Имрӯз бевосита бо халқ муҳокима намудани масъалаҳои дорои аҳамияти давлатӣ, омӯхтани фикру ақида ва мулоҳизаҳои ҳамватанонамон бинобар ҳар як мавзӯи муҳим ба маҳаки ҳаёти ҳаррӯза, фаъолиятамон табдил ёфтааст.
Муҳим будани ҷараёни мазкур, ки ба дараҷаи сиёсати давлатӣ мебарояд, аз он иборат аст, ки халқамон ба воситаи намояндагони худ, яъне депутатҳо бевосита рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро мушоҳида намуда, назорат мекунад. Бо ҳисси дахлдорӣ ба ҳар як масъалаю ҳаёти мамлакат умр ба сар мебарад.
Механизми нави дар Палатаи қонунгузорӣ амалкунанда – таҷрибаи дар ҳар семоҳа аз ҷониби Сарвазир ва узви ҳукумат додани ҳисобот дар назди палатаҳои Олий Маҷлис дар бораи рафти татбиқи Барномаи давлатӣ баробари қабули қарорҳои муҳими парлумон ва пурзӯр гардондани назорати иҷрои қонунҳо беш аз пеш такмил меёбанд. Хабардор намудани халқ дар бораи навгониҳои ҳаёти ҷамъият, умуман таҷрибаи баҳо додан ба фаъолияти ҳукумат ба воситаи депутатҳои аз ҷониби халқ интихобшуда дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакатамон ба амри воқеъ табдил меёбад.
1 августи соли 2019 дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис яке аз чунин чорабиниҳои муҳим ба амал омад. Дар он ҳисоботи Девони Вазирон дар бораи рафти иҷрои Барномаи давлатӣ бинобар татбиқи Стратегияи амалиёт оид ба самтҳои устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ» дар нимсолаи аввали соли 2019 шунида шуд.
Ҳисоботро муовини Сарвазир А. Абдуҳакимов тақдим намуд.
Чӣ хеле ки депутатҳо қайд намуданд, дар ҳисобот тамоми масъалаҳои муҳим муфассал инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, ҷавобҳо ба дархостҳои парлумонӣ ва депутатӣ, ки ба Девони Вазирон ва вазорату идораҳои таркиби он фиристода шудаанд, амиқ таҳлил гардиданд. Боз як тафовути ҳисоботи ҳолоина аз пештарааш дар он аст, ки ба ҷои корҳои амалишуда, объекту рақамҳои дақиқ аз ҷониби ҳукумат нақшаҳои муайяне, ки иҷрояшон дар ним соли оянда пешбинӣ шудаанд, тақдим гардиданд. Дар ҳисобот параметрҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, корҳои бинобар таъмин кардани рушди пайвастаи устувории макроиқтисодӣ, инчунин соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалишуда муфассал инъикос ёфтаанд. Хусусан кор бинобар ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, фароҳам овардани иқлими мусоиди сармоягузорӣ, баланд бардоштани дараҷаи рушди иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ амиқ таҳлил гардиданд.
Мувофиқи он дар нимсолаи якуми соли 2019 маҳсулоти умумии дохилӣ (МУД) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 фоиз афзуд. Аз он ҷумла, дар соҳаҳои саноат – 6,9 фоиз, соҳаи хидматрасонӣ ва сервис – 12,7 фоиз, муомилоти чаканаи мол – 6,4 фоиз, инчунин кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ – 2,1 фоиз зиёд гардид, ки ба сифати омили асосии болоравии иқтисодӣ хидмат кард. Дар натиҷаи фароҳам овардани иқлими мусоиди сармоягузорӣ ҳаҷми сармояҳои азхудшуда дар сармояи асосӣ – 1,6 баробар, корҳои сохтмонӣ – 20 фоиз афзуд.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2019 даромади Буҷаи давлатӣ 50,7 триллион сӯм (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар зиёд), хароҷот – 55,3 триллион сӯмро ташкил дод. Дар сохтори хароҷоти Буҷаи давлатӣ ҳиссаи баландтарин (54,4 фоиз) ба зиммаи хароҷоти иҷтимоӣ рост омад. Озодии мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар ташаккул додани даромадҳои буҷаи маҳаллӣ ба дараҷаи назаррас баланд гардид.
Депутатҳо ба корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, ки звенои муҳими рушди имрӯзаи иқтисодӣ мебошад, эътибор нигаронда, ба он баҳои баланд доданд, ки дар давраи гузашта барои шаҳрвандони 47 мамлакат тартиби бераводид ҷорӣ карда шуд, миқдори мамлакатҳо бо тартиби бераводид ба 65 адад расид, боз ба шаҳрвандони 77 мамлакат имконияти ба даст овардани раводиди электронӣ фароҳам оварда шуд. Дар давраи ҳисобот эътироф гардид, ки 247 туроператорҳои нав ташкил карда шуда, 107 меҳмонхонаи дорои 1,7 ҳазор хона ба кор дароварда шуда, миқдори сайёҳон 31 фоиз зиёд гардида, онҳо 3 миллион нафарро ташкил доданд.
Дар доираи барномаи «Деҳаи обод» 1 166 миллиард сӯмина корҳо иҷро гардиданд. Аз ҳисоби ин маблағҳо 47,6 ҳазор манзилҳои шахсӣ, 232 манзили бисёрутоқа таъмир карда шуда, корҳои ободонӣ амалӣ гардиданд. 637 километр шабакаи қубурҳои об беҳтар гардонда шуд. 2 128 километр шабакаи қувваи барқ, 215 километр шабакаи газ аз нав кашида, таҷдид ва аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Инчунин, 53 объекти соҳаи иҷтимоӣ, 78 объекти инфрасохтори бозаргонӣ ба истифода супурда шуданд. Дар доираи барномаи иҷтимоӣ ба соҳаи соҳибкорӣ 5,1 триллион сӯм вомҳои имтиёзнок ҷудо карда шуда, аз вомҳои мазкури имтиёзнок 4,5 триллион сӯм дар доираи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» ба беш аз 249 ҳазор оилаҳо ҷудо карда шуданд, ки ин маблағҳо барои роҳандозии тиҷорати худӣ, созмон додани ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим доранд.
Дар давраи ҳисобот корҳои васеъмиқёсе, ки ба таъмин кардани иҷрои 5 ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди оммавигардонии китобхонӣ дар байни аҳолӣ ва ҷавонон, ба фарҳанг, санъат, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш васеъ ҷалб намудани онҳо, ҷорӣ кардани малакаи истифодаи технологияҳои компутерӣ, таъмин кардани шуғли занон нигаронда шудаанд, амалӣ шуданд. Миқдори маҳфилҳои варзишӣ дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ то 38 554 адад расонда шуданд. Ба мақсади баланд бардоштани дониш ва малакаи ҷавонон дар соҳаи технологияҳои замонавии ахбор дар 9 вилояти ҷумҳурӣ ва шаҳри Тошканд 12 маркази таълими технологияҳои рақамӣ ташкил карда шуданд. Бунёди китобхонаи мактабҳо аз 16,3 миллион то 18,6 миллион китоб зиёд гардонда шуд. То охири соли 2019 дар ҷумҳурӣ ба кор даровардани 75 корхонаи дӯзандагиву трикотажӣ, бо кор таъмин намудани 22,5 ҳазор занону духтарон ба нақша гирифта шудааст.
Умуман, ҳисоботи ҳукумат тақдимнамуда, рақаму фактҳои дар он овардашударо депутатҳо амиқ таҳлил намуданд. Масъалаҳои иҷрои вазифаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои дахлдори дар Барномаи давлатӣ пешбинишуда дар маркази эътибори намояндагони халқ қарор доштанд. Намояндагони парлумон эътибори узви ҳукуматро ба масъалаҳои муҳиме, ки дар рафти вохӯрӣ бо интихобкунандагон ба миён гузошта мешаванд, инчунин як қатор масъалаҳои бевосита ба Барномаи давлатӣ алоқаманд нигаронданд.
Аз рӯи ҳисоботи ҳукумат фраксияи ҳар як ҳизби сиёсӣ ва намояндагони гурӯҳи депутатии Ҳаракати экологии Ӯзбекистон нуқтаи назари худро изҳор намуданд. Аз ҷумла, намояндагони халқ онро зери танқид гирифтанд, ки аз 139 банди Барномаи давлатӣ иҷрои 23 банд (16,5 фоиз) пурра таъмин карда нашудааст. Аз ҷумла, то имрӯз ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки ба такмил додани асосҳои ҳуқуқии тайёрӣ ва қабули ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, муайян намудани тафриқаи дақиқи давлат дар фаъолияти иқтисодӣ, коркарди Консепсияи рушди урбанизатсия то соли 2030 нигаронда шудаанд, қабул нашудаанд. Таҳлили корҳое, ки бинобар як қатор лоиҳаи қонунҳои дар Барномаи давлатӣ пешбинишуда гузаронда шуданд, нишон медиҳанд, ки кор бобати коркарди саривақтӣ ва ҷиддии онҳо, мутобиқат намудан бо вазорату идораҳои манфиатдор, барои баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон тақдим намудан ба дараҷаи бояду шояд намебошанд. Дар натиҷа бобати дар муҳлати пешбинишуда тайёр намудани чунин лоиҳаи қонунҳо, мисли «Дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ», «Дар бораи минтақаҳои махсуси иқтисодӣ», «Дар бораи хидмати дипломатӣ», тасдиқ намудани таҳрири нави Кодекси андоз як қатор мушкилот ба миён меоянд.
Бинобар такмил додани бо маблағ таъмин намудани муассисаҳои давлатии тиббӣ, чи хеле ки ин дар банди 155-уми Барномаи давлатӣ муайян шудааст, аз ҷумла бинобар ҷорӣ кардани механизмҳои бомаблағтаъминкунии муассисаҳои тиббӣ дар 16 ноҳияҳо оид ба гурӯҳҳои клиникиву хароҷотӣ барои «ҳар як ҳолати табобатӣ» ва инсон чораҳои зарурӣ андешида намешаванд. То ҳол дар доираи Барномаи давлатӣ, ки ба баланд бардоштани сифати расондани хидмати тиббии онкологӣ ба аҳолӣ ва васеъ гардондани фарогирии чорабиниҳои профилактикӣ чораҳои амалӣ ба охир расонда нашудаанд.
Дар ҷамъомад ҳолати ҷории роҳҳои дохилии автомобилӣ, ба дараҷаи талаб мувофиқат накардани корҳо бинобар таъмир ва нигоҳдорӣ зери танқид гирифта шуд. Зарурати мувофиқи банди 178-уми Барномаи давлатӣ коркарди чораҳои амалӣ, ки ба таъмири асосӣ ва ҷории кӯчаҳои шаҳрӣ ва роҳҳои дохилии нуқтаҳои аҳолинишин нигаронда шудааст, қайд гардид.
Дар айни ҳол ба чораҳо бинобар рушди нақлиёти берунӣ, низоми логистика, такмил додани марказҳои логистикӣ, ҷорӣ кардани усулҳои замонавӣ ва воситаҳои техникии идоракунии ҳамлу нақли борҳо, ки дар банди 256-уми Барномаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, эътибори бояду шояд дода намешавад. Инчунин, аз ҷониби баъзе вазоратҳо корҳо бинобар рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти кластерҳо дар пахтакорӣ, ғаллапарварӣ, меваву сабзавот ва дигар соҳаҳо, коркарди барномаи миллии таъмини озуқаворӣ дар мамлакат дар солҳои 2019-2024, дар минтақаҳо ташкил кардани «хабҳои инвеститсионӣ» ба охир расонда нашудааст.
Депутатҳо қайд намуданд, ки дар асоси ҳар як банд, вазифаҳои гузошташуда чунин мақсадҳои муҳим, мисли беҳтар гардондани дараҷа ва сифати ҳаёти халқ, муваффақ гардидан ба қаноатмандии ҳамватанонамон аз корҳое, ки давлат амалӣ менамояд, таҷассум ёфтаанд, ба муносибати ин аҳамияти иҷрои бечунучаро ва саривақтии онҳоро таъкид намуданд. Дар ин маъно онҳо дар бораи иҷрои бандҳои дар материалҳои ҳисоботӣ изҳоргардида фикру ақида ва мулоҳизаҳои худро изҳор намуданд, ки муҳлати иҷро дар Барномаи давлатӣ чун «дар тӯли сол» муайян шудааст, аз ҷумла «Таъмин кардани гузарондани қайди давлатии объектҳои мероси моддиву маданӣ» (банди 188), «Офаридани филмҳои аниматсионӣ дар бораи шахсиятҳои таърихӣ ва образҳои миллӣ» (банди 192) ва як қатор бандҳои дигар, зарурати эътибори ҷиддӣ додан ба иҷрои онҳоро қайд намуданд.
Дар навбати худ депутатҳо инчунин ба як қатор масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз бо рӯзмаррагиашон дар маркази эътибори ҷамъиятамон қарор дошта, воситаи муҳокимаи пурҷӯшу хурӯши ҷомеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегарданд, аз ҷумла аз ҷониби узви парлумон дар бораи тағйир додани ранги оинаҳои пешу қафои воситаҳои нақлиётӣ суол дода шуд, масъала дар бораи талабот вобаста ба рӯзона гирондани чароғи наздики автомобилҳо, инчунин дар бораи мулки ғайриманқул ва кӯчондани манзил, ки аз ҷониби депутатҳо якчанд моҳ қабл бардошта шуда буд, таъкид гардид.
Хусусан аз ҷониби ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар маҳалҳо иҷро нагардидани талаботи Фармони дахлдори Президент ва қарори Девони Вазирон дар бораи кӯчондани мулки ғайриманқул зикр гардид. Намояндаи ҳукумат маълум намуд, ки масъалаи мазкур муфассал омӯхта шуда, қисми зиёди онҳо мусбат ҳаллу фасл гардиданд, масъалаҳои ҷудогона бошанд, аз он ҷумла масъалаи тонировка, дар рӯзҳои наздик қатъӣ ҳаллу фасл хоҳад гардид. Муовини Сарвазир А. Абдуҳакимов узви парлумонро бинобар ҳаллу фасли мушкилоти муҳими ба ин монанд ба ҳамкории наздик даъват намуд.
Дар чорабинӣ зарурати ҷорӣ намудани мониторинги низомнок барои иҷрои Барномаи давлатӣ дар семоҳаи сеюм, самарабахш истифода бурдани тамоми шаклҳои назорати парлумонӣ қайд гардид. Зарурати татбиқи самарабахши чорабиниҳо бобати минбаъд беҳтар гардондани некӯҳолии аҳолӣ дар натиҷаи беҳдошти нишондиҳандаҳои мамлакатамон дар рейтингҳои байналхалқӣ ва индикаторҳои ҷудогонаи сохторӣ, инчунин ба иқтисодиёти миллӣ ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, фароҳам овардани иқлими мусоиди сармоягузорӣ, рушди иҷтимоии минтақаҳо, ба ин муносибат минбаъд пурзӯр гардондани ҳамкорӣ бо намояндагони парлумон дар ин самт таъкид гардид. Бинобар масъалаи мазкур аз ҷониби депутатҳо ба ҳукумат таклифу тавсияҳо дода шуданд.
Ҳамин тариқ, баъд аз баррасиҳои пурҷӯшу хурӯш ва баҳсу мунозираҳо, ки дар рӯҳи танқид ва таҳлил гузаштанд, депутатҳо ҳисоботи ҳукуматро маъқул донистанд.
Дар хотимаи чорабинӣ қарори палатаи поёнии парлумон оид ба ҷамъбасти баррасии ҳисоботи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар он таклифҳое, ки аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бармеоянд ва ба баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти ҳукумат оид ба иҷрои Барномаи давлатӣ ба солҳои дахлдор нигаронда шудаанд, қабул гардид.
Хидмати матбуоти Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.