ДЕПУТАТҲО ИҶРОИ БУҶАИ ДАВЛАТИИ СОЛИ 2017 ВА ЧАҲОРЯКИ ЯКУМИ СОЛИ 2018-РО БАРРАСӢ КАРДАНД

31 майи соли равон ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Депутатҳо ҳисоботро оиди иҷрои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинавии мақсадноки давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2017 ва чаҳоряки аввали соли 2018-ро, ки аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим гардидааст, дида баромаданд.

31 майи соли равон ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Депутатҳо ҳисоботро оиди иҷрои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинавии мақсадноки давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2017 ва чаҳоряки аввали соли 2018-ро, ки аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим гардидааст, дида баромаданд.

Ҳисоботҳои тақдимшуда пештар дар ҷамъомадҳои Кумитаи буҷа ва ислоҳоти иқтисодӣ, фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳи депутатҳои Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон баррасӣ шуда буданд.
Тавре дар ҷамъомад таъкид гардид, дар натиҷаи муттасил ба амал баровардани вазифаҳои устувори дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайяншуда, чораҳое, ки бинобар рушди пурраи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷамъият андешида шудаанд, суръатҳои баланди рушд ва сабзиши иқтисодӣ таъмин гаштанд.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки чораҳои вобаста ба либералисозии сиёсати вомӣ ва такмили соҳаи фаъолияти савдои берунӣ андешидашуда баҳри ҷалби васеи сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, баланд бардоштани иқтидори содиротии он, ба роҳ мондани истеҳсолоти бо технологияҳои замонавӣ асоснокшуда, ҳамчунин боз ҳам ривоҷ ёфтани тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ хидмат менамоянд, дар натиҷа соли 2017 ҳаҷми  маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат – 5,3 фоиз, истеҳсоли саноатӣ 7 фоиз, хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳӣ – 2 фоиз, хидматҳо – 8,9 фоиз, ҳамчунин сохтмон 5,6 фоиз афзуд.
Баробари ҳамин, тавассути муваффақшавӣ ба устувории даромадҳо ва таъмини истифодаи самараноки маблағҳои буҷа Буҷаи давлатӣ 337,3 миллиард сӯм ё худ бо профитсит ба миқдори 0,1 фоиз нисбати маҳсулоти умумӣ ба иҷро расид.
Депутатҳо эътироф сохтанд, барои дар асоси нав комилан нав ва асосоҳи такмилёфтаи ҳуқуқии боз ҳам озодгардондашуда ташкил кардани иқтисодиёт як қатор қонунҳо, Фармон ва қарорҳои Президенти мамлакатамон қабул карда шуда, онҳо ҳоло муваффақиятнок ба амал ҷорӣ карда мешаванд, ҳамчунин дар соҳаи иқтисодиёт корҳои васеъмиқёсе ба сомон расонда мешаванд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, маъно ва мазмуни нав касб кардаанд, ба амалӣ гардондани ислоҳоти самаранок нигаронида шудаанд.
Дар натиҷаи иҷрои Фармон ва қарорҳои роҳбари давлати мо аз 7 июни соли 2017, ки ба васеъсозии ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо, баланд бардоштани масъулияти онҳо дар ташаккули буҷаи маҳаллӣ нигаронида шудаанд, соли гузашта қисми даромадҳои буҷаи маҳаллӣ нисбати прогноз 104,9 фоиз иҷро гардид.
Дар давраи ҳисобот самтҳои иҷтимоии хароҷотҳои Буҷаи давлатӣ таъмин гардида, қайд карда шуд, ки аз ҷониби ҳукумат бобати таъмини самаранокии хароҷотҳои буҷа, баланд бардоштани сифати хидматҳои иҷтимоӣ, пурра ва дар вақти худ молиявисозии пардохтҳои дараҷаи аввал ва боз ҳам такмил додани муносибатҳои байнибуҷавӣ як қатор чораҳо кор карда бароварда шуда, имрӯз онҳо ба ҳаёт татбиқ мегарданд, баҳри иҷрои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинавии мақсадноки давлатӣ омили муҳим мебошанд.
Чунончи, барои молиявисозии хароҷотҳои иҷтимоӣ ба миқдори 55,2 фоизи хароҷотҳои Буҷаи давлатӣ маблағ сарф гардид. Алоҳида таъкид ёфт, 58,7 фоизи хароҷотҳои иҷтимоӣ ба нигоҳ доштан ва рушди сохтори таълимӣ, 26,9 фоизи он ба хароҷотҳои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ сарф карда шуд, ки ин дар мамлакат аз эътибор ба сабзиши сармояи инсон ва таъмини солимии аҳолӣ далолат медиҳад.
Баробари ин, дар давоми дида баромадани иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва буҷаҳои хазинавии мақсадноки давлатӣ дар чаҳоряки аввали соли 2018 депутатҳо ҳолати ташаккули даромадҳои Буҷаи давлатӣ ва сарфи хароҷотҳоро таҳлил намуданд. Дар ҷараёни ба амал баровардани омӯзиши ҳолати ҳақиқӣ дар ҷойҳо ва амалӣ гардондани фаъолияти назоратӣ-таҳлилӣ депутатҳо ва сенаторон истифодаи мақсаднок ва самарабахши дар маблағҳои Буҷаи давлатӣ, дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ дар ҳудудҳо ҳанӯз мавҷуд будани масъалаҳои ҳаллашон таъхирнопазирро таъкид сохта, таклиф пеш гузоштанд 874 миллиард сӯм маблағҳои иловагие, ки дар чаҳоряки аввали соли ҷорӣ ба буҷаҳои маҳаллӣ ворид шудаанд, ба ҳалли ҳамин масъалаҳо сафарбар карда шаванд.
Бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология» таъкид гашт, барои рушди роҳу нақлиёт, инфрасохтори муҳандисӣ-коммуникатсионӣ ва иҷтимоӣ ва чораҳое, ки ба модернизатсияи онҳо нигаронида шудаанд, ҷудо гардидани маблағҳои калони молиявӣ мадди назар буда, лозим меояд ба таъмини натиҷа ва самаранокии онҳо эътибори ҷиддӣ нигаронида шавад.
Баробари ҳамин депутатҳо бобати пурра амалӣ гардондани иқтидори захиравии ҳудудҳо, таъмини истифодаи самараноки буҷаҳои давлатӣ, афзун гардондани даромади буҷаи маҳаллӣ зарурияти пурра истифодабарии имконият ва захираҳо дар ҷойҳоро таъкид намуданд.
Дар давоми муҳокимаҳо депутатҳо таъкид сохтанд бобати баланд бардоштани интизоми иҷрои шахсони мансабдори мақомоти давлатии маҳаллӣ, пурзӯрсозии назорати парлумонӣ аз рӯйи иҷрои сари вақт ва сифатноки Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинаҳои мақсадноки давлатӣ, барои ин ба роҳ гузоштани ҳамкорӣ  бо шӯроҳои дахлноки депутатҳои халқ муайян карда гирифтани вазифаҳои аниқ зарур аст.
Аз рӯи ҷамъбасти ҷамъомад, Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дар бораи тасдиқ сохтани ҳисобот аз рӯи иҷрои Буҷаи давлатӣ ва буҷаҳои хазинавии мақсадноки давлатӣ дар соли 2017 ва чаҳоряки аввали соли 2018 қарор қабул намуд.
Депутатҳо масъалаҳои дигарро ҳам, ки ба ваколатҳои Палатаи қонунгузорӣ тааллуқ доранд, муҳокима намуданд.

Хидмати ахбори Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: