Нуктаҳои қарори Девони Вазирон дар бораи чораҳои иловагӣ оиди расонидани кӯмаки моддӣ ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои эҳтиёҷманд, занону духтарон ва ҷавонон татбиқи амалии худ меёбанд.
Нуктаҳои қарори Девони Вазирон дар бораи чораҳои иловагӣ оиди расонидани кӯмаки моддӣ ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои эҳтиёҷманд, занону духтарон ва ҷавонон татбиқи амалии худ меёбанд. Хусусан, кор бо бонувон мазмуну муҳтавои тоза пайдо карда, занону духтарони ниёзманд мавриди ғамхории доимӣ қарор меёбанд.
Назар ба маълумотҳо, дар соли 2021-ум дар миқёси мамлакат 883 ҳазору 751 нафар ҷинси латифи аз 30-сола боло ба “дафтари бонувон” номнавис карда шуда буданд.
Дар кори барӯйхатгирии бонувон Вазорати пуштбонии оила ва маҳалла ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ таҳти ҳамкорӣ бо як қатор вазорат ва ташкилотҳои дахлдор ба шахсоне, ки ба ин кор масъул таъин шудаанд, ҳарҷониба ёрмандӣ карданд. Номнависсозӣ ба дафтари мазкур аз рӯйи 9 тоифа, ки бо назардошти шароит ва эҳтиёҷи ҷудогонаи бонувон муайян гашт, ба амал бароварда шуд.
Барои ҳалли муаммоҳое, ки ба “дафтари бонувон” ворид шудаанд ва дастгирии иҷтимоии онҳо дар асоси қарори Девони Вазирон, ки қайд кардем, ҳануз ибтидои соли сипаришуда тартиби муваққатӣ тасдиқ ёфта буд.
Мувофиқи он бонувоне, ки сарпараст гум кардаанд, маълӯли гуруҳҳои якум ва дувуманд, манзили зисташон ба таъмир муҳтоҷ аст, дар манзилҳои ғайри қобили зист истиқомат доранд, ба номи худ ё қарибонашон манзили алоҳида надоранд, занони танҳое, ки як ё аз он зиёд фарзандони ногиро доранд, бонувони камтаъмине, ки ба кумаки тиббӣ ё худ маслиҳатҳои ҳуқуқиву психологӣ ниёз доранд ва аз синни 30 гузаштаанд, ба “дафтари бонувон” дохил карда шуданд.
Муаммову эҳтиёҷ ва хоҳишу иштиёқи бонувоне, ки ба ин дафтар номнависанд, дар вақтҳое ки муайян шудаанд, тавассути пурсишномаҳо аниқ гардонида, дар муддати то 3 рӯз ба анкетаҳои индивидуалӣ-шахсии эҳтиёҷмандон ворид карда шуданд.
Дар натиҷаи омӯхта шудани анкетаҳо имконият фароҳам омад ба дараҷаи ҳифзи иҷтимоии занон равшанӣ андохта шавад.
Рӯйхати ба “дафтари бонувон” воридшудагон ва лоиҳаи “Харитаи роҳ”, ки ба ҳалли муаммоҳо нигаронида шудааст, дар муддати то ҳафт рӯз ба Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия (шаҳр) дароварда шуд. Рӯйхати тасдиқшуда, айни замон, ба барномаи Сохтори иттилоотии реестри ягонаи маҳалла ворид ва ба ниёзмандон дар ҳамин асос дар тартиби муваққатӣ хидматҳои даркорӣ расонида шуд.
Ба бонувоне, ки соҳибкор шуданианд, дар асоси қарори Девони Вазирон, ки зикр гардид, то 150 баробари миқдори ҳисоби базавӣ (33 млн 450 ҳазор сӯм) кредит ҷудо гашт. Айни замон ба бонувоне, ки рӯйхаташон дар Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия (шаҳр) тасдиқ ёфтааст, то чаҳор баробар миқдори ҳисоби базавӣ (аз 446 ҳазор то 892 ҳазор сӯм) кумаки моддии якдафъаина расонида шуд.
Дар асоси хулосаҳои роҳбарони секторҳо ва шуъбаҳои ноҳияви (шаҳрӣ)-и дастгирии маҳалла ва оила ба бонувони эҳтиёҷманд аз “дафтари бонувон”, ки ба муаммоҳои ҷои зист дучоранд, ҷубронпулӣ супурда шуд.
Дар соли нав кумакҳои давлатӣ ба занону духтарони камтаъмин ва ниёзманд мазмуни тоза пайдо мекунад. Дар саросари ҷумҳурӣ шахсони масъул хона ба хона даромада, бонувони аз сисола болоро аз нав ба рӯйхат медароранд. Дар ҳар маҳалла иборат аз ҳашт нафар гурӯҳи корӣ ташкил карда шудааст. Ба таркиби ин гуруҳ раис ва муовини ӯ оиди масъалаҳои ҳуқуқу тартибот ва оила ва муовинаш оиди бонувон ва масъалаҳои иҷтимоӣ, вакилони ташкилотҳои давлатию ҷамоатии ҳудудӣ ҷалб гардидаанд. Ҷараёни барӯйхатгирӣ дар ҷумҳурӣ то 31 январи соли равон давом менамояд.
Он тавре таъкид ёфт, дар давраи сеюми татбиқи “дафтари бонувон” мушкилоти бонувон аз нав омӯхта мешавад. Ягон нафар зан ё духтаре, ки ба кумаки иҷтимоӣ муҳтоҷ аст, набояд аз маркази эътибор дур монад.
Дар давраи сеюми пешбурди “дафтар” бонувоне, ки дар оилаашон нафаре ба “дафтари оҳанин” ё фарзандашон ба “дафтари ҷавонон” дохил шудааст, бонувоне, ки дар давраҳои якуму дувум оиди тоифаи якум ба “дафтари бонувон” дохил шуда буданд, ба кор таъмин шудаанд ё ба соҳибкорӣ машғуланд, соли 2022 ба “дафтари бонувон” дароварда намешаванд.
– Барӯйхатгирӣ дар давраи сеюм дар маҳаллаҳои мо низ муташаккилона давом дорад, – мегӯяд яке аз фаъолҳо Муҳаббат Турсунова аз ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд. – Мақсади давлат аз ин гуна ҳаракатҳои хайрандешона аз нигоҳи иҷтимоӣ дастгирӣ намудани занону духтарон, мустаҳкамсозии саломатии онҳо, аз ҳама муҳимаш, барояшон офаридани шароити мусоиди зиндагист.
Ҳаминро низ қайд карданием, ба кулли бонувон, сарфи назар аз он ки ба кадом тоифа шомил гардидаанд, кумакҳои ҳуқуқӣ, тиббӣ ва психологӣ расонида мешавад.
Дараҷаи эҳтиёҷмандии занону духтароне, ки ба “дафтари бонувон” дохил шудаанд, дар натиҷаи ҳамоҳангсозии миқдори тоифаҳо аз 9 ба 6 адад фуроварда мешавад.
Ба шаш тоифае, ки зикр кардем, бонувони бекори муҳтоҷ, ки кор кардан мехоҳанд, оянда соҳибкор шуданианд, сарпараст надоранд, дар муассисаҳои ҷазодиҳанда муддатро гузашта, ногирони гурӯҳи якум ё дувуманд, парасторашон бедарак гум шудааст, занони танҳое, ки дар маълумотномаҳои мақомоти маҳаллӣ зикр ёфтаанд, ба манзили зист ниёз доранд, ҷои зисти доимӣ надоранд, дар як хона то се хонадон истиқомат доранд, фарзандонашон ногиронанд, дохил мешаванд.
Айни замон занону духтарони оилаҳое ҳам, ки ба сохтори иттилоотии реестри ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ шомиланд, ба “дафтари бонувон” дароварда шуданашон мумкин.
Ба наздикӣ дар Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ доир ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии бонувон ва рафти давраи сеюми рӯйхатгирӣ ба “дафтари бонувон” брифинг баргузор ва роҳбари хидмати ахбори Вазорати дастгирии оила ва маҳалла Саодат Боймирзоева таъкид сохт барои ҳалли мушкилоти бонувони эҳтиёҷманд ва боз ҳам ташаккул додани сохтори кор бо занону духтарон таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷати ҳуқуқиву меъёрӣ ба нақша даромадааст.
М. ШОДИЕВ,
шореҳи иқтисодии “Овози тоҷик”.