоягӣ, эҳтироми ҳамдигар, боварӣ ва мурооти меъёрҳои меҳварии ҳуқуқи байналхалқӣ бо мақсади табдил додани Осиёи Марказӣ ба минтақаи сулҳ, бехатарӣ, субот ва рушди устувор собит намуданд. 
Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Хиёбони меҳмонони фахрӣ дар қароргоҳи «Кӯксарой» ниҳол шинонд. 
Ин анъанаи нек ҷамъбасти мулоқотҳои дар дараҷаи олӣ баргузоргардидаро, ки ба минбаъд амиқ намудани муносибати байни Ӯзбекистон ва ИА нигаронда шудааст, мустаҳкам менамояд. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: