ДЕПУТАТҲО ВАЗЪИЯТРО ДАР МАҲАЛҲО МЕОМӮЗАНД

Аъзои парлумон бо роҳбарии ҷонишини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳотамҷон Кетмонов бо ҳолати дарёву рӯдҳо, сойю ҷӯйҳо, обанборҳо, ҳамчунин кори истгоҳҳои насосӣ дар вилояти Намангон шинос мешаванд.

Дар машварати селекторие, ки таҳти сарварии Президенти мамлакат 29 майи соли равон баргузор гардид, вазъияте, ки дар хоҷагии қишлоқ ба миён омадааст, муфассал таҳлил шуд, дар ин маврид ба чунин вазифаҳои рӯзмарра, аз ҷумла норасоии об, истифодаи сарфакоронаи он, фароҳам овардани ҳосили кафолатноки пахта эътибори махсус дода шуд.
– Дар машварат роҳбари давлат бинобар истифодаи самарабахши захираҳои об ва тақсими онҳо супоришҳои мушаххас дод, – мегӯяд депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Шуҳрат Ёқубов. – Мо якҷо бо кормандони хоҷагии об, роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ, депутатҳои Кенгашҳои маҳаллӣ дар маҳалҳо бобати истифодаи сарфакорона ва самарабахши об корҳои маънидодкунӣ мебарем. Дар ҳар кадом ноҳия бахшида бар ин масъала ҷамъомадҳо баргузор  мешаванд. То имрӯз бо иштироки мутахассисон мо тозакунии шабакаҳои обиёриро ба саҳроҳои хоҷагиҳои фермерии ноҳияҳои Косонсой, Янгиқӯрғон ва Чортоқ, ҳолати иншооти гидротехникӣ ва тайёрии замин ба обёриро омӯхтем. Бинобар камбудиҳои ошкоршуда фикру ақидаи худро ба шахсони масъул изҳор доштем. Бобати аз байн бардотани нуқсонҳо назорат ба роҳ монда шуд.
Баробари ин ба муносибати дар мамлакат аз 1 июн то 1 июли соли 2018 эълон шудани «Моҳонаи зарбдор оид ба ҳосили кафолатноки пахта» дар вилоят гурӯҳи корӣ созмон дода шуд. Бобати ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, ҷамъ овардан, таҳлил кардани маълумоти бадастомада, коркарди чораҳои дахлдор корҳои назоратӣ ва маънидодкунӣ ба роҳ монда мешаванд.

А. САТТОРОВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: