Даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Туркманистон баргузор шуд

17 январи соли 2022 дар Тошканд даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон баргузор гардид.

Ҳайати Ӯзбекистонро муовини вазири корҳои хориҷа Владимир Норов ва Туркманистонро муовини вазири корҳои хориҷа Бердӣ Мятиев раҳбарӣ карданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои Ӯзбекистону Туркманистонро дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, хоҷагии об, энергетика, нақлиёт ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд.

Доир ба вазъи минтақа, чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда ба амният, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: