ДЕПУТАТҲО БУҶАНОМАРО БАРОИ СОЛИ 2019 МУҲОКИМА КАРДАНД

17 ноябри соли 2018 ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар он депутатҳо Буҷаи давлатӣ, буҷаи бунёдҳои мақсадноки давлатӣ ва самтҳои асосии сиёсати андозу буҷаро барои соли 2019-ум баррасӣ намуданд.
Дар ҷамъомад муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири молия Ҷ.Қӯчқоров маърӯза кард.
Қайд бояд кард, ки баррасии пешакии масъалаи мазкур дар ҷамъомади кумитаҳои палатаи поёнии парлумон, фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳи депутатии Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон баргузор шуда буд.
Тавре ки дар ҷамъомад таъкид гардид, Буҷанома барои соли 2019-ум, ки аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод шуд, бо назардошти вазифаҳои рӯзмаррае, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ ва тасдиқ шудаанд, ҳамчунин мувофиқи дастурҳои моддаи 96-уми Кодекси буҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон коркард шуда, ба парлумон пешниҳод гардидааст.
Дар таҷрибаи пешниҳоди Буҷанома бори аввал пешгӯиҳои асосии самтҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат барои солҳои 2019-2021 сабт ёфтаанд. Дар он масъалаҳои зиёд, аз ҷумла омилҳои асосии хориҷӣ ва дохилӣ, ки ба нишондодҳои фискалӣ таъсир мерасонанд, стратегияи сиёсати андозу буҷа барои солҳои 2019-2021, хатарҳои фискалӣ барои соли 2019 ва барои пешгӯиҳои солҳои 2020-2021, афзалиятҳои Буҷаи давлатӣ ва буҷаи бунёдҳои мақсадноки давлатӣ барои солҳои 2019-2021 акс ёфтаанд. Дар Паём мустақиман татбиқ намудани чораҳо бобати таъмин кардани бозсозӣ ва диверсификатсияи иқтисодиёт, зиёд намудани ҷолибияти сармоявӣ ва фаъолнокии секторҳои иқтисодиёт, ки ба муваффақ шудан ба суръатҳои баланди афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ нигаронда шудаанд, пешбинӣ гардидаанд.
Тавре ки дар ҷамъомад қайд шуд, дар соли 2019 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нигоҳ доштани динамикаи мусбати он дар солҳои минбаъда дар ҳаҷми 5,4 фоиз (дар соли 2020-ум – 6, дар соли 2021-ум 7 фоиз) пешбинӣ мегардад. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ 4,9, сохтмон 8,4, хоҷагии қишлоқ 3,3 ва хидматрасонӣ 6,2 фоиз, сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ 17, содироти  молҳо ва хидматҳо 15,5, воридот 6,3 фоиз меафзоянд.
Самтҳои асосии сиёсати андоз барои соли 2019 мувофиқи Фармони Президенти мамлакат аз 29 июни соли 2018 «Дар бораи Консепсияи такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон» андешида шудаанд. Мувофиқи он коҳиш додани миқдори аксари андози даромади шахсони ҷисмонӣ дар ҳаҷми 12 фоиз барои тамоми шаҳрвандон бо ба ҳисобсурати шахсии даромади нафақа равона кардани 0,1 фоизи ин маблағ, андоз барои даромади шахсони ҳуқуқӣ аз 14 то 12 фоиз, барои бонкҳои тиҷоратӣ аз 22 то 20 фоиз, бекор кардани аъзобадалҳои суғуртавии шаҳрвандон ба Бунёди нафақаи ғайрибуҷавӣ, ки аз даромади шаҳрвандон дар шакли пардохти меҳнат нигоҳ дошта мешаванд, пешбинӣ мегардад.
Умуман аз ҳисоби татбиқ намудани чораҳои пешбинишуда миқдори андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ аз 19 то ба 15 намуд кам мешавад.
Сиёсати буҷа барои соли 2019 ба татбиқ намудани сиёсати андешидашудаи фискалӣ, муътадил сохтани афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва устувории низоми молияи мамлакат нигаронида шудааст.
Татбиқ намудани чораҳое, ки ба баланд бардоштани самаранокии банақшагирии маблағҳои буҷа, натиҷабахшии истифодабарии онҳо барои такмил додани муносибатҳои байнибуҷавӣ нигаронида шудаанд, пешбинӣ мегардад. Аз ҷумла, такмил додани ҷараёни банақшагирӣ ва иҷрои Буҷаи давлатӣ, муносибатҳои байнибуҷавӣ, баланд бардоштани манфиатдории мақомоти ҳокимияти  давлатӣ дар маҳалҳо бобати вусъат додани имконияти вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо дар пардохти андоз, муваффақ шудан ба риояи қатъии буҷа барои таъмин кардани устувории он, ба низоми буҷавӣ муттаҳид намудани ҷараёнҳои молиявии буҷаҳо пешбинӣ карда мешавад.
Ба мақсади баланд бардоштани устувории банақшагирии буҷа ҷорӣ намудани механизми банақшагирии миёнамуҳлати буҷа аз тариқи тасдиқ кардани Буҷаи давлатӣ барои соли пешбинишуда ва пешомадҳои буҷавӣ барои ду соли минбаъда пешниҳод мегардад.
Дар соли 2019 воридоти даромадҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи 102,6 триллион сӯм, ё худ 24,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ мегардад. 37,8 фоиз зиёд кардани воридот ба Буҷаи давлатӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои соли равон ба нақша гирифта мешавад. 
Воридоти қисми даромади Буҷаи давлатӣ аз ҳисоби даромадҳо аз андозҳои бевосита дар ҳаҷми 20,7 триллион сӯм, бино бар андозҳои шартӣ 55,5 триллион сӯм, аз андозҳои захиравӣ ва андоз барои молу мулк 14,6 триллион сӯм, андоз барои истифодаи қаър – 10,7 триллион сӯм, андоз барои истифодаи захираҳои об – 0,3 триллион сӯм пешбинӣ мегардад.
Дар соли 2019-ум хароҷоти Буҷаи давлатӣ 107,1 триллион сӯмро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба соли равон 1,4 баробар зиёд аст, дар ин маврид хароҷоти Буҷаи давлатӣ асосан ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нигаронида мешаванд. Чунончи, хароҷот барои соҳаи иҷтимоӣ 57,8 триллион сӯм, ё худ 54 фоизи хароҷоти умумиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон ин хароҷот нисбат ба соли гузашта 34,4 фоиз меафзояд.
Барои бо маблағ таъмин кардани муассисаҳои таълими томактабӣ 4 триллион, таълими умумӣ 17,1 триллион, барои тайёр кардани кадрҳо 3,8 триллион сӯм равона карда мешаванд.
Барои бо маблағ таъмин сохтани соҳаи нигаҳдории  тандурустӣ 12,1 триллион сӯм, ё худ 11,3 фоизи хароҷоти умумӣ  равона мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 30,5 фоиз зиёд мебошад.
Барои бо маблағ таъмин намудани соҳаи маданият 1 триллион, рушди илм 0,6 триллион сӯм равона хоҳад шуд. Хароҷот барои пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, кӯмакҳои моддӣ ба оилаҳои камтаъмин ва пардохтҳои иловагӣ 5267,2 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли аввал 61,8 фоиз зиёд аст.
Барои татбиқ намудани барномаҳои давлатии «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» аз ҳисоби тамоми манбаъҳои бо маблағтаъминкунӣ 6,3 триллион сӯм равона карда мешавад, ки беҳшавии шароити ҳаётро дар 478 нуқтаҳои аҳолинишин таъмин хоҳад кард.
Дар доираи татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ дар соли 2019-ум таҷдид ва бозсозии низоми таъминоти оби ошомиданӣ ва канализатсия барои 372 иншоот, сохтмон ва таҷдиди 1916,1 километр шабакаҳои нақли об пешбинӣ мегардад. Дар натиҷаи чораҳои қабулшуда фарогирӣ бо таъминоти марказонидашудаи об дар соли 2019-ум ба 77 фоиз мерасад.
Умуман афзоиши мустақими даромадҳое, ки дар Буҷанома барои соли 2019-ум пешбинӣ гардидаасту дар низоми андоз ҷорӣ намудани тағйироти куллиро дар назар дорад, ба беҳбуди шароити ҳаёти аҳолӣ нигаронида шудааст.
Дар ҷамъомад депутатҳо Буҷанома ва самтҳои асосии онро муфассал муҳокима карданд.
Барои истифодаи самарабахши маблағҳои буҷавӣ татбиқ намудани назорати муассири ҷамъиятӣ ва парлумонӣ аҳамияти рӯзмарра дорад. Бо назардошти таҳкими манбаъҳои даромади буҷаҳои маҳаллӣ ва мустақиман баланд бардоштани мустақилияти онҳо бояд истифодаи самарабахши ваколат ва имкониятҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллии намояндагӣ, ҷалби фаъоли онҳо дар кор бобати таъмин сохтани пуррагии воридот ба буҷа самарабахш истифода шаванд. Таъкид гардид, ки парлумон бояд дар ин самт ба ҳайати депутатии Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ ҳамаҷониба кӯмак расонад.
Баробари ин дар ҷамъомад ба ҳукумат супурда шуд, ки пешниҳодоти фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи депутатии Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон, ҳамчунин фикру ақида ва таклифҳои аҳолиро, ки дар ҷараёни вохӯрии депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ дар маҳалҳо иброз мешаванд, ба эътибор бигирад.
Ба саволҳои намояндагони парлумон бино бар лоиҳаи ҳуҷҷати асосии молиявӣ муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ.Қӯчқоров муфассал ҷавоб дод.
Дар ҷамъомад Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Арипов баромад кард.
Намояндагони тамоми фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳи депутатии Ҷунбиши экологӣ, ки дар ҷамъомад ба сухан баромаданд, пешниҳод намуданд, ки Буҷаи давлатӣ, буҷаи бунёдҳои мақсадноки давлатӣ ва самтҳои асосии сиёсати андоз ба буҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2019-ум, ки ҳукумат пешбарӣ намуд, дастгирӣ карда шавад. Лоиҳа аз ҷониби Палатаи қонунгузорӣ тасдиқ карда шуд.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: