ДЕПУТАТҲО ИҶРОИ ҚАРОРИ ПРЕЗИДЕНТРО ОМӮХТАНД

Гурӯҳи намояндагони мардумии Шӯрои шаҳри Қаршӣ ба маҳаллаҳои шаҳр баромадаву дар амал татбиқ гардидани қарорҳои раҳбари давлатро дар робита ба обод кардани маҳаллаҳо омӯхтанд.

Намояндагон дар пеши худ мақсад гузоштанд, ки иҷрои қарори рақами 408-и Президентро дар маҳалҳо омӯзанд ва хулосаҳои даркорӣ бароваранд. Онҳо нахуст аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Арал» дидан намуда, аз рафти корҳои бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии ин маҳалла шинос шуданд. Дар маҳаллаи «Арал» тибқи қарори мазкури раҳбари давлат лӯлаҳои обгузар насб гардидаву мушкили аҳолӣ дар ин робита ҳал мегардад. Намояндагони мардумӣ камбудиҳои ҷойдоштаро мушаххас карда, идораҳои мутасаддиро ҳушдор доданд, ки ба сифати корҳо эътибор диҳанд, то маблағи ҳукумат беҳуда масраф нагардад. 
Ин гурӯҳ инчунин ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Роҳгузар» омаданд ва сифати корҳои сохтмониро дар робита ба мумфарш намудани 2,5 километр роҳҳои дохилии ин маҳалла омӯхтанд. Ба роҳсозон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳати муфид доданд. Депутатҳо боз аз рафти корҳои ободонӣ дар ду маҳаллаи дигар – «Камандӣ» ва «Хонтеппа» шиносоӣ пайдо намуда, ҳаётан хеле муҳим будани қарори Президентро барои обод сохтани маҳаллаҳо махсус таъкид намуданд.
Чунин тафтишот ва омӯзишҳои саривақтӣ ба суръати корҳо хоҳанд афзуд ва идораҳои мутасаддиро дар иҷрои босифати амалҳои ободгароӣ водор хоҳанд кард.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти 
Қашқадарё.      
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: