ДЕПУТАТҲОИ НАВИНТИХОБШУДА АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
31 октябр ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар он масъалаи ба қайдгирии депутатҳое, ки дар интихоботи санаи 27 октябр интихоб шудаанд, баррасӣ гардид.
Дар ҷамъомад раиси Комиссияи марказии интихоботӣ З. Низомхӯҷаев қайд намуд, ки дар интихоботи депутатҳо ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, депутатҳои Шӯрои халқии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ноҳия ва шаҳрҳо 15 миллиону 27 ҳазору 529 интихобкунанда овоз додаанд, ки 74,72 фоизи миқдори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки рағбати шаҳрвандон ба ҷараёни интихобот афзудааст, ки ин дар рафти тайёрӣ ва баргузории интихобот равшан ба назар расид.
Мувофиқи қонунгузории интихоботӣ натиҷаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон баррасӣ гардид, 75 депутат, ки аз ҳавзаҳои якмандата интихоб шудаанд, 75 депутате, ки аз ҳаввзаҳои якмандата бинобар рӯйхати ҳизбҳо интихоб гардидаанд, умуман 150 депутат ба қайд гирифта шуданд.
Зикр шуд, ки бинобар натиҷаи интихоботи депутатҳо ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис оид ба ҳавзаи ягонаи интихоботии Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон – 25, Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» – 14, Ҳизби халқиву демократӣ – 13, Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» – 12, Ҳизби экологии Ӯзбекистон –10 ҷойи депутатиро ишғол карданд.
Бинобар ҳавзаҳои интихоботии якмандата аз ӮзЛиДеП – 30, аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» – 15, аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» – 9, аз Ҳизби халқиву демократӣ – 7, аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон – 6 депутат интихоб гардиданд.
Тобеияти ҳизбии 150 депутат, ки ба Палатаи қонунгузорӣ дар пояи овоздиҳӣ, ки барои ҳизб ва номзадҳо ба депутатӣ дода шудаанд, ба тарзи зерин аст:
аз Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либераливу демократӣ – 64 ҷой, ё худ 42,7 фоиз;
аз Ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий тикланиш» – 29 ҷой, ё худ 19,3 фоиз;
аз Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» – 21 ҷой, ё худ 14 фоиз;
аз Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон – 20 ҷой, ё худ 13,3 фоиз;
аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон – 16 ҷой, ё худ 10,7 фоиз.
Таъкид гардид, ки бинобар натиҷаи интихобот ҳайати палатаи поёнӣ анқариб 60 фоиз нав шуд. 38 фоизи депутатҳои интихобшударо занон ташкил доданд, ки ин дар таърихи Ӯзбекистон нишондиҳандаи олист. Ҳамаи депутатҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд, 15 фоизи онҳо дар хориҷа таълим гирифтаанд, 35 фоизашони дараҷаҳои илмӣ доранд.
Бори аввал се шаҳрванди ногиро депутат интихоб шуданд.
Аз ҷониби комиссияҳои интихоботии ҳудудӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ натиҷаи интихоби депутатҳо ба Шӯроҳои маҳаллӣ ҷамъбаст карда шуд. Тавре ки зикр гардид, бинобар натиҷаи интихоботи депутатҳо ба Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, депутатҳои шӯроҳои халқии вилоят ва шаҳри Тошканд, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ 59,2 фоизи ҳайати Шӯроҳои маҳаллӣ нав шуданд. 32,6 фоизи депутатҳои навинтихобшударо занон ташкил доданд.
Синну соли 4 фоизи депутатҳо – то 30, 39,5 фоиз – аз 30 то 45, 40,8 фоиз – аз 45 то 60, 15,7 фоиз – аз 60 сол ва аз он зиёдро ташкил медиҳад.
11,2 фоизи номзадҳои интихобшударо намояндагони миллатҳои зерин, ки дар кишвари мо зисту зиндагӣ доранд, аз ҷумла 175 тоҷик, 111 қазоқ, 33 туркман, 29 рус, 21 нафар қирғиз ва ғайра ташкил доданд.
93,3 фоизи депутатҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд, дар байни онҳо 36,2 фоиз – омӯзгорон, 18,2 фоиз – иқтисоддонҳо, 13 фоиз – муҳандисон, 7,6 фоиз – шифокорон, 5 фоиз – ҳуқуқшиносон, 20 фоиз – намояндагони соҳаи фарҳанг, соҳибкор ва фермерон ҳастанд. 138 нафар маъюбон депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ интихоб гардиданд.
Дар ҷамъомад масъала дар бораи тасдиқ кардани Қоида оид ба гувоҳнома ва нишони сарисинагии депутати Палатаи қонунгузорӣ, узви Сенат, депутати Шӯроҳои депутатҳои халқии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баррасӣ шуд. Бинобар масъалаҳои муҳокимашуда қарори дахлдор қабул гардид.
Муҳтарама Комилова,
хабарнигори ӮзА.
Хабарҳои дигар
МАНМАНӢ – ПЕШАИ ШАЙТОНӢ
Яке аз назди калоншавандае бо чеҳраи туршу димоғи сӯхта баромад.
НЕСТ АЙБ, ЭЙ ДӮСТОН, ҲУББУЛВАТАН!
Имрӯзҳо дар кишвари азизамон, аз он ҷумла дар Самарқанд низ 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври васеъ таҷлил мешавад, ки гузориши навбатии мухбирамон далели ин фикр аст.
ДАР ТУРКМАНИСТОН РӮЗҲОИ МАДАНИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН БАРГУЗОР МЕШАВАНД
Вазири фарҳанг Озодбек Назарбеков бо сафири Туркманистон дар Ӯзбекистон Шадурди Мередов мулоқот анҷом дод.
Ўзбекистон – АҚШ: масъалаҳои ҳамкории дутарафа дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Дар Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷонатан Ҳенник мулоқот доир гардид, ки ҳадафи он баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
РОҲБАРОН ДАР АВУЛҲОИ ДУРДАСТ
Ҳар сол дар арафаи Соли нав хабаргирӣ аз аҳволи зисти аҳолии авулҳои дурдаст, шунидани дарду ташвишҳои онҳо, чорабиниҳо баҳри ҳалли масъалаҳои пешистода дар вилояти мо ранги одатро гирифтааст.
ҶАШНИ ДӮСТДОШТАИ МАРДУМИ БУНЁДКОР
Дар маҷмӯи «Ҳумо арена»-и пойтахт ба муносибати ҷашни Наврӯз тантана баргузор гардид.
ТАШАББУСКОР ВА НАВОВАР БОШЕМ
Муроҷиатномаи навбатии Президент Шавкат Мирзиёевро ба Олий Маҷлис тамоми бошандагони мамлакатамон бо рӯҳбаландӣ истиқбол гирифтанд.
ОРАШИ КАМОНГИР КИСТ?
Ба ҳангоми яке аз сафарҳо ба Теҳрон дар Маҷмӯи таърихиву мадании Саъдобод, ки аз гӯшаҳои пурнафосату сарсабз ва дарахтзору босафо аст, муҷассамае дидам, ки қаҳрамоне дар даст тиру камон бовиқор баланд меистод.
ҶАВОНОН ҲАМЕША ДАР МАДДИ НАЗАР
Нутқи дар маросими мутантани бахшида ба бисту нӯҳумин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эроднамудаи Президентро, дар қатори дигар ҳамватанон, мо ҷавонон низ бо камоли майл шунидем.
ЖУРНАЛИСТИ ШУЪЛАВАР
Ҳар кор вақту соат дорад, албатта.
ТУҲФА БА ШАРАФИ ИДИ ИСТИҚЛОЛ
Дар ноҳияи Нишони вилояти Қашқадарё маҷмӯаи тиббие мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт, ки ба шарафи 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли Ватан аз таъмири кулл берун оварда шуд.
ФЕСТИВАЛИ КИТОБ БАРГУЗОР ШУД
Бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Қува барои тарғиб намудани мутолиаи китоб ва ҷалби бештари ҷавонони маҳаллӣ ба ин раванд фестивали китоб баргузор гардид.