ДЕПУТАТҲО ЛОИҲАИ ҚОНУНҲОЕРО, КИ ДАР ҲАЁТИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ МУҲИМ ДОРАНД, БАРРАСӢ КАРДАНД

Депутатҳо дар ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис лоиҳаи қонунҳоеро, ки бобати амиқсозии ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо татбиқ мешаванд, муҳокима карданд.

Депутатҳо дар ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис лоиҳаи қонунҳоеро, ки бобати амиқсозии ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо татбиқ мешаванд, муҳокима карданд.
Дар ибтидо ҷамъомади фраксияҳои аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳи депутатӣ аз Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон дар Палатаи қонунгузорӣ баргузор шуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои ба рӯзномаи маҷлиси палатаи поёнӣ дохилгардида қаблан баррасӣ шуданд. Бинобар натиҷаи муҳокимаҳои лоиҳаи қонунҳо бобати такмил додани онҳо таклиф ва тавсияҳо андешида шуданд.
Депутатҳо кори худро аз дар қироати аввал баррасӣ намудани лоиҳаи Қонун «Дар бораи хидмати давлатии гумрук» дар таҳрири нав оғоз карданд. Қайд шуд, ки солҳои охир ба мақсади минбаъд озодкунии қонунгузорӣ оид ба гумрук, баланд бардоштани ҷолибияти сармоявии мамлакат бобати соддатар кардани қайди гумрук, татбиқ намудани фаъолияти иқтисоди хориҷӣ тағйироти муҳими сохторӣ амалӣ мешаванд.
Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти гумрук дар ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои хидматиашон  қатъиян риоя шудани меъёрҳои ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ба мақсади таъмин шудани қонунмандӣ, ошкорбаёнӣ, шаффофият мушаххас карда мешаванд. Ҳамчунин аз нуқтаи назари қонун масъалаҳои коркард ва ба амалия ҷорӣ намудани самтҳои бартариноки баланд бардоштани масъулияти ходимони мақомоти гумрук барои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ, вайрон кардани ҳуқуқи мулкдорони хусусӣ, таъмин сохтани шаффофият ва рӯшодии тартиботи вобаста ба татбиқ намудани фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ҳамчунин рушди кори гумрук таъкид мегардад.
Бинобар ақидаи депутатҳо қабули лоиҳаи қонун ба такмил додани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти гумрук, ҷорӣ намудани механизмҳои иловагии ҳуқуқӣ бинобар самарабахш таъмин кардани кафолати муътамади ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин иштирокдорони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ хидмат хоҳад кард.
Сипас лоиҳаи Қонун «Дар бораи манбаъҳои иловагии энергия», ки аз ҷониби гурӯҳи депутатҳои аъзои Кумитаи оид ба экология ва масъалаҳои ҳифзи муҳити атрофи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис андешида ва ворид карда шудааст, дар қироати аввал баррасӣ гардид.
Тавре ки зикр шуд, ҳоли ҳозир хелҳои энергетика – ангиштсанг, нафт, гази табиӣ ва уран асоси эътидоли энергетикии ҷаҳон ба шумор мераванд. Вале захираи онҳо ҳар сол бинобар коркард ва истифодабариашон коҳиш меёбад. Бо назардошти рушди минбаъдаи иқтисодиёт, афзоиши аҳолӣ ва тарзи анъанавии бамиёномадаи таъминоти энергетикӣ истеъмоли захираҳои энергетикӣ мувофиқан зиёд мешавад. Норасоии маҳсулоти карбогидрид ва тағйир ёфтани нархи он ба афзоиши  истифодаи зиёди манбаъҳои нави энергия (МНЭ) дар кишварҳои пешқадами хориҷӣ сабаб гардид.
Дар мамлакати мо ҳам солҳои охир ба мақсади татбиқ сохтани корҳои амалӣ дар самти мазкур як қатор чораҳо татбиқ мешаванд. Аз ин нуқтаи назар депутатҳо махсус таъкид карданд, ки дар Ӯзбекистон қабул шудани қонун, ки барои рушди соҳаи мазкур ҳамчун асос хидмат мекунад,  иқтисодиёт ва саноат бо суръати зиёд инкишоф меёбанд, тақозои замон ба шумор меравад. 
Мақсад аз коркарди лоиҳаи қонун танзими самтҳои бартаринок ва чораҳои маҷмӯии сиёсати давлат дар соҳаи истифодаи манбаъҳои нави энергия, баланд бардоштани самаранокии энергия дар соҳаҳои иқтисодиёт, ҷанбаи иҷтимоӣ ва сатҳи диверсификатсияи эътидоли гармиву энергетикӣ, мустаҳкам кардани амнияти энергетикии мамлакат, ҳамчунин кам кардани партови газҳои гармхонавӣ дар доираи татбиқ намудани вазифаҳои рушди устувори кишвари мо ба шумор меравад.
Мувофиқи лоиҳаи қонун тартиби қонунии чораҳои дастгирии давлатӣ ва рағбатноксозии соҳаи истифодаи манбаъҳои нави энергия, муайян кардани асосҳои қонунии идораи давлатӣ дар соҳаи мазкур пешбинӣ мегардад.
Бинобар фикру ақидаи депутатҳо қабул шудани лоиҳаи қонун ба татбиқ гардидани самтҳои афзалиятнок хидмат мекунад. Стратегияи амалиёт дар кори афзудани самаранокии энергия дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, рушди минбаъдаи энергетикаи нав дар солҳои 2017-2021 хидмат хоҳад кард.
Ҳизби иҷтимоиву демократии «Адолат» дар барномаи пеш аз интихоботаш рушди технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла истифодаи манбаъҳои навӣ энергияро аз ҷумлаи мақсадҳои асосии худ муайян карда буд. Бинобар ҳамин ҳам аъзои фраксияи ҳизби мазкур ба масъала аз нуқтаи назари бағоят танқидӣ муносибат карданд, қатъият зоҳир намуданд ва тақозо карданд, ки лоиҳаи мазкур ҷиддӣ коркард шавад. Дар тафриқа аз таклифҳое, ки фраксияҳои аҳзоби дигар пешниҳод намуданд, зарурияти коркарди як қатор меъёрҳо ва қоидаҳои ҳуҷҷатро бо иштироки доираи васеи мутахассисон таъкид ва дар ин маврид нигоҳ доштани мақсадҳои асосии лоиҳа, ба қироати дуввум ворид намудани онро зикр карданд.
Аъзои фраксияи Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон баробари кори лоиҳаи мазкур ба зарурияти баргузор намудани ҷустуҷӯйҳои илман асосноки вобаста ба вазифа ва мушкилоте, ки бинобар қабули қонун ба миён меоянд, эътибор доданд. Мувофиқи фикру ақидаи аъзои фраксия солҳои аввал аз хориҷ овардани технологияҳо ва таҷҳизот барои сохтмони манбаъҳои нави энергия зарур мебошад. Бо вуҷуди ҳифзи сарватҳои торафт кам шудаистодаи табиӣ, энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ, ки инсоният истифода мебарад, тамоми инноватсияҳои вобаста ба ин аллакай ҳоли ҳозир бояд дар асоси илман амиқ бо мақсади баланд нашудани арзиши маҳсулоти ниҳоӣ — энергия, ки  барои он халқ пардохт мекунад, омӯхта шаванд. Аз ин нуқтаи назар зарурияти ба депутатҳо аз ҷониби ташаббускорони лоиҳа пешниҳод гардидани маънидодкуниҳои асоснок бинобар масъалаи мазкур то замони муҳокимаи он дар қироатҳои минбаъда таъкид шуд.
Баъд аз талош ва баҳсҳои ҷиддии фраксияҳои аҳзоби сиёсӣ ҳар ду лоиҳаи қонун дар қироати аввал қабул гардид ва ба зиммаи кумитаҳои масъул вазифаи тайёр кардани лоиҳаи қонунҳо ба қироати дуввум бо дарназардошти фикру ақида ва таклифҳое, ки дар ҷараёни муҳокима изҳор шуданд, гузошта шуд. 
Дар ҷамъомад ҳамчунин масъалаҳои дигаре, ки ба ваколати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дахл доранд, муҳокима гардиданд.

Хидмати матбуоти Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: