ДАВРОНИ СОЗАНДАГИИ МАМЛАКАТ

Ба наздикӣ 27-умин солгарди истиқлолияти мамлакатамонро ба таври васеъ ҷашн мегирем.

Ин солҳо даврони созандагии мардуми Ӯзбекистон буданд. Зеро тӯли ин солҳо мамлакати мо қуллаҳои нав ба нави муваффақиятҳоро фатҳ карда, дар арсаи байналхалқӣ сазовори номи баланд ва эҳтироми ҷомеаи ҷаҳон гардид. 
Хусусан маърӯзаи сарвари давлат Шавкат Мирзиёев аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сиёсати нави давлатамонро ба аҳли олам дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт эълон кард ва мавриди дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ ва аҳли башар қарор гирифт.
Беш аз якуним сол аст, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётамон гардиши куллӣ ба амал омада, он  манфиатҳои халқи Ӯзбекистон, пеш аз ҳама, манфиати одамони оддиро дар назар дорад. Имрӯз аз хурдсол то кӯҳансол, ҳама ғамхории беҳамтои ҳукуматро эҳсос мекунанд. Инро дар мисоли ҳар як оила, маҳалла, деҳа, ноҳия ва вилоят мебинем ва аз ин мамнунем.
Барномаҳои давлатии «Обод маҳалла», «Обод қишлоқ» ба мавзеъҳои зисти мо бунёдкорӣ, ободӣ, фаровонӣ ва хушбахтӣ оварданд. Дар натиҷаи ин иқдоми нек ҳазорҳо одамон соҳиби хонаву ҷой шуда, худро аъзои комилҳуқуқи ҷамъият эҳсос намуданд. 
Ғамхорӣ ба оилаҳои ҷавон афзуд, дар ин ҷода хурсандии ҷавонон ҳадду канор надорад. Таҳти унвони «Ҳар як оила соҳибкор» аз ҷониби бонкҳо ҷудо гардидани вомҳои имтиёзнок ба сарватманд гаштани ҳар як оила мусоидат мекунад, ки мақсад аз он  фаровонии рӯзгори мардум мебошад.  Аз ин бояд ҳар як шаҳрванди солимфикру дурандеш самаранок истифода бубарад.
Алҳол дар кишварамон барои зоҳир намудани истеъдод ва маҳорати ҳар яки мо шароит ва имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Мо бояд шукр карда, баҳри ба даст овардани комёбиҳо саъю кӯшиш намоем. Аз кайфияти «рӯзгузаронӣ» дур шуда, бештар барои ба даст овардани муваффақиятҳои нав ба нав кӯшиш кунем. Ба оила, маҳалла ва Ватанамон заррае бошад ҳам, фоида расонем.
Шукри истиқлолияти миллӣ, ки имрӯз дар тамоми деҳот, ноҳия ва шаҳрҳо муассисаҳои савдо аз нозу неъмат, молҳои истеъмоли халқ пур мебошанд. Дар бозорҳо меваю сабзавот арзон аст. Ҳамаи ин аз шарофати инкишоф ёфтани хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ ва самаранок истифода шудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мебошад.
Имрӯз иқдоми хайри давлат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ беҳисоб аст. Аз ғамхорӣ ба боғчаҳои бачагона то ба сохтмонҳои дорои аҳамияти стратегӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.
Бо сарварии Президент Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳам саҳифаҳои нав кушода шуданд. Пеш аз ҳама бо давлатҳои ҳамсоя рафту омади хешу таборон, гузаштан аз назорати сарҳадбонон хеле осон гардид.
Эътибор ба дини мубини ислом ва рушди маърифати исломӣ баланд гардида, муассисаҳои олии исломӣ кушода шуданд, ки мақсад аз он нишон додани маърифатпарварии динамон мебошад.
Умуман, дар бораи дастовардҳои солҳои истиқлолият ҳар қадар ҳарф занем  кам аст. Дар мамлакатамон ҳар рӯз меваҳои истиқлолиятро ба чашми худ мебинему аз он завқ мебарем.  Вазифаи ҳар яки мо нафақат дидану хурсанд шудан, балки ҳимоя кардан, мустаҳкам намудану ривоҷ додани дастовардҳо мебошад. Он гоҳ мо боз ҳам пурқувват ва бузургтар хоҳем шуд.

Назирҷон ЭРГАШЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: