Оё тамаддунҳо низ ҷой иваз мекунанд?
Фарҳанги Ғарб дар давраи атиқа гул-гул шукуфта буд. Дар қарнҳои баъдӣ онро дар худи Аврупо низ фаромӯш карданд. Бо ин гуфтанием, ки қонунияти кӯчиши тамаддунҳо вуҷуд дорад. Бо назардошти ин ҳолат халқи доно фармудааст: «Он ҷое, ки кӯл аст, рӯзе ба чӯл табдил меёбад». Ҳаёт, дар мисоли хушк гардидани баҳри Арал, ин гуфтаро собит намуд. Яъне, Аралкӯл имрӯз ба Аралчӯл табдил ёфтааст. Агар инро дар мисоли ҷамъият қиёс кунем, метавон натиҷа гирифт, ки кишвару фарҳангҳои рушдкарда рӯзе рӯ ба таназзул хоҳанд овард. Дар Юнон рӯзгоре фарҳанги атиқа хеле рушд карда буд, ҳоло ин мамлакат аз кишварҳои пасмондатарини Аврупо маҳсуб меёбад.
Кӯтоҳи сухан, рушду такомул ба Шарқ кӯчид. Дар қарнҳои IX-X дар Шарқ Эҳёи нахустин рӯй дода буд.
Эҳёи дуюм дар Шарқ ба қарнҳои XIV-XV рост меояд. Рушди фикрии ин даврро низ наметавон ҷудо аз тамаддуни Ғарб тасаввур кард. Танҳо дар мисоли осори Навоӣ низ метавон ба ин гуфта боварӣ ҳосил кард.
Қаҳрамони асосии достони панҷуми «Хамса» — «Садди Искандарӣ» Искандари Мақдунӣ (Македонский) мебошад. Қаҳрамони асосии дуюми асар бошад, устоди ӯ — Арасту (Аристотел) аст.
Дар достони дуюми «Хамса» — «Фарҳод ва Ширин» тафсилоти маҳз ба Юнон барои омӯхтани илм рафтани Фарҳод густурдатар аст. Дар ин сафар ӯ бо ҳаким Суҳайло ва Суқроти (Сократ) машҳур мулоқот меорояд, аз онҳо илм меомӯзад, дар Чин кушодани сири тилисми оинаи ҷаҳоннаморо аз худ мекунад.
Дар Шарқ низ демократия буд
(ё на)?
Имрӯз сухане, ки бояд ошкоро бигӯем ин аст, ки демократия аз бурдҳоест, ки бани башар дар тӯли қарнҳо ба даст овардааст. Ба ин комёбӣ Ғарбу Шарқ баробар саҳм гузоштаанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз Шарқ барои дар ҷамъияти худ ҷорӣ кардани принсипҳои демократӣ бояд аз Ғарб бисёр чизро омӯзад. Вале шубҳае нест, ки Ғарб низ, барои ба ин дараҷа инкишоф додани демократия, аз Шарқ бисёр чизҳоро омӯхтааст.
Ба ин гуфта осори Навоӣ низ асос шуда метавонад.
Дар давраи ҳукумати Ҳусайн Бойқаро, шоир аз додараш Дарвешалӣ, ки ҳокими Балх (дар ҳудуди вилояти Мазори Шарифи Афғонистони имрӯза) буд, хоҳиш мекунад, ки ба се чиз қатъӣ амал намояд. Якум — ба ҳукми Худо. Дуюм — ба суханони пайғомбар (с.а.в.). Сеюм — ба фармону нишондодҳои подшоҳон.
Вале, таъкид менамояд шоири домократ, агар зарурати муҳокима кардани фармони подшоҳ, эътироз баён намудан ба ӯ, рӯшанӣ андохтан ба масъалае пеш ояд, ба подшоҳ хаттӣ муроҷиат намояд.
Демократия на маҷмӯи ҳаққу ҳуқуқи беохир, балки, қабл аз ҳама, риоя ба қонун мебошад. Ин пандҳои мутафаккири бузург аз он ки имрӯз низ бо нуқтаи назари умумибашарӣ ҳамоҳангӣ доранд, касро ба ҳайрат мегузоранд.
Аз ман низ озод бош...
Як ғазали шоири бузург бо чунин байт оғоз меёбад:
Кӯнглинг истар ёрлар бирла
ҳамиша шод бӯл,
Мендину кимдинки кӯнглунг
истамас, озод бӯл.
Тарҷума:
Доимо бо дӯстони ҳамдили худ
шод бош,
Аз ману з-он ки туро нохуш бувад,
озод бош.
Шарҳи маънӣ: одам бояд ҳамеша бо онҳое шинухез кунад ва дӯстӣ варзад, ки ба дилаш наздиканд, аз суҳбаташон хушаш меояд. Вале аз суҳбати онҳое, ки хушаш намеояд, бояд дурӣ ҷӯяд. Ин мабод, агар суҳбати ман низ туро хуш нест, метавонӣ аз ман канора ҷӯйӣ.
Магар ин ғояи асосии демократия нест?! Яъне нафаре, ки ба дили ту нанишастааст, низ ҳуқуқи зиндагӣ карданро дорад. Кордор набош, танҳо аз ӯ худатро дур гир. Роҳи дигари халосӣ нест. Зеро ӯ низ инсони баробарҳуқуқ аст, ба зиндагӣ кардан ҳуқуқ дорад.
Дуруст, демократия дар Ғарб ба сифати сохтори идора хеле рушд карда, ба арзиши асосии ҷамъият табдил ёфт. Вале ин арзиш дар Шарқ бегона нест. Ҷойи баҳс нест, ки Ғарб бисёр чизро, аз ҷумла, баъзе бинишу ақоиди демократиро низ аз Шарқ гирифтааст.
Султонмурод ОЛИМ,
Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.