ДЕПУТАТҲО АБДУЛЛА АРИПОВРО БА МАҚОМИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ТАСДИҚ КАРДАНД

Ҳоло ҷамъомад бахшида ба баррасии номзад ба мақоми сарвазир ва муҳокимаи барномаи чорабиниҳои Девони Вазирон, ки ба дурнамои наздик ва оянда нигаронида шудааст, идома дорад.

Дар ҷамъомад депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис номзади Абдулла Ариповро, ки ба мақоми сарвазир пешбарӣ гардид, баррасӣ карданд.

Номзад барномаи чорабиниҳои Девони Вазиронро, ки барои давраи наздик ва оянда нигаронида шудааст, тақдим кард.

Депутатҳо ва роҳбарони фраксияҳо ба сухан баромада, оид ба номзад ва барнома фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

Баъди баррасии барномаи номзад ва ҳукумат масъалаи тасдиқи номзад ба вазифаи сарвазир ба овоздиҳӣ гузошта шуд.

Депутатҳо бо овоздиҳии пинҳонӣ Абдулла Ариповро ба вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: