Тавре ки пештар хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Шоҳзодаи валиаҳди Аморати Абу-Дабӣ Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён 24-26 март бо сафари расмӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб буд.
Абу-Дабӣ, 25 март. Хабарнигори махсуси ӮзА Умар АСРОРОВ иттилоъ медиҳад.
Чорабиниҳои асосии сафари расмӣ 25 март дар шаҳри Абу-Дабӣ ба амал омаданд. Роҳбари давлати мо мувофиқи анъанаи мавҷуда мақбара ва масҷиди шайх Зоид бин Султон Ол Наҳаёнро дар шаҳри Абу-Дабӣ зиёрат кард.
Шайх Зоид бин Султон Ол Наҳаён – нахустин Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб, баъд аз вафоти худ дар соли 2004-ум дар шафати масҷиде, ки ба сохтмони он худаш роҳбарӣ мекард, ба хок супурда шудааст. Ҳоло масҷид ва мақбара барои аҳолии мамлакат ҷойи зиёрат ва барои сарони давлатҳои хориҷӣ мавзеи таъинотест, ки ҳатман аз он боздид ба амал меоваранд.
Масҷиди шайх Зоид аз ҷумлаи бузургтарин чунин иншоот дар ҷаҳон ба шумор меравад. Сохтмони он аз соли 1996 то соли 2007-ум идома дошт. Дар ин ҷо метавонанд 40 ҳазор нафар дар як вақт намоз гузоранд.
Дар аснои ташриф ба маҷмӯа ба рӯҳи шайх Зоид бин Султон Ол Наҳаён ояте аз Қуръон тиловат карда шуд.
Ба Президент дар бораи таърихи сохтмони масҷид, ҷиҳатҳои ба худ хоси меъмории он, шароитҳое, ки барои сайёҳон ва зоирон фароҳам оварда шудаанд, ҳикоя карданд.
Шавкат Мирзиёев дар Китоби зиёраткунандагони мақбара соядаст гузошт.
Роҳбари давлат ба ёдгории «Воҳад-ал-Карома» гулчанбар ниҳод.
Ин ёдгорӣ, ки маънои он «Соҳати ифтихор» мебошад, ба шарафи барои озодӣ ва ваҳдати Аморати Муттаҳидаи Араб фавтидагон бунёд гардидааст. Он аз 31 адад блоки муҳташаме, ки ба якдигар такя кардаанд, иборат буда, рамзи ягонагӣ, ҳамдилӣ ва дастгирии тарафайн мебошад, роҳбарон, ҳарбиёну шаҳрвандонро ба ҳам мепайвандад.
Роҳбари давлати мо дар Китоби меҳмонони олиқадри Ёдгорӣ соядаст гузошт.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Абу-Дабӣ муовини Сарвазир, вазири корҳои дохилии Аморати Муттаҳидаи Араб шайх Сайф бин Зоид Ол Наҳаёнро пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории амалии тарафайн дар соҳаи амнияти ҷамъиятӣ баррасӣ шуданд. Бобати мубодилаи ҳайатҳо ва табодули таҷриба дар самти мазкур муоҳида ба имзо расид.
Дар кохи «Қаср ал-Ватан»-и Абу-Дабӣ маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Ба шарафи меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф кашид. Гимнҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб садо доданд.
Гуфтушунидҳо дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат ба вуқӯъ омад.
Шавкат Мирзиёев барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозӣ миннатдорӣ баён намуда, ягонагии суннатҳои маънавиву динии ду давлатро таъкид кард, ки барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар рӯҳи эътимод ва эҳтироми тарафайн ҳамчун асос хидмат мекунанд.
Роҳбари давлати мо изҳор дошт, ки Аморати Муттаҳидаи Араб дар муҳлатҳои бино бар ченаки таърих кӯтоҳ – панҷоҳ сол дар дашт мӯъҷиза офариданд, мамлакатро ба яке аз марказҳои ҷаҳонии иқтисодиёт, инноватсияҳо, савдо, молия ва сайёҳӣ табдил доданд, ӯ ҳамчунин манфиатдории Ӯзбекистонро аз ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои мазкур таъкид намуд.
Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён ба дигаргуниҳо бобати озодкунии иқтисодиёт, беҳтар намудани иқлими сармоявӣ ва таҳкими нуфузи байналхалқии кишвар, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, баҳои баланд дод.
Масоҳати Аморати Муттаҳидаи Араб бузург нест, вале ба шарофати обрӯ ва имкониятҳояш ин мамлакат дорои иқтидори бузург мебошад. Дар ин ҷо соҳаҳои саноат, логистика, савдои хориҷӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, авиатсияи шаҳрвандӣ, инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ, ҷанбаҳои бонк ва молия бо суръатҳои баланд инкишоф меёбанд. Ҳоли ҳозир Аморат – ин кишвари асосии транзитист, ки бо содироти маҳсулоти ҷаҳонӣ ба қитъа машғул мебошад.
Мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ ва сиёсати андоз бобати ба ин мамлакат ҷалб намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ аҳамияти муҳим доранд. Баробари ин Аморат сиёсати фаъоли хориҷии сармоявиро татбиқ менамояд. Соли 2018-ум аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба кишварҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 12 миллиард доллар сармояҳои бевосита фиристода шудаанд.
Муносибатҳои дипломатии байни Ӯзбекистон ва АМА ҳанӯз 25 октябри соли 1992 ба роҳ монда шуда буданд. Ба қарибӣ, бори аввал дар таърихи муносибатҳои дуҷониба, дар Аморати Муттаҳидаи Араб Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин гардид.
Алҳол дар мамлакати мо 107 корхона бо иштироки сармояҳои Аморат амал мекунад, 28 намояндагии фирма ва ширкатҳои ин кишвар кушода шудаанд. Онҳо асосан бо истеҳсоли матоъ, маводи сохтмон, консервҳои мевагӣ, ноширӣ, савдои яклухт, хидматрасонӣ машғул мебошанд.
Соли 2018-ум мубодилаи моли байни кишварҳои мо тақрибан 400 миллион долларро ташкил дод.
Роҳбари давлати мо таъкид намуд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли гузашта зиёд аст, вале бо назардошти имконияти ҷонибҳо ҳанӯз кофӣ нест. Бинобар ин дар гуфтушунидҳо масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба, мустаҳкам намудани шарикии амалӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, инноватсионӣ, бонку молиявӣ, маданиву башардӯстӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Бо эътимод изҳор шуд, ки сафари ҳолоина барои ба сатҳи нав бардоштани муносибатҳои муфиди тарафайн хидмат хоҳад кард.
Ба натиҷаҳои ҷамъомади сеюми Комиссияи байниҳукуматии ӯзбекистониву аморатӣ бинобар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, ки 12 марти соли равон дар Тошканд баргузор гардид, баҳои баланд дода шуд. Дар назди комиссияи мазкур бобати дар солҳои наздик то ба як миллиард доллар расондани ҳаҷми савдои тарафайн, зиёд кардани бор, татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак оид ба коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ вазифаҳо гузошта шуданд.
Барои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои бузург мавҷуданд. Сокинони Аморат ба зиёрати мақбараи гузаштагони бузурги мо ва тамошои табиати Ӯзбекистон завқи баланд ва зиёд доранд. Соли гузашта миқдори сайёҳон аз АМА, ки ба кишвари мо омадаанд, 1,5 баробар афзудааст.
Мувофиқи Фармони Президенти кишвари мо, ки ба наздикӣ қабул гардид, дар Ӯзбекистон барои шаҳрвандони АМА режими бидуни раводид ҷорӣ карда шуд. Дар гуфтушунидҳо зикр гардид, ки ин натанҳо ба рушди сайёҳӣ, балки беш аз пеш фаъол шудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва мадании байни кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард.
Баъд аз гуфтушунидҳо маросими мубодилаи ҳуҷҷатҳои имзошуда дар ҳайати васеъ ба вуқӯъ пайваст.
Дар байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб Изҳороти муштарак қабул шуд. Ҷонибҳо ба ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармояҳо, молия, энергетикаи муқобил, рушди саноат ва инфрасохтор, хоҷагии қишлоқ, маъмурияти гумрук, фарҳанг ва ғайра имзо гузоштанд. Хабар дода шуд, ки умуман дар доираи сафар муоҳидаҳо дар ҳаҷми умумии беш аз даҳ миллиард доллар ба имзо расидаанд.
Сипас вохӯрии Президент Шавкат Мирзиёев ва Шоҳзодаи валиаҳди Аморати Абу-Дабӣ Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён дар доираи танг ба амал омад. Дар он ҷонибҳо бино бар масъалаҳои сиёсӣ, бехатарӣ, сармоявӣ табодули афкор карда, ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро вусъат диҳанд, лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор татбиқ намоянд, ҳамкориро дар соҳаҳои илм, технология ва таълим мустаҳкам кунанд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналхалқӣ, ки ба он ҳар ду ҷониб рағбат доранд, муҳокима гардиданд.
***
Дар доираи ташрифи расмӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 март дар Дубай бо Ноиб-президент, Сарвазири АМА, Амири Дубай шайх Муҳаммад бин Рашид ал-Мактум мулоқот баргузор намуд.
Дар ин шаҳри бузургтарини Аморат охирин дастовардҳои тараққиёти илмиву техникии инсоният дар соҳаҳои мухталиф таҷассум гаштаанд. Барои мисол, ҷазираҳои сунъии Palm Islands, ки онҳоро маъмулан мӯъҷизаи ҳаштуми ҷаҳон меҳисобанд, дар ҷаҳон галаҷазираҳои аз ҳама бузург ба шумор мераванд, бо масоҳати бузург, зебоии беназири худ ин ҷо ҳамаро дар тааҷҷуб мегузорад. Дар ин ҷо меҳмонхонаҳои аз ҳама баланд ва муҳташам ҷойгиранд. Баландтарин иншооти осмонбӯси ҷаҳон «Бурҷи Халиф» ба Китоби рекордҳои Гиннес якбора аз рӯи ёздаҳ нишондод дохил гаштааст.
Дар Дубай замонавитарин низоми метрополитени автоматиконидаи ҷаҳон ва дарозтарин пайраҳаи пиёдагарди пӯшида сохта шудааст. Сарфи назар аз иқлими биёбон дар ин ҷо боғи аҷоиби бузургтарини гул ба вуҷуд оварда шудааст. Соҳилҳои оби оббозии маҳаллӣ дар ҷаҳон аз поктарин эътироф гаштааст. Беҳуда нест, ки ин шаҳр ба ҳисоби миёна соле қариб 16 миллион нафарро мепазирад. Дубай дар дигар ҷанба ва самтҳо низ рекордҳои зиёд гузоштааст.
Тамоми ин дастовардҳо ба туфайли сиёсати шаффоф ва босамар истифода намудани захираҳои табиӣ имконпазир гардидаанд. Яке аз илҳомбахшандагони асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии Дубай ҳокими Аморат шайх Муҳаммад бин Рашид ал-Мактум ба шумор меравад.
Ӯзбекистон барои ҷаҳон дарҳояшро мекушояд. Ба сӯйи рушди муттасили босуръат роҳ пеш гирифта шудааст ва дар ин бобат таҷрибаи ҷаҳон мисли ҳамкории фаъол бо шарикони хориҷӣ дар ҷанбаҳои инноватсия, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ғайра аҳамияти муҳимро молик аст.
Амиқсозии ҳамкории бисёрҷанба мавзӯи асосии суҳбати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо шайх Муҳаммад бин Рашид ал-Мактум, ки дар Қасри «Заъобил» баргузор гардид, қарор дода шуд.
Ноиб-президент, Сарвазири АМА, роҳбари давлатамонро гарм истиқбол намуда, аз шартномаҳои байни ду мамлакат, ки дар мулоқотҳои Абу-Дабӣ ба даст омаданд, қаноатмандӣ изҳор намуд. Ҳокими Аморати Дубай аз манфиатдорӣ дар ҷиҳати мустаҳкамсозии алоқаҳои бисёрҷанба бо Ӯзбекистон таъкид намуд, ки ба марҳалаи нави инкишофи худ ворид гардид.
Шавкат Мирзиёев барои пазироии гарм ва дастгирии лоиҳаҳои истиқболноки муштарак миннатдории самимӣ изҳор намуда, омодагии Ӯзбекистонро барои равнақ бахшидани муносибати дӯстона бо АМА, аз он ҷумла бо Аморати Дубай изҳор намуд.
Зимни суҳбат, ки дар фазои боварӣ ба вуқӯъ пайваст, роҳҳои минбаъд васеъ намудани ҳамкории амалӣ ва табодули таҷриба дар чандин соҳа, роҳандозии алоқаҳои нав дар дараҷаҳои гуногун муҳокима гардиданд.
Пас аз мулоқотҳо маросими иваз намудани ҳуҷҷатҳои имзогардида ба вуқӯъ пайваст. Дар шумори онҳо – шартнома дар бораи ба вуҷуд овардани ширкати муштараки сармоягузорӣ, муоҳида дар бораи такомули инфрасохтор дар шаҳри Самарқанд ва ташкили агрокластери замонавӣ, ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ва логистика мавҷуданд.
Ташрифи роҳбари давлат ба Аморати Муттаҳидаи Араб, муоҳидаҳое, ки дар доираи он ба даст омаданд, дар муносибати тарафайни ду мамлакат саҳифаи навро боз намуд. Кӯшиши ҷонибҳо барои минбаъд мустаҳкамсозии ҳамкории муфиди тарафайн, таҳияи афкори ягона дар масъалаҳои дастгирии муоҳидаҳои бадастомада ба манфиати мамлакатҳоямон хидмат хоҳанд кард. ӮзА.
ӮзА.