Дар зарфи панҷ соли охир дар мамлакатамон як қатор лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика татбиқ карда шуданд.
2 июни соли ҷорӣ Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нахустин лоиҳаи муштаракро дар ин соҳа – сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Ёвонро оғоз карданд.
Хабарнигори ӮзА бо сардори Сарраёсати ҷалби сармояҳои хориҷӣ, тайёркунӣ ва мониторинги татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» Суратилло Исматов дар бораи корҳое, ки ҷамъият дар панҷ соли охир ба анҷом расондааст, инчунин дар бораи рафти сохтмон дар нерӯгоҳи барқи обии Ёвон суҳбат орост.
– Дар ин давра ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» аз ҳисоби сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии нави бузург, миёна ва хурд шумораи онҳоро аз 36 то 50 адад расонд, – мегӯяд С.Исматов. – Дар натиҷаи ин корҳо иқтидори умумии гидроэнергетикаи кишварамон имрӯз қариб 2052,7 МВт-ро ташкил медиҳад.
Дар айни ҳол дар асоси беш аз 30 лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии мавҷуда корҳои васеъмиқёс анҷом дода мешаванд.
Чи хеле ки маълум аст, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2-3 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар кишвари мо буд.
Дар чаҳорчӯби ин сафар 2 июн маросими ботантанаи оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Ёвон дар рӯдхонаи Зарафшон баргузор шуд.
Дар рафти музокираҳои сатҳи олӣ ҳайати расмӣ таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, аз он ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетикаро баррасӣ намуданд. Сарони ду давлат тугмаи рамзиро пахш карда, ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ оғоз бахшиданд.
– Дар бораи иқтидор ва имкониятҳои истифодабарии нерӯгоҳи барқи обии нав нақл мекардед. Оё дар оянда дигар лоиҳаҳои ба ин монанд татбиқ карда мешаванд?
– Таъкид кардан ҷоиз аст, ки нерӯгоҳи барқи обии Ёвон лоиҳаи бузурги пешомадноки ду кишвар дар соҳаи гидроэнергетика мебошад. Аз ҳама муҳимаш, ин аввалин лоиҳаи бузурги ҳамкории дуҷониба дар самти мазкур аст.
Нерӯгоҳи иқтидораш 140 МВт дар таъмини бехатарии энергетикӣ, устувории об ва кишоварзии ду кишвар нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар мавриди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бояд таъкид кард, ки шахсони масъули ду кишвар дар мавриди бунёди ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва асосноккунии техникию иқтисодии фаъолияти онҳо ба мувофиқа расиданд. Мувофиқи созишномаи мазкур сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар ду марҳала сурат мегирад.
Ҳамин тариқ дар навбати аввал нерӯгоҳи барқи обии Ёвон сохта мешавад. Нерӯгоҳ барои соле ба ҳисоби миёна истеҳсол намудани 832 миллион киловатт-соат қувваи барқ пешбинӣ шудааст. Иқтидори он 140 мегаватт ва арзиши пешгӯишаванда 282 миллион доллар хоҳад буд. Ҷолиби диққат аст, ки нерӯгоҳ имконият дорад, ки хароҷоти худро дар зарфи 15 сол пӯшонад ва дар давоми 40-50 сол беист кор кунад.
Дар доираи марҳилаи дуюм имкони бунёди нерӯгоҳи барқи обии Фондарё бо иқтидори 135 мегаватт ва арзиши лоиҳавӣ 270 миллион доллар мавриди омӯзиш қарор дорад. Нерӯгоҳи барқи обии мазкур соле ба ҳисоби миёна ба ҳосил намудани 560 миллион киловатт-соат қувваи барқ пешбинӣ шудааст. Он хароҷотро дар зарфи 20 сол мепӯшонад ва мисли соли пештара 40-50 сол беист кор мекунад.
– Оё лоиҳаҳо аз ҳисоби сармоягузории бевоситаи хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд? Ҳаҷми умумии истеҳсоли онҳо ва нақши онҳо дар таъмини шуғли аҳолӣ чӣ гуна аст?
– Бешубҳа маблағгузории лоиҳаҳо аз ҳисоби сармояи бевоситаи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Иқтидори умумии солонаи ин объектҳо ба 1400 миллион киловатт-соат мерасад. Ин, дар навбати худ, эҳтиёҷоти беш аз 600 ҳазор оиларо ба қувваи электр таъмин мекунад. Дар доираи сохтмони нерӯгоҳҳои нав ҳудуди се ҳазор ҷойи кори мавсимӣ ва дар натиҷаи ба кор андохтани онҳо беш аз 200 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад.
Ба сифати фармоишгари лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии мазкур бо иштироки ҷонибҳо корхонаи муштарак дар шакли ҷамъияти саҳҳомии TaUz HIDRO таъсис дода шуд.
Дар айни ҳол ҷонибҳо ҷиҳати ҷалби маблағҳои гранти созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои маблағгузории тадқиқоти пешазлоиҳа ва омода намудани асосноккунии техникӣ ва иқтисодии лоиҳа чораҳо меандешанд.
ҶС TaUz HIDRO вазифаҳои техникии НБО-ҳои навро таҳия намуда, ширкатҳои машваратии байналмилалиро барои омода намудани асосҳои техникию иқтисодии лоиҳа ҷалб мекунад. Тамоми корҳои муҳандисӣ бо иштироки ширкатҳои пешқадами хориҷӣ дар асоси андозаҳои замонавӣ анҷом дода мешаванд.
Лоиҳа аз ҳисоби сармояҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин маблағҳои худии ҷонибҳо, ки ба сармояи оинномавии КМ дохил мешаванд, маблағгузорӣ карда мешавад. Аллакай институтҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки осиёии рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои маблағгузории ин лоиҳа ҳавасмандии худро баён карданд.
Бо итминон метавон гуфт, ки дар рушди ҳамкориҳои энергетикии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон давраи нав оғоз шуд, ки ба беҳбудии мардуми ду кишвар хидмат мекунад.
Мусоҳиб
Насиба
ЗИЁДУЛЛОЕВА,
мухбири ӮзА.