Депутати Аврупо Ришард ЧАРНЕТСКИЙ: ТАҒЙИРОТҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ ӮЗБЕКИСТОН БО ИРОДАИ МАРДУМ АСОС ЁФТА, БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН НИГАРОНДА ШУДААСТ

Дар пойтахти Иттиҳоди Аврупо бахшида ба ислоҳоти конститутсионӣ дар Ӯзбекистон суҳбати «мизи муддавар» баргузор гардид.

Мақсади асосии тағйиротҳое, ки ба Қонуни асосии Ӯзбекистон пешниҳод карда мешаванд, аз фароҳам овардани ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ иборат аст, изҳор намуд Ришард Чернетский, депутати парлумони Авруосиё, раиси Гуруҳи дӯстии «ИА–Ӯзбекистон», ки дар сӯҳбати байналмилалии «мизи мудаввар» дар Брюсел таҳти мавзӯи «Ислоҳоти конститутсионӣ: асоси таъмини ҳуқуқ, бехатарӣ, рушди ҷамъияти озод ва адолатноки шаҳрвандӣ» иштирок намуд.
Ришард Чернетский дар солҳои гуногун ба сифати депутати парлумони Полша, вазири ҳамгироии Аврупоии Полша, кор кардааст,  аз соли 2014 узви Парлумони Аврупо буд, ки то соли 2018 муовини раиси он буд. Аз соли 2021 роҳбари Гурӯҳи дустии «ИА-Ӯзбекистон» буда, узви зеркумита оид ба ҳуқуқи инсон мебошад.
Бинобар суханони депутат тағйироте, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешаванд, бо хоҳиши мардум асос ёфта, ба фароҳам овардани ҳифзи ҳуқуқи инсон нигаронда шудааст. Мақсади асосии онҳо бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои асосии ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад. Ислоҳоте, ки бебозгашт мебошад, ба таъмини шарикии иҷтимоӣ ва адолат нигаронда шудааст. Дар ҳуҷҷати нав ҳифзи шану шараф ва ҳуқуқи инсон ба воситаи механизмҳои дақиқ дар қонунҳои асосии кафолатҳои иҷтимоӣ пеш бурда мешаванд. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба таълим, тиб, хидматрасонии иҷтимоӣ ва ғайра, аз он ҷумла, барои шахсони имконияташон маҳдуд. 
Дар сӯҳбати «мизи мудаввар», ки дар сафоратхонаи Ӯзбекистон ташкил карда шуд, намояндагони Парлумони Аврупо, Комиссияи ИА, ҳукумат ва ВКХ Шоҳигарии Белгия, коршиносони марказҳои бонуфузи ақлӣ, ВАО, инчунин ҳайати Ӯзбекистон таҳти иҷрокунандаи ҳамон вақта вазифаи вазири корҳои хориҷӣ Владимир Норов ва дар ҳайати депутатҳои Олий Маҷлис, намояндагони Донишкадаи тадқиқотҳои стратегӣ ва байниминтақавӣ ва Маркази «Стратегияи рушд» иштирок карданд. 
Дар доираи сафари ҳайати Ӯзбекистон дар Белгия ҳамчунин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ Ҷозеп Борелл, вазири корҳои хориҷӣ, корҳои Аврупо, савдоӣ хориҷӣ ва муассисаҳои фидералии фарҳангии Белгия Хаҷа Лаҳбиб, мулоқот анҷом дода, инчунин, дар кори Форуми ҷаҳонии сайёҳӣ «Ҳамоиши роҳбарони Аврупо 2022» таҳти мавзӯи «Сармояҳо, пайвастагӣ ва меҳмоннавозӣ» ширкат варзиданд.

АИ «Дунё»,
шаҳри  БРЮССЕЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: