ДЕПАРТАМЕНТИ ДАВЛАТИИ ИМА ПЕШРАФТИ МУҲИМИ ТАЪМИН КАРДАНИ ШАФФОФИЯТИ МОЛИЯВИРО ЭЪТИРОФ НАМУД

Бюрои оид ба корҳои иқтисодиёт ва тиҷорати Департаменти давлатии ИМА дар бораи транспарентии хазинаи давлатӣ барои соли 2019, ки давраи аз 1 январ то 31 декабри соли 2018-умро фаро гирифта, ба дараҷаи таносуби мамлакатҳои дарёфткунандаи кӯмаки ИМА ба «талаботи камтарини шаффофияти молиявӣ» баҳо медиҳад, Маърӯзаи ҳарсоларо чоп кард.

Дар маърӯзаи Департаменти давлатӣ дар тӯли соли 2019 кори 140 давлат, ки ба онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ёрӣ расондааст ва мерасонад, таҳлил карда шуд. Дар ҳисобот дар қисми Ӯзбекистон эътироф карда мешавад, ки ҷумҳурӣ аз сафи яке аз 13 мамлакате, ки ба нашру муҳокимаи ҷамъиятӣ гузоштани лоиҳаи буҷаи давлатӣ оғоз намуда, ба «пешрафти муҳим» муваффақ гардидааст, ҷой гирифт. Интишор намудани лоиҳаи буҷаи барои тасдиқ пешниҳодшаванда, варианти тасдиқшудаи он, инчунин ҳисобот дар бораи иҷрои он бинобар ҷамъбасти сол маъқул дониста мешавад. Таъкид мегардад, ки ҳуҷҷати мазкур барои ҷомеаи васеъ, аз он ҷумла, дар тартиби онлайн  осондастрас мебошад.
Чи хеле ки Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Вашингтон  хабар медиҳад, бинобар ақидаи намояндагони масъули Департаменти давлатӣ, аз соли 2014 – лаҳзаи оғози нашри Маърӯза мамлакатамон бори аввал ба туфайли пешравии муҳими дар таъмин кардани шаффофияти молиявӣ ба дастовардааш корнома нишон дод. Ин, чи хеле ки қайд гардидааст, натиҷаи саъю кӯшиши бемисл бинобар таъмин кардани транспарентии кори тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз он ҷумла сектори молиявӣ мебошад.
Бо мақсади муваффақ гардидан ба пешрафти минбаъда ба Ӯзбекистон тавсия дода шуд, ки ба ҳама дастрас будани маълумотро оид ба ӯҳдадориҳои қарз, эътимоднокии ҳуҷҷатҳои буҷа, тайёр кардан ва нашри ҳисоботи аудиторӣ оид ба иҷрои буҷаи давлатӣ, пурра баён намудани маҳак ва тартиботро барои тақсимоти рухсатнома ва қарордодҳо оиди истихроҷи захираҳои табиӣ дар қонунгузорӣ ё худ  ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, инчунин риояи онҳо дар амалиёт, инчунин дастраси умум будани маълумот дар бораи ғолибони тендерҳо бобати кандани маъданҳои фоиданок таъмин намояд.

ОИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: