11 ноябр дар шаҳри Самарқанд зери раисии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷамъомади сарони давлатҳои Созмони давлатҳои туркӣ баргузор шуд, ки мавзӯи он «Марҳилаи нави тамаддуни туркӣ: дар роҳи тараққиёт ва гулгулшукуфии умумӣ» муайян шудааст.
Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған, Раиси Халқ Маслаҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Сарвазири Венгрия Виктор Орбан иштирок намуданд.
Инчунин роҳбарони Ташкилоти байналхалқии маданияти туркӣ (ТЮРКСОЙ), Ассамблеяи парлумонии давлатҳои туркӣ (ТЮРКПА), Академияи байналхалқии туркӣ, Фонди маданият ва мероси туркӣ, Котиботи ин сохтори бисёрҷанба ширкат доштанд.
Бинобар рӯзномаи маҷлис дар ҷамъомади роҳбарони давлатҳо ҳолати ҷорӣ ва истиқболи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиву гуманитарӣ муҳокима гардиданд. Масъалаҳои пурзӯр намудани равобит ва васеъ сохтани ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, энергетика ва хоҷагии қишлоқ баррасӣ гардиданд. Ба таҳияи механизмҳои босамари ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои илм ва таълим, технология ва инноватсия эътибори алоҳида нигаронида шуд.
Дар баромади худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирокдорони ҳамоишро барои дастгирии ташаббус дар бораи шаҳри Самарқандро, ки рамзи сулҳ ва дӯстӣ, маркази илм ва маориф ба шумор меравад, «Пойтахти тамаддуни туркӣ» эълон намудан миннатдорӣ баён намуд.
– Сарзамини қадимаи туркӣ дар зарфи ҳазорсолаҳо Шарқ ва Ғарбро пайваст намуда, тамаддунҳои ҷаҳонро қарин сохта, маданияташро ғанӣ сохтааст. Мо воқеан бо ниёгони умумии бузургамон ифтихор дорем, ки ба таърихи қадимаи дунёи туркӣ саҳифаҳои дурахшон сабт намудаанд, – таъкид кард роҳбари Ӯзбекистон.
Дар шароити муқовимати рӯзафзуни геосиёсӣ, оқибатҳои манфии буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва тағйири иқлим муайян намудани бархурдҳои умумӣ ва ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳо дар ҳалли муҳимтарин мушкилот фавқулода аҳамиятнок аст.
Бинобар ин дар давраи раисии худ Ӯзбекистон азм дорад, ки консепсияи «Назари дунёи туркӣ – 2040» ва Стратегияи панҷсолаи Созмони давлатҳои туркӣ, ки имрӯз қабул мегардад, нуфузи Созмонро, ки минтақаи доманфарохро бо аҳолии беш аз 170 миллион нафар фаро мегирад ва аз ҳама муҳимаш барои ҳарчи ба дараҷаи баланд бардоштани ҳамкории мамлакатҳо ва халқҳои бародар, ки таърих, забон ва маданияти муштарак доранд, босамар татбиқ намояд.
Дар асоси таҳлили амиқи фаъолияти Созмон пешвои Ӯзбекистон чандин ташаббусро пешниҳод намуд, ки ба роҳандозии зарфияти бузург ва имконоти мамлакатҳои туркӣ нигаронда шудааст.
Мувофиқи мақсад будани мустаҳкам кардани пойгоҳҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ таъкид гардид.
– Табодули амволи байни мамлакатҳоямон аз ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ ҳамагӣ 4 фоизро ташкил менамояд. Қисми боқимонда ба ҳиссаи мамлакатҳои сеюм рост меояд. Албатта ҳеҷ касе аз мо ба ин вазъияти кор қонеъ буда наметавонад, – таъкид намуд Президенти мамлакатамон.
Барои куллан тағйир додани вазъият дар ин самти стратегӣ, таъмини пеш бурдани озодии савдо, сармоя ва хидматрасонӣ пешниҳоде бобати дар доираи Созмон ташкил намудани «Фазои имконоти нави иқтисодӣ» пешниҳод гардид.
Барои дарёфтани мақсади мазкур пешвои давлатамон ҳамасола баргузор намудани Анҷумани байналхалқии иқтисодиёти туркиро пешниҳод кард. Ташкил намудани корхонаҳои муштарак дар доираи анҷуман ба андозаи «давлат ва тиҷорат», вохӯриҳои соҳибкорон ва мизҳои мудаввар, тақдимоти лоиҳаҳои инноватсионӣ ва намоишгоҳҳо боздеҳи калони амалӣ доранд. Муҳим аст, ки дар поёни чунин чорабиниҳо «нақшаҳои роҳ»-и ҳарсола қабул мегардад, ки ба татбиқи барнома ва лоиҳаҳои муштарак мунҷар мегарданд.
Ин чорабиниҳо пеш аз ҳама ба куллан афзоиши ҳаҷми савдои ҷонибҳо ва бо ҳам баромадан ба бозорҳои мамлакатҳои сеюм, ба вуҷуд овардани занҷири арзиши изофаи бетанаффус, кластерҳои баландтехнологӣ ва ширкатҳои венчур нигаронда шудаанд.
Боз як масъалаи муҳими рӯзномаи маҷлис, ки молики аҳамияти стратегӣ аст – мустаҳкам намудани вобастагии соҳаи нақлиёт.
– Мо дар бораи Даҳлези байналхалқии фарокаспий зиёд ҳарф мезанем, аммо барои дарёфтани натиҷаҳои назаррас мо бояд ҳаҷми кори бештарро анҷом диҳем, – таъкид кард Президенти Ӯзбекистон.
Пешниҳод шуд, ки вазирони нақлиёт то охири сол нақшаи дақиқ ва механизмҳои муассири ҳамкориро таҳия намоянд, ҳамзамон ба баланд бардоштани рақобатбардории даҳлезҳои транзит дар минтақаамон, ҷорӣ намудани тарифҳои хеле мусоид барои тиҷорат, ба вуҷуд овардани инфрасохтори замонавии нақлиёт эътибори алоҳида нигаронанд.
Таъкид шуд, ки Агрофоруми якуми туркӣ, ки соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор шуд, потенсиали бузургро дар соҳаи таъмини бехатарии озуқаворӣ аёнан намоиш дод.
– Созмон имконоти таъмини маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқавориро натанҳо барои мамлакатҳоямон, балки ба бозорҳои хориҷӣ гузоштани он молик аст, – арз кард роҳбари Ӯзбекистон.
Бо ин мақсадҳо ба таҳия намудани қарордоди бисёрҷониба дар бораи ташкили низоми босамари гузоштани озуқаворӣ, роҳандозии шарикии доманфарох бо ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, мунтазам баргузор намудани Агрофоруми туркӣ ва ташкили намоишгоҳи байналхалқии кишоварзии «доно» эътибор додан лозим аст.
Президент дар бораи муттасил идома додани кори оғозёфта доир ба дастгирии ҳамаҷонибаи насли ҷавон, ифшои истеъдоди он ва татбиқи зарфияташро изҳор намуд.
Дар мамлакатамон баргузор намудани Анҷумани байналхалқии илм ва инноватсияи ҷавонони ҷаҳони туркӣ пешниҳод гардид. Дар майдони он ташкил намудани вохӯрии вазирони инноватсия ва таълим, ректорони муассисаҳои таълими олӣ ва пешвоёни ҷавон, ҷавонони соҳибистеъдод, оқсақолони Созмон ба нақша гирифта шудааст.
– Барои ба ин кор хусусияти доимӣ бахшидан ва таъмини самаранокии он пешниҳод мекунем, ки вазифаи муовини Котиби генералии Созмон оид ба корҳои ҷавонон ҷорӣ карда шавад, – пешниҳод намуд пешвои мамлакатамон.
Боз як самти бартаринок – таъмини бехатарии минтақаамон. Ба аҳамияти ало-қаҳои доимӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хидматҳои махсус дар мубориза бар зидди терроризм, тундравӣ, ифроткории ҷавонон, савдои одам, қочоқи маводи мухаддир, соҳаҳои таъмини бахатарии ҷамъиятӣ ва кибер ишора гардид.
– Мехоҳам эътибори шуморо ба боз як мушкилоти рӯзмарра ҷалб намоям. Бешубҳа ҳамаи мо ҷиддан аз вазъияти Афғонистони ҳамсоя нигарон ҳастем. Масъалаи бартарафсозии вазъият дар ин мамлакат набояд аз назари мо берун шавад, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Ба масъалаҳои ҳамкории маданиву гуманитарӣ дахл намуда, роҳбари давлатамон хабар дод, ки ҳоло Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи Созмони байналхалқии маданияти туркӣ гардид, соли оянда дар доираи ҷашни 30-солагии Созмон Ҷашнвораи маданияти халқҳои туркӣ баргузор мегардад.
Дар Ӯзбекистон маҷмӯаи 100-ҷилдаи «Дурдонаҳои адабиёти туркӣ» ба забони ӯзбекӣ чоп гардид, ки ба он беҳтарин намунаҳои адабиёти мамлакатҳои аъзо ва нозири СДТ дохил шудаанд.
– Агар мо ин хазинаи маънавии беназирро ба забонҳои тамоми мамлакатҳои иштирокдор ва нозир нашр кунем, он барои қарин сохтани мамлакатҳои бародарамон, пеш аз ҳама насли ҷавон пойгоҳи мустаҳкам мегардад, – изҳор намуд роҳбари Ӯзбекистон.
Бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани фаъолияти Созмони давлатҳои туркӣ, боло бурдани самаранокии он ва ба таври пурра ба кор андохтани зарфияти ҳамкорӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмон ба амал овардани ислоҳоти институтсионалиро пешниҳод намуд.
Ба ногузирии ба вуҷуд овардани кумитаҳои алоҳида дар дараҷаи вазирон оид ба самтҳои бартаринок – сиёсат ва бехатарӣ, савдо ва сармоя, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, энергетика, технологияи иттилоотӣ, сайёҳӣ, инноватсия ва таълим, тиббиёт, ҷавонон ва ғайра эътибор нигаронда шуд.
– Бешубҳа барои самарабахшии калони он ба ин кор фаъолона ҷалб намудани таҳлилгарон ва олимон, намояндагони секторҳои давлатӣ ва хусусӣ муҳим аст,– таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Ғайр аз ин пешниҳодот дар бораи тасдиқ кардани сохтори нави Котибот ва фаъолона ҷалб намудани Шӯрои оқсақолони Созмон ба пурзӯрсозии низоми назорати ҷиддӣ аз болои ҳамаи қарорҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби роҳбарони давлатҳо қабул мегарданд, иброз гардид.
– Дунёи туркӣ молики таърихи бузург мебошад, ки шоистаи ҳайрат, соҳиби ниёгони бузург ва боигарии беназир аст. Ва ман эътимод дорам, ки дунёи туркиро ояндаи бузург интизор аст. Мо албатта ин ояндаро якҷоя бо халқҳои меҳнатдӯст, меҳрубон ва шарафмандамон месозем. Ҷамъомади мо дар шаҳри қадимаи Самарқанд ба марҳилаи нави рушди тамаддуни ҷаҳони туркӣ дар таърихи муосир оғоз мебахшад, – изҳор намуд дар поёни сухани худ пешвои Ӯзбекистон.
Дар поёни ҷамъомад Декларатсияи ҳамоиши Созмони давлатҳои туркӣ дар Самарқанд қабул гардид, ки ба минбаъд васеъ намудани ҳамкории гуногунҷанбаъ дар доираи ин сохтор нигаронда шудааст.
Ғайр аз ин дар бораи тасдиқ намудани номзадии Қубоничбек Омуралиев ба вазифаи Котиби генералии Созмони давлатҳои туркӣ қарор қабул гардид.
Бинобар пешниҳоди Шавкат Мирзиёев соли 2023 дар доираи Созмон Соли рушди тамаддуни туркӣ эълон шуд.
Раёсати Ҷумҳурии Туркия дар Созмони давлатҳои туркӣ барои соли оянда ба охир расид ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашт.
Бо пешниҳоди ҷониби Қазоқистон нишасти навбатии Созмон соли 2023 дар Қазоқистон баргузор мешавад.
Дар поёни ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои Созмони давлатҳои туркӣ маросими супурдани ҷоизаҳо, ки Созмон таъсис додааст, баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомадро кӯтоҳ ҷамбаст намуда, таъкид кард, ки ба қарору созишномаҳои муҳим ноил гардиданд.
Саҳми махсуси Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған ва Раиси Генгеши Миллии Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар пешбурди фаъолонаи манфиатҳо ва дидгоҳҳои кишварҳои туркизабон дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ваҳдати оилаҳои туркӣ қайд гардид. Ба ин муносибат дар бораи бо Ордени олии дунёи туркӣ сарфароз гардондани онҳо қарор қабул шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев ин орденҳоро ба Реҷеп Таййип Эрдоған ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов супурд.
Маълум, ки бо ташаббуси сарвари давлати мо дар доираи Созмони давлатҳои туркӣ Ҷоизаи байналмилалии ба номи Алишери Навоӣ таъсис ёфта буд. Ҷоизаи якум ба нависанда ва арбоби ҷамъиятӣ, гуманисти барҷаста Чингиз Айтматов, ки дар кори ба ҳам наздик кардани халқҳои турк саҳми калон гузоштааст, дода шуд.
Ин ҷоизаро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров қабул кард.
Реҷеп Таййип Эрдоған, Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Садир Ҷапаров барои мукофотҳо миннатдорӣ баён намуда, қайд карданд, ки ҳамоиши самарқандӣ ба манфиати халқҳои бародари мо хеле пурсамар гузашт.
Дар чаҳорчӯби ҳамоиши самарқандии Созмони давлатҳои туркӣ боз як кори хайр анҷом ёфт – дар ҳамаи кишварҳои узви ин созмон маросими ниҳолшинонӣ баргузор шуд.
Чунон, ки маълум аст дар фазои Созмон ба мушкилоти мубрами замони мо – рӯзномаи экологӣ таваҷҷуҳи махсус дода, оид ба муҳофизати табиат тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президент дар Ӯзбекистон барномаи «Макони сабз» татбиқ мегардад. Чунин лоиҳаҳо дар Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Венгрия низ вуҷуд доранд.
Самарқанд ин саъю кӯшиши наҷибро муттаҳид кард. Пас аз рӯйдодҳои асосии нишаст роҳбарони кишварҳои туркӣ аз майдони Регистон дидан карданд.
– Дар ин ҷо, дар майдони боҳашами Регистон, ки шоҳиди руйдодҳои зиёди таърихист, мо ба давраи нави тамаддуни туркӣ қадами рамзӣ гузошта истодаем. Анъанаҳои бисёрасринаи гузаштагони бузургамонро идома дода, мо ба боз як ташаббуси нек оғоз бахшидем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид гардид, ки ниҳолшинонӣ анъанаи халқҳои мо, рамзи умумияти орзую умедҳои имрӯза мебошад.
– Агар гӯем, ки ҳамаи ин чорабиниҳо тимсоли равшани ягонагии саъю кӯшиши мо дар роҳи тараққиёти умумӣ ва некӯаҳволии халқҳои туркӣ мебошад, муболиға нахоҳад шуд. Мо ба он баҳои баланд медиҳем, ки имрӯз сарони муҳтарами ҷаҳони туркӣ бо дасти худ дар ин замини ҳосилхез ниҳол мешинонанд. Зеро, ин ниҳолҳо чун дарахти ҳаёт нашъунамо ёфта, ба боғи дӯстӣ ва боварии тарафайн, маънавиёт ва оянда табдил меёбад, – гуфт сарвари давлат.
Пас аз ин роҳбарони Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Венгрия дар боғи маҷмӯъ ниҳол шинонданд.
Маросим тавассути алоқаи видеоӣ дар пойтахтҳои ин кишварҳо ва вилоятҳои Ӯзбекистон намоиш дода шуданд. Дар он ҷо низ ҳазорҳо бех ниҳол шинонда шуданд. Ҳамин тариқ, чорабинӣ сатҳи байналмилалӣ пайдо кард.
Суратгирии муштараки сарони давлатҳои туркӣ ба амал омад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Раиси Генгеши Миллии Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, ки дар ҳамоиши Созмони кишварҳои туркӣ иштирок кард, мулоқот анҷом дод.
Дар ҷамъомад аз рӯйи ҷамбасти маҷлиси имрӯза мубодилаи афкор ба амал омад.
Масъалаҳои татбиқи созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари охири сатҳи олӣ ба Ашхобод, аз он ҷумла дар самти равобити байнипарлумонӣ ҳосил шуда буданд, баррасӣ шуданд.
Бо ҳамин нишасти Созмони давтаҳои туркӣ дар Самарқанд кори худро ба анҷом расонд. Масъалаҳои баррасишуда ва қарорҳои қабулшуда, бешубҳа барои ба сатҳи нав боло бурдани муносибатҳои байни кишварҳои узв ва кишварҳои нозири Созмон, инчунин таъмини рушди устувори иқтисодии онҳо хидмат хоҳанд кард.
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Ғолиб ҲАСАНОВ,
мухбирони махсуси ӮзА.