ДАВРИ НАВИ РУШДИ ПАРЛАМЕНТАРИЗМИ МИЛЛӢ

Муддати ваколати навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ба охир расид. Палатаи поёнии парлумон, ки моҳи декабри соли 2014 интихоб шуда, аз моҳи январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ намудааст, дар тӯли панҷ соли сипаришуда ба рушди мамлакатамон ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намуд.

Хусусан, фаъолияташро дар тӯли се соли охир вобаста ба татбиқи ислоҳоти васеъмиқёси дар доираи “Стратегияи ҳаракат оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021”пешниҳодшуда амалӣ намуд.
Эътироф бояд кард, ки дар тӯли се соли охир нақш ва ҷойгоҳи мақомоти олии қонунгузории мамлакатамон ба дараҷаи назаррас баланд гардида, дар фаъолияти он тағйироту навгониҳо рух доданд. Хурсандиовар аст, ки роҳбари мамлакатамон ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти намояндагӣ, ки як порчаи низоми сиёсии мамлакатамонро ташкил медиҳад, эътибори калон дода, депутатҳоро ба сифати вакилони ҳақиқии халқ эътироф намуда, бо онҳо беист дар мулоқот мебошад. 
Хусусан, мулоқоти таърихии Президент Шавкат Мирзиёевро бо аъзои палатаҳои Олий Маҷлис, намояндагони депутатҳои халқи Шӯроҳои маҳаллӣ, ки 12 июли соли 2017 баргузор гардид, алоҳида таъкид кардан ҷоиз аст. Дар маърӯзаи барномавии Президенти Ӯзбекистон барои парлумон ва мақомоти намояндагии ҳокимият роҳи нави сиёсӣ муайян карда шуд. Механизми нави куллан такмил додани мулоқоти вакилони халқ бо мардум пешниҳод гардид. Дар асоси ин механизм мулоқоти бевоситаи тамоми дараҷаҳои корпуси депутатӣ ба роҳ монда шуд. Ин бошад, дар пировард имкони ҳаллу фасл намудани мушкилоти гуногуни иҷтимоиву иқтисодиро фароҳам овард.
Ба ғайр аз ин, аз соли 2017 сар карда институти нави демократӣ – Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷорӣ гардид. Ин институти муҳим, ки пурра ба таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ мувофиқат мекунад, бешубҳа, нақшу ҷойгоҳи парлумонро дар ҳаёти мамлакат воқеан вусъат дода, дари имкониятҳои васеъро барои таъмин кардани ҳамҷиҳатии иҷтимоии афзалияту вазифаҳои муҳими роҳи нави сиёсии рушди Ӯзбекистон боз намуд.    
Вазифаҳои дар Муроҷиатномаҳои то ҳол ду маротиба ирсолгардидаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис муайяншуда фаъолияти на танҳо Олий Маҷлис, балки тамоми корпуси депутатиро куллан тағйир дод. Вазифаҳои дар Муроҷиатномаҳои мазкур муайяншуда ба фаъолияти эҷод намудани қонун ва назорату таҳлили Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис шаклу усулҳои сифатан нав ҷорӣ кард.
Аз ҷумла, дар маҳалҳо механизмҳои амалӣ гардондани назорати парлумонӣ тағйир дода шуда, мулоқоти бевоситаи депутатҳо дар ҳавзаҳои интихобот бо интихобкунандагон хеле пурзӯр гардонда шуд. Танҳо дар солҳои 2017-2018 аз ҷониби депутатҳо ҳолати ҳақиқии 137 ноҳияву шаҳрҳои ҷумҳурӣ бевосита дар маҳалҳо омӯхта шуданд.  Депутатҳо барои муайян намудани мушкилоте, ки шаҳрвандонро ба ташвиш мегузоранд, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мегарданд, хона ба хона гашта, бо беш аз 400 ҳазор нафар шаҳрвандон ва 14 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ вохӯрда, суҳбат карданд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроия бинобар бартараф кардани мушкилоти муайяншуда корҳои низомнок ба роҳ монда шуданд.
Ба роҳ монда шудани мулоқот бо аҳолӣ бошад, дар навбати худ, ба фаъолияти эҷоди қонуни корпуси депутатҳо таъсири мусбат расонд. Агар дар тӯли соли 2016-ум бо ташаббуси депутатҳо ҷамъ 11 қонун ворид карда шуда бошад, дар соли 2017  ин нишондиҳанда 27 ададро ташкил кард. Ин ҷараёни мусбати пешрафт дар фаъолияти солҳои 2018-2019 ҳам равшан намоён гардид.
Дар тӯли се соли гузашта дар сохтори таркибии палатаи поёнӣ ҳам бо назардошти талаботи ислоҳот як қатор дигаргуниҳо ба амал оварда шуд. Аз ҷумла, дар назди Олий Маҷлис Институти мушкилоти қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои парлумонӣ ташкил карда шуд. Аз ҷониби  парлумон бо назардошти уфуқҳои зиёд доштани фаъолият оиди ислоҳсозии низоми нигаҳдории тандурустӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар Палатаи қонунгузорӣ Кумитаҳои масъалаҳои нигаҳдории тандурустии шаҳрвандон ва масъалаҳои мубориза бар зидди коррупсия ва суду ҳуқуқ ташкил карда шуд. Комиссия  оид ба масъалаҳои оила ва занону духтарон, инчунин комиссияи масъалаҳои ҷавонон ташкил гардида, фаъолияти онҳо самарабахш ба роҳ монда шуд.
Дар фаъолияти палатаи поёнии парлумон дар боз як соҳа, самти сиёсати ахбор дигаргуниҳои муҳим ба мушоҳида расид. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки баромадҳои депутатҳо дар воситаҳои ахбори оммавӣ ба дараҷаи назаррас фаъол гардид. Тамоми депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ дар Интернет ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ саҳифаҳои шахсии худро кушода, дар бораи мазмуну моҳият ва аҳамияти ислоҳоти дар мамлакатамон татбиқшаванда ҷомеаро хабардор карда рафтанд. Дар муддати кӯтоҳ депутатҳо бо баромадҳои зиёди далерона ва кушоду равшанашон  сазовори обрӯву эътибори ҷомеа  гардиданд. 
Ба ғайр аз ин, таҷриба оиди аз ҷониби Олий Маҷлис тасдиқ гардидани номзадҳои аъзои Ҳукумат, ки Президенти мамлакатамон пеш гузоштааст, дар роҳи вусъат додани ваколатҳои назораткунии Олий Маҷлис боз як қадами муҳим гардид.  
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки парлумон ба иштирокчии фаъоли фаъолияти сиёсати хориҷии аз ҳифзи манфиатҳои миллии Ватанамон асосёфта табдил ёфт. Дар тӯли се соли охир Олий Маҷлис ба иттиҳодияҳои зиёди бонуфузи байнипарлумонӣ аъзо шуд. Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои аъзои ИДМ аз ҷумлаи онҳост. Аз соли 2017 сар карда, Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирокашро дар Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА аз нав барқарор кард. 
Бо як сухан ифода намоем, парлумони миллиамон бо саъю ҳаракат ва имкониятҳояш дар чорабиниҳои зиёди барои ҳаёти иқтисодиёти миллӣ ва ҷамъиятамон муҳим фаъол иштирок кард.
Ҳамин тариқ, дар назди Олий Маҷлиси навинтихобшуда оид ба боз ҳам тараққӣ додани Ӯзбекистон, нигоҳ доштани осоиштагии Ватан, баланд бардоштани некӯҳолии зиндагии халқ як қатор вазифаҳо қарор доранд. Дар ин бобат вазифаҳои устувори дар маърӯзаи Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайяншуда ба назди парлумон масъулияти нав мегузорад. 
Президентамон дар маърӯза алоҳида қайд намуд, ки сиёсати соҳаи ҳуқуқи давлат аз низомнокӣ, амиқ омӯхтани раванди ҳақиқие, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ба миён меоянд, асос гирад.
Роҳбари давлатамон таъкид намуд, ки қонунҳои қабулшудаистода ба ислоҳоти татбиқшаванда ҳамоҳанг бошад, кор ранги дигар мегирад. Аз ин рӯ, парлумонамон, пеш аз ҳама, палатаи поёнии он дар тӯли панҷ соли оянда эътиборашро ба иҷрои ин вазифаҳо нигаронад, ба мақсад мувофиқ мебуд.  Хусусан, тақозо мегардад, ки бинобар баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрвандон, тамоми ҷамъият кори корпуси депутатҳо ба дараҷаи назаррас пурзӯр гардонда шавад. 
Боварии комил дорем, ки Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба сифати органи ҳақиқии демократӣ ташаккул ёфта, манфиатҳои шаҳрвандонро ба воситаи намояндагони халқ интихобнамуда ифода менамояд, дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷойгоҳи муносиб дорад, ба ислоҳоти бузург ва васеъмиқёси мамлакат ҷалб мегардад, дар оянда низ иштирокчии фаъол ва давомдиҳандаи роҳи нави сиёсии ба фаровонии ҳаёти халқ, гул-гулшукуфии Ватан — модар нигарондашуда хоҳад монд. 

Қодир ҶӮРАЕВ, 
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлиси 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: