Депутати Сейми Полша: СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ – ДАВРАИ ТАБИИИ ТАРАҚҚИЁТИ ТАДРИҶИИ МАМЛАКАТ

Дар Сейми (палатаи поёнии парлумон) Полша суҳбати даврӣ бахшида ба мазмуну моҳияти ҳафт самти асосии Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав ташкил гардид.

Сафир Баҳром Бобоев иштирокдорони чорабиниро бо мақсад ва вазифаҳои барномаи давлатӣ оиди ба амал баровардани Стратегия дар “Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол”,  пурзӯрсозии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва коҳиш додани камбағалӣ, таъмини шуғл, боло бурдани захираҳои инсон, беҳсозии тарзи зиндагии аҳолӣ барин вазифаҳои устувори сиёсати давлатӣ  шинос намуд.
Чи тавр сурат гирифтани ҷараёнҳои рушди Ӯзбекистон дар ояндаи наздик ва миёна дар ин ҳуҷҷати барномавӣ муайян гардида, дар асоси тамоюли “Аз Стратегияи ҳаракатҳо  – ба Стратегияи рушд” дар ин самтҳо баланд арзёбӣ ёфтаанд, таъкид карда шуд дар чорабинӣ. Ҳамчунин, таҳияи лоиҳа ва қабул гардидани барномаи давлатии “Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол” дар асоси қоидаҳои стратегияи нав алоҳида гуфта гузашта шуд.
Депутатҳои Полша Стратегия ва барномаи давлатиро ба сифати “қоидаҳои асосии тараққиёти мамлакат” эътироф намуданд.
Хусусан депутат Пшемислав Чарнетский бо назардошти мақсад ва вазифаҳои Стратегияи нав  таъкид сохт, ки дар Ӯзбекистон сиёсати иҷтимоии давлатӣ дар вазъи умумигардонии манфиатҳои гурӯҳ ва қишрҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ пеш бурда мешавад. Ба таъкиди ӯ, ҳуҷҷат, дар навбати аввал, ба ҳифзи фаъоли иҷтимоии аҳолии Ӯзбекистон нигаронида шудааст. Ин гуна муносибат чанд сол инҷониб дар пешгирӣ кардани пастшавии дараҷаи зиндагӣ аҳамияти муҳим касб менамояд. Ин, алалхусус, дар давраи пандемия омили осоиштагӣ ва барқарорӣ дар мамлакат мегардад.
Узви Сейм Барбара Бартуш гуфт, дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав таъсири дунёи тағйирёбанда ба ҳисоб гирифта шудааст. Ба фикри вай, Стратегия дар баробари муайян сохтани асосҳои фаъолияти давлат ва ҷамъият динамикаи муносибати байни онҳоро нигоҳ медорад. Стратегияи нав давраи табиии рушди тадриҷии Ӯзбекистон мебошад, қайд намуд ӯ. Ҳуҷҷат тимсоли инсонпарварӣ ва арзишҳои умумиинсонист.  Ҳафт самти устувори дар Стратегияи рушд муайяншуда  мақбултарин усул дар ҳамоҳангсозии таъмини ҳуқуқ, қонунгузорӣ, тамоюлҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, масъалаҳои таълим, муаммоҳои глобалии экологӣ ва амнияти миллӣ мебошад.

АИ “Дунё”,
ВАРШАВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: