ДАВРИ КОРУ ЗИНДАГӢ ДАР ДОИРАИ ҚОНУН ФАРО РАСИД

Мо қариб сӣ сол аст, ки давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд месозем.

Мо қариб сӣ сол аст, ки давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд месозем. Дар тӯли ин сӣ сол дар асоси Конститутсияи қабулшуда бисёр қонунҳо рӯйи кор омаданд. Метавон гуфт, ки асосҳои ҳуқуқии кору зиндагии мо омода гардид. Дар ҳама соҳаҳо мо саъю кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки по ба пойи кишварҳои мутараққии ҷаҳон равем. Доир ба шаффофияти кору фаъолияти мақомоти суд санадҳои роҳбари давлат ба тасвиб расиданд.
Ин ҳама тақозо дорад, ки дар мамлакати мо бояд сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Оё мо метавонем, бигӯем, ки имрӯз сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони кишварамон баланд аст? Афсус, ки на. Дар бисёр мавридҳо, ба сабаби паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ, ҳаққу ҳуқуқи онҳо поймол мегардад. Бо вуҷуди он, ки дар мактабҳои миёна асосҳои ҳуқуқ омӯзонда мешаванд, аксарияти шаҳрвандон баъди хатми муассисаҳои таълимӣ аз пеши худ ба мақомоти ҳуқуқӣ, бе кӯмаки ҳуқуқшинос, аризае навишта наметавонанд, дар тӯли умр ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки мо дар додани дониши ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон оҷизӣ мекашем. Механизми баланд бардоштани дониши ҳуқуқии онҳо ё кор карда нашудааст, ё кор карда шуда бошад ҳам, амал намекунад. Кас ба андеша фурӯ меравад: бо вуҷуди он, ки ҳар сол садҳо нафар ҳуқуқшинос муассисаҳои таълими олиро хатм мекунанд, пойи ақли мо дар додани донишҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон мелангад, онҳо ба сабаби надонистани қонун  ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, мо ҷарима меситонем, онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашем... Оё ин аз рӯйи адолат аст? Ёдам ҳаст боре як ҳуқуқшинос гуфта буд. Ҳаққу ҳуқуқи худро надонистани шаҳрвандон хуб аст. Вагарна ходимони ҳифзи ҳуқуқ, суду прокуратура бекор мемонанд. Касе қонуншиканӣ накунад, мо киро ба ҷавобгарӣ мекашем. Ин гуфтаи ӯ сухани ҳикматомези донишманди эронӣ Муҳаммад Ҳиҷозиро ба ёд овард, ки фармудааст: «Он рӯз, ки башар ба рушди фикрӣ бирасад, эҳтиёҷе ба қонун нахоҳад монд».
Чанд сол аст, ки дар мамлакатамон Суди конститутсионӣ кору фаъолият дорад. Вале на ҳамаи шаҳрвандон медонанд, ки он чӣ вазифаро бар дӯш дорад. Эҳтимол идораҳои гуногун ва шаҳрвандон то имрӯз ба он на як бору ду бор муроҷиат намудаанд. Вале дар ин хусус дар матбуот, хоссатан телевизион, тафсилоте ба назар намерасад. Қисми зиёди аҳолии кишвар аз ҷараёни кори суди конститутсионӣ хабар надорад.  
Дар нишасти матбуотие, ки ба наздикӣ дар Маркази миллии пойтахт доир ба мавзӯи «Мазмуну моҳияти қонун «Дар бораи суди конститутсионӣ» (дар таҳрири нав)» баргузор шуд, оиди навгониҳои  соҳа сухан ба миён омад. Бояд гуфт, ки баъди ба тасвиб расидани қонун як қатор навигариҳо рӯйи кор меоянд.
Таъкид гардид, ки аз ҷумла,  суди конститутсионӣ бо иловаи раиси суд ва ҷонишинони ӯ аз 9 судя иборат хоҳад шуд (қабл 7 нафар буд); ба судяи суди конститутсионӣ дараҷаи малакаи олӣ ё якум дода мешавад. Дараҷаи малакаи олиро Президент, дараҷаи малакаи якумро суди конститутсионӣ медиҳад. Пеш ҳар ду дараҷа аз ҷониби Президент дода мешуд; муайян гардид, ки барои зарурати нигоҳ доштани сирри давлатӣ ё маълумоти дигаре, ки бино ба қонун бояд ҳифз гардад, маҷлиси пӯшидаи суд гузаронда мешавад. Пештар оиди баргузории маҷлиси пӯшидаи суд ҳарфе набуд; субъектҳои ба суди конститутсионӣ муроҷиаткунанда зиёд карда шуд...
Ин гуна амалиёт дар қонунгузории кишварҳои хориҷӣ, хусусан, Олмон, Арманистон, Русия ва дигар мамлакатҳо дар назар дошта шудааст.
Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки баъди муроҷиати шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, суди конститутсионӣ бино ба он ки бандҳои конститутсияи дарамалбуда то куҷо вайрон шудаанд, қарор доир менамояд. Ҳамчунин ёдрас гардид, ки қабули Қонун «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро як зина боло хоҳад бардошт.
Чанд соли охир аз ҷониби роҳбари давлат саъю кӯшиш ба харҷ дода мешавад, кору фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва зиндагии аҳолӣ дар доираи қонун сурат гирад, яъне по ба марзи рушди фикрӣ ниҳода шудааст. Кош, ба манзили мақсуд мерасидем. 
Дар поёни гирдиҳамоӣ суолҳои журналистон ва ҷавоби мутахассисон ба такмили мавзӯи мавриди назар мусоидат намуд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: