Даҳ зоир аз Ӯзбекистон дар садамаи нақлиётӣ дар Арабистони Саудӣ ҷароҳат бардоштанд

27 декабри соли ҷорӣ, соати 09:15 ба вақти Арабистони Саудӣ дар шоҳроҳи рақами 160-и “Ҷидда-Мадина” бо ширкати автобуси Мерседес-Бенс, ки ҳоҷиёнро аз Ӯзбекистон мебурд, садамаи нақлиётӣ рух дод.

Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон, дар натиҷаи садама аз 50 зоирин, ки дар автобус буданд, 10 нафари онҳо ҷароҳат бардоштаанд.

Ба ҳамаи осебдидагон дар бемористонҳои “Води ал-фар” ва “Ал-Химна” дар наздикии шаҳри Мадина ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шуд. 40 нафар ҳоҷиён дар меҳмонхонаи Мадина ҷойгир карда шуданд.

Вазъиятро Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷидда таҳти назорат гирифт. Бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисахои тиббӣ алока ба рощ монда шудааст. Дипломатҳо бо шаҳрвандон робитаи доимӣ доранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: