ДАВРАИ НАВИ РАВОБИТИ ДӮСТИИ АЗАЛӢ ВА БАРОДАРӢ

Дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку 15 октябр ҳамоиши ҳафтуми Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон ба амал омад.

Дар ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков, Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  – Элбошӣ Нурсултон Назарбоев иштирок карданд. 
Дар анҷуман Сарвазири Венгрия Виктор Орбан, инчунин муовини раиси Девони Вазирони Туркманистон Пурли Агамуродов  ба сифати намояндаи мамлакати нозир иштирок карданд. 
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳамоишро кушода, Президент Шавкат Мирзиёевро ба муносибати ба Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон аъзо гардидани Ӯзбекистон муборакбод намуд. Қайд кард, ки қарори мазкури роҳбари Ӯзбекистон ба ҳамҷиҳатӣ ва пешрафти муттасили давлатҳои туркизабон хидмат мекунад.
Дар ҳақиқат, Ӯзбекистон дар ҳамоиши Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон бори аввал ба сифати узви баробарҳуқуқ иштирок менамояд. Мамлакатамон ба ин созмони бонуфузи байналхалқӣ соли ҷорӣ ҳамроҳ гардид.
Ба туфайли сиёсати хориҷии кушод ва прагматикии Шавкат Мирзиёев,  ташаббусҳояш бобати мустаҳкам намудани муносибати тарафайн бо давлатҳои дуру наздик тӯли солҳои охир дӯстон ва хайрхоҳони Ӯзбекистон зиёд гардид. Бо мамлакатҳои ҳамсоя, дуру наздик равобити комилан нав – солими сиёсӣ ва иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Самти нав, механизмҳои нави ҳамкории байналхалқӣ ҷорӣ мегарданд.
Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон яке аз чунин майдонҳои нави мулоқот ба ҳисоб меравад. Созмони мазкур 3 октябри соли 2009 дар шаҳри Нахичевани Озарбойҷон созмон дода шуда, аввал ба он Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзо буданд.
Дар тӯли солҳои охир бо ин мамлакатҳо равобит мустаҳкам гардид. Ташрифҳои дараҷаҳои олӣ ва баланд амалӣ гардиданд. Президенти мамлакатамон ба сифати меҳмони фахрӣ дар ҳамоиши Шӯрои туркӣ, ки 3 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чӯлпонатои Қирғизистон ба амал омад, иштирок кард. 
Роҳбари давлатамон дар ҳамоиши Чӯлпонато таъкид намуда, гуфт, ки аз қадим халқҳоямонро забони шабеҳ, арзишҳои муштараки маънавӣ ва риштаҳои ҳамкорӣ ба ҳам пайваст менамояд, дар доираи Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон барои мушорикати муфиди байниҳамдигар имкониятҳои васеъ мавҷуданд, дар бобати самтҳои асосии ин ҷиҳат таваққуф намуда, чандин ташаббуси муҳимро пешбарӣ намуда буд. Имрӯз ҳамаи мо гувоҳ ҳастем, ки нахустин ташаббусҳо ба амал татбиқ мегарданд. Хусусан 5 октябри соли ҷорӣ дар Тошканд бизнес-форуми Шӯрои соҳибкорони давлатҳои туркизабон баргузор гардид. Дар он беш аз 500 соҳибкор аз Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Венгрия иштирок намуданд.
Дар ҳоле ки байни Ӯзбекистон ва мамлакатҳои аъзои ташкилот робитаҳо фаъолона ривоҷ меёбанд, зарурате ба вуҷуд меояд, ки ҷиҳати ҳуқуқии онҳо мустаҳкам гардонда шавад. 14 сентябри соли ҷорӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қарордоди Нахичеванро дар бораи таъсис додани Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон ратификатсия намуд. Ташаббуси мазкур барои тавсеа пайдо кардани ташкилот ва афзоиши нуфузи он дар арсаи байналхалқӣ қадами ҷиддӣ гардид. Аз ин боис тамоми мамлакатҳои аъзо қарори мазкури Ӯзбекистонро бо мамнуният пазируфтанд. Ашхоси расмӣ, коршиносон мавқеи халқамонро дар таърихи олами турк, салоҳияти имрӯзаи онро эътироф намуданд.
Дар асл таърихи саромади халқҳои туркӣ ба ҳазораҳои пеш аз милод мерасад. Хоқони турк, Қарахониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён барин давлатҳои қадимии туркӣ аз салтанатҳои қудратманди даврони худ буданд. Бо таъсири онҳо забон ва тарзи ҳаёти туркӣ доман густурда, илму маданият ва санъат равнақ пайдо карда, бисёр алломаҳои бузург ба воя расиданд. Кашфиётҳои бузурги онҳо, асарҳои нодирашон нафақат барои халқҳои туркизабон, балки ба тамаддуни ҷаҳон ҳиссаи сазовор зам намуд.
Қаробати байни халқҳои туркӣ, вобастагӣ нафақат аз муштаракоти маданият, забон, дин ва арзишҳои шабеҳ вобаста аст, балки аз қадим алоқаҳои савдо ба роҳ гузошта шуда, онҳо байни ҳам рафтуо намуда, ҳамкорӣ кардаанд. Ин риштаҳо дар даврони Иттифоқи собиқ гусаста ва маҳдуд гардида бошад ҳам, дар солҳои истиқлолият дубора эҳсоси қаробат ва решаҳои қадимиро пайдо намуданд. Дар мамлакатҳои туркии марбути Иттифоқи собиқ ба худшиносии миллӣ эътибор афзуда, анъанаҳои таърихӣ аз нав барқарор гардид, бо давлатҳои туркизабон аз нав алоқаҳо фаъол гардиданд.
Дар аввали солҳои 1990 роҳбарони давлатҳои туркизабон хишти аввали ҷамъияти баробарҳуқуқи халқҳои қаринро, ки забону дил ва маданияту эътиқоди диниашон муштарак аст, гузоштаанд.
Соли 2009 дар шаҳри Нахичевани Озарбойҷон бо мақсади боз ҳам ба зинаи нав бардоштани ин дӯстӣ ва ҳамкорӣ Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аҳду паймон намуданд, ки Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабонро таъсис диҳанд. Принсипҳои асосии фаъолияти ташкилот дар Декларатсияи Истанбул, ки соли 2016 қабул гардид, муайян карда шуд.
Таркиби ташкилот аз Шӯрои роҳбарони давлатҳои туркизабон, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Кумитаи ашхоси олирутба, Шӯрои оқсақолон ва Ассамблеяи парлумонӣ дар Боку, Академияи турк дар Нурсултон, Ташкилоти байналхалқии маданияти турк дар Анқара иборат аст. Котибияти Шӯрои туркӣ дар шаҳри Истанбул ҷойгир шудааст.
Имрӯз нуфуси умумии  халқҳое, ки дар давлатҳои туркизабон зиндагӣ мекунанд, беш аз 150 миллион нафар аст. Ҳудуди давлатҳои аъзои ин Шӯро қариб 4 миллион километри мураббаъро ташкил менамояд. Пас аз аъзо гардидани Ӯзбекистон Шӯрои туркӣ аз ҷиҳати нуфус, салоҳият ва аҳамият дар маркази Евроосиё ба созмони бузург табдил ёфт.
Мақсади асосии ташкилоти мазкур мустаҳкам намудани эътимод ва алоқа дар байни мамлакатҳои қарин, ривоҷ додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ ва маданиву инсонпарварӣ, мувофиқсозии кӯшишҳо дар заминаи таъмин намудани сулҳ ва бехатарӣ дар минтақа мебошад.
Ба ташкилоти байналхалқии мазкур ҳамроҳ гардидани давлати мо аз қадамҳои таърихӣ дар сиёсати хориҷӣ ба шумор рафта, барои мамлакат ва халқамон аҳамияти хеле муҳим касб менамояд.
Аъзо гардидан ба Шӯрои туркӣ чӣ медиҳад? Аввал ин ки дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистон самти нав боз гардид, мамлакатамон дар боз як ташкилоти бузурги байналхалқӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи фаротар аз он фаъолият менамояд, аъзои баробарҳуқуқ гардид. Дар баробари ин худшиносии миллии халқ, таърихи бостон, забон, аслият ва ташаккули таърихии он вобаста ба арзишҳои қадимӣ ва ҳам алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои қарини ҳамсоя ва дур бо воситаҳои иловагӣ мустаҳкам гардид.
Оқибат, барои бо давлатҳои аъзо ва нозири Шӯрои туркӣ нафақат дар андозаи дуҷониба, балки дар таркиби бисёрҷониба низ бевосита ривоҷ додани ҳамкориҳо имконият фароҳам меояд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар нутқи худ дар ҳамоиш таъкид намуд, ки дохил шудани Ӯзбекистон ба созмон, бешубҳа, ифодаи раванди табиӣ ва таърихӣ мебошад. Дар замини кишварамон акс ёфтани саҳифаҳои пуршарафи таърихи умумиамон, олимону мутафаккироне мисли Муҳаммад Хоразмӣ, Аҳмад Фарғонӣ, Абурайҳон Берунӣ, Ибни Сино, Мирзо Улуғбек, ки ба рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ ҳиссаи беназир ҳамроҳ намудаанд, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотурудӣ, Баҳоуддин Нақшбанд барин алломаҳои бузурге, ки дар таърихи дини муқаддасамон нақши дурахшон боқӣ гузоштаанд,  инчунин шоири бузург Алишер Навоӣ, ки бо қаламаш  дунёи туркиро муттаҳид гардондааст, ифтихори на танҳо халқи ӯзбек, балки ҳама мебошанд.
– Аъзогӣ ба Шӯрои туркӣ ба манфиатҳои аслии халқамон пурра ҷавоб медиҳад. Имрӯз байни мамлакатҳоямон натанҳо равобити маданиву маънавӣ, балки муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба дараҷаи нав баромаданд. Дар тӯли се соли охир ҳаҷми савдои тарафайни мамлакатҳоямон қариб 2 баробар афзуда, беш аз ҳазор корхонаи муштарак созмон дода шуданд. Ҳаракати нақлиёт васеъ гардида, миқдори сафарҳои бераводиди сайёҳӣ меафзояд, риштаҳои бародарии халқҳоямон мустаҳкам мегарданд, – гуфт сарвари давлатамон.
Шавкат Мирзиёев бинобар масъалаҳои ба рӯзномаи ҳамоиш воридгардида фикру пешниҳодҳояшро изҳор намуд.
Роҳбари давлатамон қайд намуд, ки дар байни соҳибкорон барқарор намудани алоқаҳои бевосита ва боварибахш, ба вуҷуд овардани шароити хеле муносиб  вазифаи устувор мебошад. Дар ин замина ташаббуси ба вуҷуд овардани технопаркҳои муштарак, ташкил намудани ширкатҳои инноватсионии стартап ва фондҳои венчур, якҷоя барпо намудани фондҳои сармоягузории муштарак ва хонаҳои савдои давлатҳои туркиро пешбарӣ намуд.
Ҷамъомади шӯрои соҳибкорони давлатҳои туркизабон ва Форуми сармоягузорӣ, ки бо ташаббуси Президент ба қарибӣ дар Тошканд бомуваффақият анҷом ёфт, маҳз ба ин мақсад нигаронда шуда буд. Дар доираи ҳамоиши ҳафтуми Шӯрои туркӣ дар Боку бизнес-форум ташкил гардид, ки барои намоиш додани салоҳияти мамлакатамон аз шабакаҳои иқтисодиёт, ҳудудҳо ва воҳидҳои соҳибкорӣ 120 нафар вакил иштирок дошт. Бинобар ҷамъбасти бизнес-форуми мазкур ба қимати умумии беш аз 430 миллион доллари ИМА 75 қарордод ба имзо расид, ки барои аз мамлакатамон ба Озарбойҷон фурӯхтани амволи автомобил, ҷиҳозҳои техникаи маишӣ ва дигар мол мебошад.
Сарвари давлатамон дар суханрониаш зарурати ба воситаи татбиқ намудани лоиҳаҳои бузурги нақлиётиву коммуникатсионӣ аз тариқи даҳлези нақлиётии Осиёи Марказӣ — Туркия барои баромадан ба бозорҳои Аврупо, Чин ва Осиёи Ҷанубӣ ба вуҷуд овардани имконияти хуб инчунин самарабахш истифода бурдан аз иқтидори роҳи оҳани нави Боку - Тбилиси - Карсро таъкид кард. 
Дар барпо намудани марказҳои нақлиёт ва логистика ба кор андохтани инфрасохтори замонавии бандаргоҳҳои баҳрии ҳудудҳои мамлакатҳои аъзо ва ҳам расондани моли савдои хориҷӣ таклиф пешниҳод шуд, ки барои мамлакатҳои аъзои Шӯрои туркӣ ба таври аҳду паймон масъалаҳои баррасии нархҳои арзон ва имтиёзот матраҳ шавад.
Шавкат Мирзиёев зарурати ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро қайд намуда, изҳор намуд, ки Ӯзбекистон омода аст дар барномаи сайёҳии «Роҳи абрешими замонавӣ», ки Ташкилот соли гузашта таҳия намудааст, фаъол иштирок намояд. Таъкид кард, ки соли 2020 шаҳри куҳани Хива чун «Пойтахти маданияти дунёи туркӣ» эълон гардиданаш барои боз ҳам қарин намудани халқҳоямон, мустаҳкам намудани дӯстии абадӣ ҳиссаи бузург мегузорад.
Президентамон бо назардошти он, ки дар айни ҳол беш аз 40 фоизи аҳолии давлатҳои аъзои Шӯроро ҷавонон ташкил медиҳанд, сарвари давлатамон таклиф намуд, ки барои ба соҳибкорӣ васеъ ҷалб намудани онҳо дар доираи Шӯрои туркӣ Форуми соҳибкорони ҷавон таъсис дода, ҷамъомади аввалини он соли оянда дар Ӯзбекистон гузаронда шавад.
Президенти Ӯзбекистон муҳим будани ҳамкории маданиву инсонпарвариро алоҳида таъкид карда, пешниҳод намуд, ки бо забони модарии ҳар як мамлакати Шӯро силсилаи китобҳои «Дурдонаи адабиёти туркӣ», ки ба онҳо намунаҳои беҳтарини адабиёти халқҳоямон ворид мегарданд, дар 100 ҷилд нашр карда шавад.
– Мо омодаем, ки ба Академияи байналхалқии туркӣ, ки дар назди Ташкилот таъсис ёфтааст, аъзо гардем. Ҳамзамон таклиф менамоем, ки бо мақсади рағбатнок намудани эҷодкорони мамлакатҳои аъзои Шӯро, ки дар адабиёт ва санъати замонавӣ ва соҳаи таъриху меъморӣ ба ғалабаҳои бузург ноил гаштаанд, Мукофоти байналхалқии ТУРКСОЙ таъсис дода шавад, – гуфт роҳбари давлат.
Шавкат Мирзиёев дар фаровард ба муносибати ба Ҷумҳурии Озарбойҷон гузаштани раисӣ дар Шӯрои туркӣ  Илҳом Алиевро муборакбод намуда, ба вай комёбиҳои бузург таманно кард.
Ҳамоиши индафъаинаи Шӯрои туркӣ ба мавзӯи рушди соҳибкории хурд ва миёна бахшида шуд. Ба ҳамин муносибат дар ҳамоиш масъалаҳои ба ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёти ҳамҷиҳати давлатҳои туркӣ алоқаманд баррасӣ гардиданд. Таъкид гардид, ки дар доираи созмон васеъ гардондани ҳамкории иқтисодӣ устувории давлатҳои туркизабонро ба буҳрони сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ пурзӯр мегардонад.
Бинобар ҷамъбасти музокирот маросими ба имзо расондани ҳуҷҷатҳо ба амал омад. Роҳбарони ҳайатҳо  Баёноти ҳамоиши ҳафтуми Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон, қарор дар бораи таъсис додани Кумитаи мувофиқсозии Шӯрои туркӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро қабул карданд.
Изҳороти муштараки роҳбарони давлатҳои аъзои Шӯрои туркӣ дар бобати ба сифати аъзои комилҳуқуқ гардидани Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ташкилот воқеаи муҳими ҳамоиш гардид.
Саркотиби Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон Бағдод Амреев дар брифинг барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ таъкид кард, ки мулоқоти босамари роҳбарони ҳайатҳо дархури манфиатҳои мамлакат ва халқҳоямон гардида, дар бобати барқарор намудани мушорикати муфид барои муайян намудани қадамҳои навбатии мамлакатҳоямон имкон медиҳад.
Дар доираи ҳамоиш дар шаҳри Боку вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғон ба амал омад.
Сарони давлатҳо якдигарро самимона хайрамақдам гуфта, мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстии Ӯзбекистону Туркия, ҳамкории серқирра ва шарикии стратегиро бо қаноатмандии алоҳида қайд намуданд.
Президенти Туркия роҳбари Ӯзбекистонро ба муносибати ба Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон ҳамроҳ шудани мамлакат самимона муборакбод намуда, барои рушди равобити дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ муҳим будани ин қарорро таъкид кард.
Дар рафти музокирот масъалаҳои идома додани мулоқоти конструктивии сиёсӣ, васеъ гардондани ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, сармоя, энергетика, сайёҳӣ ва дигар самтҳо баррасӣ гардиданд.
Муҳим будани дастгирии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи ду мамлакат қайд гардид.
Президенти Ӯзбекистон ва Туркия бинобар масъалаҳои муҳими сиёсати байналхалқӣ ва минтақавии ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуда, ҷадвали чорабиниҳои ояндаи дараҷаи олиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президент Шавкат Мирзиёев Сарвазири Венгрия Виктор Орбанро қабул кард.
Дар аввали вохӯрӣ сарвари ҳукумати Венгрия Президентамонро ба муносибати ба Шӯро ҳамроҳ гардидани Ӯзбекистон самимона муборакбод намуд. Боварӣ изҳор гардид, ки рушди ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ба амиқ гардондани шарикии серқирраи байни ду давлатҳо хидмат мекунад.
Дар рафти суҳбат пешомади ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявӣ ва маданиву инсонпарварӣ муҳокима гардиданд. 
Муҳим будани ташкили мулоқотҳои мунтазами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои пеш бурдани лоиҳаҳои ҳамкории амалӣ, пеш аз ҳама дар кишоварзӣ, паррандапарварӣ, саноат, дорусозӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо қайд гардиданд. 
Инчунин масъалаҳои муҳими молики байналхалқӣ, аз он ҷумла шарикӣ дар формати Ӯзбекистон – ИА мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар доираи ҳамоиши Шӯрои туркӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбошӣ Нурсултон Назарбоев вохӯрд.
Сарвари давлатамон Нурсултон Назарбоевро бо раиси фахрии Шӯрои туркӣ интихоб шуданаш  ва бо ордени олии дунёи туркӣ сазовор гардиданаш самимона муборакбод намуд.
Ҳиссаи бузурги Нахустин Президенти Қазоқистон дар барқарор намудан ва рушди Шӯро, инчунин васеъ гардондани ҳамкории муфид дар доираи созмон алоҳида таъкид гардид.
Элбошӣ Нурсултон Назарбоев, дар навбати худ, таъкид намуд, ки ба Шӯрои туркӣ ҳамроҳ гардидани Ӯзбекистон нуфузи байналхалқӣ ва самарабахшии ҳамкориро дар доираи ин сохтор баланд мебардорад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, инчунин рӯзмарраи молики глобалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Бо ҳамин ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ба охир расид.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
мухбири махсуси ӮзА.

ТОШКАНД — БОКУ — ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: