Дэниел РОЗЕНБЛЮМ: ӮЗБЕКИСТОН БОБАТИ ТАТБИҚ СОХТАНИ БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ ИҶТИМОИВУ СИЁСӢ БА ПЕШРАФТИ ҶИДДӢ НОИЛ ГАРДИД

Дар арафаи 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон Оҷонсии иттилоотии «Дунё» бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэниел Розенблюм дар бораи натиҷаҳои ба даст овардаи кишвари мо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, пешомади муносибатҳои дуҷониба ҳамсуҳбат шуд.

– Ҷаноби Сафир, суҳбати мо дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон баргузор мегардад. Марҳамат карда бигӯед, ки Шумо ин рӯзро бо чӣ гуна эҳсос ва орзуҳо истиқбол мегиред?
– Таҷлили истиқлолияти Ӯзбекистон ба ман Рӯзи мустақилии моро, ки 4 июл қайд мешавад, ба хотир меоварад. Чун мардуми Ӯзбекистон амрикоиён низ истиқлоли миллии худро азиз медоранд, ид мекунанд ва инро тӯли 243 соли охир баргузор менамоянд. Эҳтимол, маҳз барои ҳамин ҳам Иёлоти Муттаҳида яке аз кишварҳои аввалине буданд, ки мустақилии Ӯзбекистонро эътироф карданд ва инак, тӯли 28 соли охир мо ҳамеша исрор менамоем, ки Ӯзбекистон роҳи худии хешро муайян кунад. 
Сиёсати хориҷии Президент Мирзиёев «Пеш аз ҳама ҳамсоягон» истиқлоли Ӯзбекистонро мустаҳкам кард. Дар мавриди бомуваффақият татбиқ сохтани барномаи ислоҳоти дохилӣ, ин истиқлолият беш аз пеш мустаҳкам гардида, барои мамлакат ояндаи дурахшон боз мешавад. 
– Мувофиқи анъанаи неки бамиёномада ҳар сол дар Ӯзбекистон ба як самти муайяни иҷтимоӣ бахшида мешавад. Дар соли равон Барномаи давлатии «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ» татбиқ мегардад. Шумо ба чораҳое, ки бобати беҳтар кардани иқлими сармоявӣ андешида мешаванд, чӣ гуна баҳо медиҳед? Аз шунидани ақидаи Шумо, умуман, дар бораи комёбиҳои Ӯзбекистон бинобар ислоҳсозии соҳаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва ҷамъиятиву иқтисодӣ низ сипосгузор хоҳем буд.
– Барномаи ислоҳот ба беҳтар кардани иқлим барои тиҷорат дар Ӯзбекистон ва баланд бардоштани ҷолибияти мамлакат барои соҳибкорони хориҷӣ, аз ҷумла сармоягузорони ИМА нигаронида шудааст. Бо назардошти татбиқшавии ислоҳот мо бовар дорем, ки ба Ӯзбекистон ширкатҳои зиёди амрикоӣ ҷалб хоҳанд шуд. Сармояҳои онҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои зиёди корӣ дар ҳар ду кишвар кӯмак мерасонанд. 
Тобистони соли равон аввалин сафари ҳайати сертификатдори тиҷоратии Вазорати савдои ИМА ба Ӯзбекистон доир гардид. 13 ширкати амрикоӣ, ки дар он иштирок карданд, намояндагони басо бонуфузи ширкатҳо буданд ва мо умедворем, ки онҳо барои худ имкониятҳои бағоят манфиатбахшро баҳри фурӯши молу хидматҳои хеш, ҳамчунин барои созмон додани ширкатҳои муштарак бо ҳамкорони ӯзбекистонӣ кашф намуданд. Муҳим аст, ки ин имкониятҳо ба сармояҳои воқеӣ табдил ёбанд, ин эътибори доимӣ ва кӯмаки ҷониби роҳбарияти Ӯзбекистонро, ки чунин эътибор ва кӯмакро арза доштанд, тақозо менамояд. 
Ӯзбекистон бобати татбиқ сохтани барномаи ислоҳоти иҷтимоиву сиёсии худ ба пешрафти ҷиддӣ ноил гардид, чунончӣ, бинобар муносибати озоди эътиқод, озодии расонаҳои ахбори умумӣ, ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва соҳаҳои суду хуқуқ, ҳамчунин як қатор муваффақиятҳои назаррас дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла дар соҳаҳое чун сиёсати пулу вом, андоз ва танзими тиҷорат ба даст омаданд. Бо вуҷуди ин Президент ва тамоми ҳукумат эътироф менамоянд, ки бояд ҳанӯз корҳои зиёде иҷро шаванд. Баъзе ислоҳот анҷом наёфтанд, дигарашон акнун оғоз гардиданд. 
Ҳангоме ки ман бо вазирони гуногун ва дигар ашхоси мансабдор суҳбат мекунам, эҳсос менамоям, ки онҳо миқёси вазифаҳои дар наздашон истодаро равшан дарк месозанд. Чунончӣ, барои бозсозӣ ва хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ҳанӯз корҳои зиёде бояд иҷро шаванд. Ин бағоят зарур аст, вале баробари ин хеле мураккаб буда, хавфи сиёсӣ ҳам дорад. Дар муносибати роҳбарияти мамлакат ман бахусус онро қадр менамоям, ки вай тайёр аст мушкилотро мушаххас кунад, камбудиҳоро эътироф ва вазифаҳои мураккабро иҷро кунад. Ҳамчунин вай омодааст барои кӯмак ба шарикони хориҷӣ муроҷиат намояд. Умедворам, ки ин муносибат идома меёбад. Иёлоти Муттаҳида ва бисёр кишварҳои дигар, ҳамчунин созмонҳои байналхалқӣ метавонанд дониш ва таҷрибаи муфиди худро пешниҳод кунанд ва онҳо мехоҳанд кӯмак расонанд. Мо ба комёбиҳои бадастомада баҳои хуб медиҳем ва уҳдадор мешавем, ки минбаъд низ барномаи ислоҳотро дастгирӣ кунем. 
– Бо дарёфти истиқлолият Ӯзбекистон роҳи равшану дурандешонаи сиёсати хориҷиро интихоб кард. Дар пояи он чунин вазифа ва ҳадафҳои аввалиндараҷа, аз ҷумла таҳкими истиқлолияти миллӣ, баланд бардоштани нақши кишвари мо дар сиёсати байналхалқӣ мавҷуданд. Дар давраи кунунӣ муносибат бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати беш аз пеш муттасилро пайдо кард. Бо назардошти рушди кунунии фаъоли робитаҳои дуҷониба оё Шумо ба ҷараёни татбиқшавии муоҳидаҳои имзошуда баҳо дода метавонед?  
– Сафари соли гузаштаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Вашингтон дар муносибатҳои дуҷониба давраи муҳим гардид. Вай манфиатдории тарафайни моро бинобар сулҳу амният дар Осиёи Марказӣ собит намуд, ҳамчунин ҷонибдории моро бинобар ҳадафҳои умумӣ – таъмин сохтани эътидол ва пешрафти тамоми минтақаро тасбит сохт. Ин барои шарикии воқеан стратегии байни кишварҳои мо замина муҳайё намуд. Як қатор муоҳидаҳое ба имзо расиданд, ки мо дар онҳо тайёрии худро бинобар ҳамкорӣ дар бисёр соҳаҳои муҳим, аз ҷумла фаъолияти ҳуқуқу тартибот, кишоварзӣ, таълим, энергетика ва узвият ба Созмони умумиҷаҳонии савдо изҳор доштем.
Мо аз пешрафте, ки тӯли соли охир бинобар татбиқсозии ин муоҳидаҳо ба назар мерасанд, хеле хурсанд мебошем. Чандин сафарҳои дараҷаи олӣ дар ҳар ду самт ба вуқӯъ пайвастанд, чунончӣ, моҳи октябри соли гузашта вазири савдои мо ба Ӯзбекистон омад, ба қарибӣ, моҳи гузашта бошад, вазири савдои шумо бо вазири корҳои хориҷӣ аз Иёлоти Муттаҳида боздид ба амал оварданд. Барои ман он чиз муҳим мебошад, ки мо бинобар бисёр масъалаҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таъмин сохтани сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди робитаҳои минтақавии савдо ва энергетикии байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ҳамкории қарин дорем.
– Шумо ба пешомади муносибатҳои байни давлатҳои мо чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Пешомади муносибатҳои мо хеле хурсандибахшанд. Яке аз мақсадҳои ман ба сифати сафир рағбатноксозии робитаҳои байни шаҳрвандони Ӯзбекистон ва ИМА ба шумор меравад. Ин маънои инкишоф додани муносибатҳои байни соҳибкорон, донишҷӯён, омӯзгорон, олимон, рассомон ва шаҳрвандони оддӣ аз тариқи мубодилаи таҷриба ба сайёҳиро дорад. 
Ҳар қадар ин алоқаҳои байни одамон мустаҳкам гардад, ҳамон қадар муносибатҳои дуҷонибаи байни  мо бештар инкишоф меёбанд.
– Орзуҳои Шумо ба халқи Ӯзбекистон ба муносибати 28-умин солгарди истиқлолияти мамлакати мо.
– Ба мардуми Ӯзбекистон саломатӣ, шукуфоӣ ва бахту саодат орзумандам!

ОИ «Дунё».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: