ДАВРАИ ЯКУМ АНҶОМ ЁФТ

Пас аз сабқати дастаҳои гурӯҳи «Ғ»-и мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки алҳол дар Аморати Муттаҳидаи Араб идома дорад, давраи якуми он анҷом ёфт.

Тавре ки таъкид кардем, дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар бозии давраи якуми гурӯҳӣ бо ҷамоаи миллии Уммон рӯ ба рӯ шуд ва дар ин бозии пуршиддат футболбозони дастаи мо ғалабаи муҳимро ба даст оварданд. 
Ҳисоби бозиро футболбозони мо кушоданд. Тӯби ҷаримавиро дар дақиқаи 34-ум сардори даста Одил Аҳмедов бо маҳорати баланд ба дарвозаи ҳарифон ҷой кард. Дар дақиқаи 72-юми бозӣ футболбози уммонӣ Муҳсин ал-Ҳасанӣ ҳисоби бозиро 1:1 кард. Пас аз дақиқаҳои башумор мондани бозӣ голи пирӯзӣ барои ҳар ду даста хеле муҳим буд. Ва ин голи муҳимро футболбози ҷамоаи мо, бозингари клуби «Ростов»-и Русия Элдор Шомуродов, ки дар дақиқаи 80-уми бозӣ ба ҷойи ҳуҷумгари даста Марат Бикмаев аз захира ба майдон даромада буд, дар дақиқаи 86-уми сабқат ба дарвозаи Алӣ ал-Ҳабсӣ ҷой кард: 2:1. Мавриди зикр аст, ки дар ин сабқат дарвозабони мо Игнатий Нестеров маҳорати баланд нишон дода, чанд голи муқаррариро боздошт. Аз ин рӯ, вай бо қаҳрамониҳои худ ба ҷамоаи рамзии давраи якуми мусобиқа дохил гардид.  
Дар сабқати Ҷопон ва Туркманистони гурӯҳи мазкур ҷопониҳо бо ҳисоби 3:2 пирӯзиро ба даст оварда, пешқадами гурӯҳ шуданд.   
Бояд гуфт, давраи якуми ин мусобиқаи бонуфуз аз бозиҳои пуршиддат ва натиҷаҳои ногаҳонӣ холӣ набуд. Воқеан, 24 дастаи мунтахаби миллӣ, ки дар ин мусобиқаи 17-уми Ҷоми Осиё иштирок менамоянд, барои ба даст овардани унвони чемпионӣ талош меварзанд. Пас аз маросими кушоиши мусобиқаи мазкур дар рӯзи аввал дастаи мизбонон – Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҷамоаи миллии Таиланд дар варзишгоҳи «Zayed Sports City Stadium»-и пойтахти мамлакат шаҳри Абу-Дабӣ рӯ ба рӯ шуд ва ин бозӣ бо ҳисоби якранг (1:1) анҷом ёфт. Дастаи миллии Ҳиндустон Баҳрайнро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуда, пешсафи давраи якуми гурӯҳи «А» гардид. Чемпиони дарамалбудаи мусобиқа, Австралия аз дастаи Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хурда бошад, бозии Сурия бо Фаластин якранг (0:0) анҷом ёфт. Ҷамоаи дуюми пурқимати Осиё, Куриёи Ҷанубӣ дастаи Филиппинро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда бошад, дебютанти дуюми гурӯҳ — Қирғизистон аз Чин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.    
Футболбозони эронӣ чун ҳамеша нисбати рақибони худ бозии хуб нишон дода, ба дарвозаи дебютанти сеюми мусобиқа – Яман 5 голи беҷавоб заданд. Шогирдони сармураббӣ Парк Ханг Сео (Ветнам) бозиро ба фоидаи футболбозони дастаи Ироқ бо ҳисоби 2:3 аз даст доданд. Футболбозони Арабистони Саудӣ се холи муҳимро ба даст оварданд. Онҳо дар бозӣ ба муқобили рақибони худ, ба дарвозаи Куриёи Шимолӣ 4 голи беҷавоб заданд. Футболбозони қатарӣ бошад, бо ҳисоби 2:0 бозингарони лубнониро мағлуб намуда, се холро ба даст оварданд. 
Дастаи мунтахаби миллии мо бозии дуюми худро ба муқобили дастаи Туркманистон фардо бо вақти Тошканд соати 21:00 дар варзишгоҳи «Rashid Stadium»-и шаҳри Дубай мегузаронад. 

М. ҚОДИРЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: